Бахшҳо
06 апр 2012 05:22Дидгоҳи хос

ОЗМОИШ

Ҳатто эътирози як дӯстам, ки ҳар дафъаи аз бунгоҳҳои пулчинак гузашта бо нороҳатӣ пул пардохт карда "ҳаром аст!" мегӯяд, ҳеч мушкилеро бартараф намекунад. Зеро ин ҷо меъёр ҳалолу ҳаром нест, балки манфиат аст. Гузашта аз ин мисли як ҷангал, зӯртар бояд бештар луқмаро соҳиб шавад…

Ба назар мерасад миллати моро ҳама, ҳар касу ҳар хасе ба воситаи озмоиш табдил доданист. Маъмулан дар озмоишгоҳҳое, ки бар рӯи гунаҳои зинда таҳқиқот мебаранд, ба сифати воситаи озмоиш мушҳову харгӯшҳо интихоб шудаанд. Албатта, агар бархе шабоҳатҳо дар бофти аъзои бадани ҳамаи гунаҳои зиндаро сарфи назар кунем ва аз диди ҳикмат бингарем, дар ҳамин интихоб низ хеле панду андарз метавон пайдо кард. Вале ҳоло сухан сари ин мавзӯъ нест. Зеро бар инем, ки ишорае гузаро ба табдил шудани миллати мо ба воситаи озмоишҳо дошта бошем.

Шояд яке аз муваффақтарин озмоиш ба нафъи тарроҳони ин озмоиш пулакӣ шудани ягона роҳи иртиботии ҷануб ва шимоли кишвар бошад. Ҳамаи коршиносон ва ҳар инсони соҳиби андеша гуфту мо ҳам такрор мекунем, ки барои пулакӣ кардани як роҳ мутобиқи меъёрҳои роиҷ дар ҷаҳони мутамаддин ва ҳуқуқҳои аввалияи инсон бояд роҳи дигар ё ҳамон роҳи алтернативӣ вуҷуд дошта бошад. Яъне, ин аввалин шарти вуҷуди адолат аст, ки ҳар инсон ҳақ ва имкони интихобро дошта бошад. Аммо бо пулакӣ кардани ин роҳ як бори дигар озмоиши гирифтани ҳақи интихоб аз мардум гузаронда шуд. Ҳоло хелеҳо ба ин одат кардаанд ва тарроҳони озмоиш рӯз аз рӯз бештар соҳиби сармояи бодоварду ҳангуфт мешаванд. Ҳатто эътирози як дӯстам, ки ҳар дафъаи аз бунгоҳҳои пулчинак гузашта бо нороҳатӣ пул пардохт карда "ҳаром аст!" мегӯяд, ҳеч мушкилеро бартараф намекунад. Зеро ин ҷо меъёр ҳалолу ҳаром нест, балки манфиат аст. Гузашта аз ин мисли як ҷангал, зӯртар бояд бештар луқмаро соҳиб шавад…

Шояд як озмоиши дигар, ки огоҳона ва ё ноогоҳона дар ростои шикастани руҳи ҳақталабӣ ва адолатхоҳӣ пиёда шуда, ин таи чанд соли ахир дар вақтҳои муайян аз нерӯи барқ маҳрум кардани мардуми кишвар буд. Албатта аксари сокинони пойтахт аз ин мушкил таи соли ахир камтар азият мешаванд. Ба ҳар сурат дар асри 21 дар як кишваре, ки беш аз 60 дар сади оби як минтақаро дар ихтиёр дорад, яъне имкони фаровони тавлиди барқ ҳаст, аз барқ маҳрум кардани мардумро ба ҷуз озмоиши сабри онҳо ва ё озмоиши шикасти рӯҳияи талош барои зиндагии инсонвор ва дар фаровонӣ, чизи дигаре наметавонад тавҷеҳ кунад.

Таҳқири бештар дар ин чанд рӯзи ахир шояд ин як изҳороти хеле содаи сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" бошад. Албатта бояд таъкид шавад, ки дар ҳайрат омадани ҳамватанони мо аз бидуни эълон бардошта шудани маҳдудият дар интиқоли барқ барои сокинони манотиқи мухталифи кишвар худ як таҳқир ва натиҷаи дилхоҳ додани озмоиш дар ин росто буд. Гӯё кори муҳиме карда бошанд, ки аз "Барқи тоҷик" иллати бардоштани маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқро мепурсанд ва сухангӯи ин ширкат мисли ҳамеша дар камоли содагӣ мегӯяд: "ҳанӯз лимит барҳам нахӯрда, аммо чун имконият даст дод, фақат ба таври озмоишӣ интиқоли барқ ба манотиқи мухталиф бе маҳдудият анҷом гирифт".

