Бахшҳо

“Додихудоев муҳаққиқи Исмоилия аст, на таблиғгар!”

Сунатулло Ҷонбобоев, номзади илмҳои фалсафа, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ

Дар ин мақола ба таври фушурда фаъолияти чандинсолаи олими соҳаи таърихи фалсафа, доктори илм, узви вобастаи Академияи Илмҳои Тоҷикистон, профессор Х.Додихудоев, муаллифи чандин асару китобҳои фундаменталӣ дар соҳаи таърихи фалсафаи тоҷик ва назария фарҳанги ҷаҳонӣ дида баромада мешавад.

Устоди улуми фалсафа Хайёл Додихудоев аз зумраи насли ниҳоят серғайрату сермаҳсули файласуфоне ба мисли М.Диноршоев, К.Олимов, А.Муҳаммадхоҷаев, М.Хазраткулов ва диг. аст, ки дар замони шуравӣ баъд аз устод Алоуддин Баҳоваддинов дар Тоҷикистон ба арсаи фаъолият омаданд ва ин вазифаи ниҳоят душвор ва масъулияти сангини таҳқиқоти илмиро сарбаландона адо карданд. Устод Хаёлбек Додихудоев ҳарчанд дар донишгоҳ дар риштаи таърих таҳсил дошта буданд, вале ба сабаби роҳнамоии устодони чирадасти фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ки он вақт номи В.И.Ленинро дошт ва ҳоло Донишгоҳи милли Тоҷикистон аст) аз ибтидо ба илми фалсафа ва мушаххасан ба таърихи фалсафа рағбати бесобиқа пайдо кард ва ӯро риштаи адабиёти бой ва дар айни замон фалсафаи то ҳанӯз пурра кашфнашудаи исмоилӣ, ки дар таърихи халқи тоҷику форс мақоми хеле муҳиро иҷро мекард ва осори падари адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рудакӣ, ҳуҷҷатулҳаққ Абуалӣ Сино, ҳуҷҷатулислом Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва чандин дигар нобиғаҳои шеъру адаби тоҷик бо ин наҳзати ақливу миллӣ алоқамандии зич дорад, ба худ сахт ҷалб намуд. Мавриди зикр аст, ки муҳити то андозае озоди аврупоие, ки дар фазои донишгоҳҳои он замон дар Тоҷикистони шӯравӣ ҳукмрон буд ва бо ба сабаби ҷанги ҷаҳонии дуввум беҳтарин мутахассисони Маскав ва Ленинградро ба Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Тоҷикистон омада буданд, ба ин мусоидат менамуд. Ин муҳити барои он замон хеле илмӣ ва ҳирфаӣ буд, ки бо истифода аз он Х.Додихудоев ва донишҷуёни ҷавон аз овони донишгоҳӣ ба ғайр аз дарсҳои тахассусӣ дар гирдиҳамоиҳову семинарҳои илмӣ иштирок намуда, дар риштаҳои мақбул мақола менавиштанду гузоришҳо мекарданд ва бо ин дар зеҳну ҳофизаи устодон эҳтироми хосе касб карда буданд.

Баъд аз хатми муваффақонаи донишгоҳ чанд вақте дар мактаби муттаваситаи зодгоҳашон шуғли касби муаллимӣ карда баъдан ҳамон устодони донишгоҳӣ ӯро ба пойтахт даъват намуда, барои кор дар риштаи фалсафа ба Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон ташвиқ намуданд.

Ҳангоме ки Х.Додихудоевро ба Шӯъбаи Фалсафа даъват карданд, дар ибтидо ба ӯ роҳи осони «таҳқиқот», яъне бархӯрди атеистӣ ба фарҳанги исломӣ, аз ҷумла бо ҳаракати исмоилия ҳамчун мазҳаби диниро пешниҳод карданд, ки он вақт ин кор бисёр роиҷ буд ва ағлаби олимон аз пушти «атеизми ҷанговар» соҳиби вазифа, мол ва чоҳу ҷалол мешуданд ва баъдан аз тариқи ҷамъияти таблиғотии «Дониш» маблағҳои бузургро ҳам соҳиб мешуданд, зеро арзиши маъвизаҳои атеистӣ дар муқоиса ба дигар мавзӯъҳои дигари илмӣ ба маротиб бузургтар буд. Ба ғайр аз ин барои эҷоди симои ақибмондагӣ ва то ҳатто сиёҳи дини Ислом ва мазҳабу равияҳои он ҳар гуна ҳангоматалабҳо, ба мисли Марко Полои саёҳи афсонапардози итолиёвӣ ва дигар намояндагони юришҳои масеҳӣ замина гузошта буданд. Бояд эътироф намуд, ки хушбахтона устод Хаёлбек Додихудоев бо ин роҳ нарафтанд, ӯ риштаи таърихи фалсафаро ихтиёр намуданд, ки он дар он давра имконият фароҳам меовард, ки кори илмӣ ва худи олим аз «сиёсатзадагӣ» ва пойбанди фақат як идеология будан ба андозаи имконпазир берун бошад ва андешаҳои нибатан мустақил дошта бошад. Бояд ёддошт намуд, ки ин ҳамон руҳияи озодии нисбие буд, ки баъд аз «баҳори хрушчёвӣ» ва оғози давраи брежневӣ дар солҳои шастуму ҳафтодум дар доираи як чаҳорчуб, ки муҳаққиқони таърихи фалсафаи мо аз он бархӯрдор буданд. Вале бояд эътироф намуд, ки он замон ҳам на ҳама гуна олим метавонист, ки аз ин озодӣ истифодаи оқилона барад. Бояд гуфт, ки барои аз фасодзадагии «идеологӣ»-и давр халос шудан аз олими замони шуравӣ ҳаддиаққал се сифат ё фазилати инсонӣ талаб ва тақозо карда мешуданд: 1) виҷдони пок, 2) ақлу тафаккури расо 3) иродаи қавӣ.

Хушбахтона, Хаёл Додихудоев ҳамаи ин се сифатҳоро ба таври барҷаста дар ягонагӣ дар худ таҷассум намуда буданд. Боиси зикр аст, ки сифатҳои зикргардида ҳанӯз ҳам ёвари устоданд, зеро воқеияти зиндагӣ чунин аст, ки дар сурати набудани яке аз ин се сифат дар акси ҳол он ду сифати дигар корношоям мегардиданд, ё олим ба он натиҷае ки зарур буд, намерасад. Тавҳамии ин се сифат ва хислати устодро тамоми шогирдони кафедраи фалсафаи АИ Тоҷикистони онрӯза, ки устод Додихудоев баъд аз ҳимояи бомуваффақонаи рисолаи номзадӣ сарварии ин кафедраро ба уҳда дошта буданд ва ҳоло аксарияти ин шунавандагони сабақҳои устод олимони варзидаи илмҳои гуногунанд, тасдиқ карда метавонанд. Дар замони истиқлолият баъди чанд муддате, ки устод Х.Додихудоев ифои вазифаи раиси Институти Улуми Инсонии АИ Тоҷикистон дар Бадахшон ва баъдан раиси Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ мекарданд, ӯ ба ташкили муассисаҳои нави илмӣ, таъмини шароити кору ҷой барои устодону шогирдони донишгоҳ дар ин гушаи дурафтодаи кишвари тоҷик, ки он вақт хеле масъалаи мушкил буд, машғул буданд ва дар ин роҳ дар ҳақиқат заҳмати зиёдеро кашиданд. Ба ғайр аз кор дар таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон ҳамагон медонанд, ки натиҷаҳои илмии устод Хаёлбек Додихудоев дар риштаҳои фалсафа ва фарҳанг хеле чашмрас буданд.