Худоё! Дигар интиқоли барқ ҳам барои мо озмоишӣ сурат мегирад. Мо барои имтиёзҳо фароҳам овардан ба мардуми кишвар озмоиш намегузаронем, балки озмоиш мекунем, ки то чӣ ҳад мардум ба мушкилоту норасоиҳо метавонад тоқат биёрад. Ҳар вақте хостем барқро қатъ мекунем ва ҳар вақте диламон озмоиш кардан бихоҳад нархи барқро боло мебарем. Албатта баъзан тавҷеҳ ҳам дуруст мекунем ва дар ин маврид дастакамон талаботи бархе ниҳодҳои молии байналмилалист.

Гӯё онҳо тақозо доштаанд, ки барои сармоягузорӣ дар бахши сохтани неругоҳҳо ва тавлиди барқ бояд нархи барқро ба нархҳои ҷаҳонӣ баробар кунем. Ин шояд барои онҳо лозим бошад, зеро сатҳи рифоҳ дар он минтақаҳо хеле болост ва бо вазъи бихӯру намури мо ҳеч қобили қиёс нест, онҳо ҷои кори зиёд доранду мо нерӯи корӣ ва бекории зиёд дорем ва гузашта аз ин ҳама дар кишвари аксари онҳо барқ ба қимати хеле боло тавлид мешавад. Аммо дар мо муҳимтарин воситаи тавлиди барқ, яъне об хеле фаровон аст ва албатта ин ягона манбаъест, ки мо фаровон дорем. Пас, мантиқ бар он далолат мекунад, ки мо ҳақ дорем худамон дар ин маврид тасмим бигирем ва воситаи озмоиш набошем, балки барқи тавлидиро бо нархи арзон ба мардум бидиҳем. Имтиёз додан ба мардум шояд яке аз беҳтарин озмоишҳо барои ҳар ҳукумате бошад. Зеро ин боиси муҳаббати мардум ва тақвияти пуштувонаи мардумӣ мешавад. Шояд вақти он расида, ки дар ин росто чанд озмоиш гузаронда шавад?

Дарвоқеъ, бархе қудратҳои ҷаҳонӣ, ки дар минтақаи мо ба дунболи таъмини манфиатҳои худашон озмоиши фаровоне амалӣ мекунанд, аз ҷумла силоҳҳояшонро озмоиш мекунанд, роҳҳои шикастани руҳи истиқлолхоҳӣ ва озодихоҳии миллатҳоро озмоиш мекунанд, ба издиҳом табдил кардани миллатро озмоиш мекунанд, хуллас аз ин даст озмоишҳои зиёдеро ба ҳар роҳе, ки анҷом медиҳанд, ба назар мерасад, як озмоиши дигареро нисбати кишвари мо амалӣ месозанд. Яъне аз як сӯ бо кишварҳои ҳамсояи мо пинҳонӣ суҳбатҳо карда қарордодҳо мебандад ва ҳамзамон бо ин барои ҷалби таваҷҷӯҳи доираҳои сиёсӣ ва афкори умумӣ ину оне аз он кишвари манфиатталаб ба Тоҷикистон сафар мекунад ва бо мақомоти тоҷик мулоқот анҷом медиҳад. Расонаҳои мо бошанд, чӣ давлативу чӣ хусусӣ дар ин бора менависанду менависанд.

Албатта ҳеч кас фикр ҳам намекунад, ки шояд пушти пардаи ин сафар асроре нуҳуфта бошад. Зеро мо дигар барои фикр кардан зарурате намебинем. Бар ин натиҷа расидаем, ки касе ба ҷои мо фикр мекунад ва ҳамаи ташаббусҳо бояд ба касе тааллуқ гирад.  Мо ҳама мисли муш ё харгӯши озмоишгоҳӣ ҳастем. Бигзор дигаре ба ҷои мо фикр кунад ва озмоишҳояшро бар рӯи мо анҷом диҳад.

Шояд ман хато мекунам? Шояд озмоише несту ин навишта худ як озмоишест?

Зафари СуфӢ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)