Бояд гуфт, ки кореро, ки Х.Додихудоев дар давоми солҳои 70-80- уми асри гузашта, дар замони ҳукмронии бесобиқаи системаи якҳизбии коммунистӣ анҷом дода буданд, бесобиқа аст, зеро дар асл ин кор баробари кашфи як замини наве буд барои илм, ки он фалсафа ва адабиёти тамоили исмоилия доштаи тоҷик буд. Устод Додихудоев дар ин давра асарҳои фундаменталие дар риштаи таҳқиқи таърихи фалсафи исмоилия ба вучуд овард (Х.Д. Додихудоев. Очерки истории философии исмаилизма. Душанбе. 1976. Х.Д.Додихудоев. Философия крестьянского бунта. Душанбе. Дониш. 1987), ки ҳоло бо эътирофи аксари одамон ва намояндагони доираҳои илмӣ дар донишгоҳҳову пажуҳишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ роҳнамои омӯзиши ин ҷараёни ақлгаро, имонпарвар ва дар баробари ин озодандеши мардуми мо гардидаанд. Истифодаи фаровони маводҳову хулосаҳо илмӣ ва тасдиқи андешаҳои профессор Х.Додихудоевро дар нашри охирини китобу мақолаҳои олимони хориҷӣ, аз қабили Ф.Дафтарӣ (Англия), А.В.Смирнов, Е.А.Фролова (Россия) ва ватанӣ Р.З.Назариев, С.Ҷонбобоев (Тоҷикистон) ва ғ. дидан мумкин аст. Х.Додихудоев, муҳаққиқи ин ҷараёни фикрӣ, ки ҳамвора бо вуҷуди ҳазорҳо мушкилоти сиёсии таърихӣ, мазҳабӣ, фарҳангиву ҷаҳоншиносӣ бо қалби шикастнопазир мақоми ин ҷараёни фикриро дар дифо аз мақоми илму фалсафа дар тамаддуни исломӣ (дар мисоли давраи фотимиёни Миср), дифо аз арзишҳои миллӣ ва ватанпарастӣ дар муқобили юришҳои салибии фарангиҳо, ва ҳамзамон аксуламал дар муқовимат бо салҷуқиҳо ва муғулҳои ғосиб (ба мисли ҳаракати Ҳасани Саббоҳ, ки Мирзо Фаталӣ Охундов ӯро «қаҳрамони милли Эрон» хонда буд ва фаъолияти фалсафӣ ва адабии Сиҷистониву Муаййяди Шерозӣ, Кирмониву Носири Хусрав дар Хуросону Мовароуннаҳр) мекард. Дар ин масир агар аз тамоми осори Носири Хусрав сарфи назар бикунем, «Девони ашъор»-и ӯ ё ақкалан ишора як байти аллома ва ҳуҷҷатулислом Носири Хусрав аз он кофӣ аст, ки ҳадафҳои милли мардуми сарзаминҳои Эрони шарқиву ғарбӣ, фазилати фарҳангу забони форсиву тоҷикиро бароварда созад, ки он «…Ман онам ки дар пои хукон нарезам, Мар-ин нақди дурри дариро…» буд. Устод борҳо аз муҳаққиқони фалсафаи точик даъват ба амал оварда буд, ки барои бунёди ба ном «фалсафаи миллӣ» аз осори ин гуна муттафаккирон истифодаи бештар шавад.

Воқеияти он замон чунин буд, ки андозаи озодие, ки муаррихони фалсафа доштанд, дар он замон дигар файласуфон ва ҷомеашиносон надоштанд, (барои мисол, олимони соҳаи «атеизми илмӣ», «коммунизми илмӣ», «материализми диалектикӣ ва таърихӣ») чӣ тавр метавонистанд, ки аз хатти маш ё роҳи «генералӣ» ва муайянкардаи Институти Марксизм ва Ленинизми Маскав берун раванд, аз раҳбарии ноодилона (золимона)-и Федосеев озод бошанд? Ин нукта шояд мавриди баҳс бошад.

Ҷустуҷӯи равандҳои миллатхоҳӣ дар осори фалсафаи гузашта доимо дар маркази диққати устод буданд. Ин масъала устод Додихудоевро дар солҳои истиқлолият водор сохт, ки ба мавзӯи фалсафаи миллии тоҷик, мақоми забону хатти тоҷикӣ ру биёварад ва дар ин ришта оид ба унсурҳои фарҳанги миллӣ дар фалсафаи исломии асрҳои миёна силсалаи мақолаҳо ва баъдан рисолаеро иншо намоянд (Х.Додихудоев. Цивилизация и культура. Душанбе. 2007; Хайёлбек Додихудоев.Философский исмаилизм. Душанбе. 2014). Дар навтарин асари худ, ки номаш дар боло омадааст, Додихудоев исбот мекунад, ки исмоилия як бахш ва унсури ҳаётан муҳими фарҳанги маънавии халқи тоҷик аст.

Фалсафа аст ва аз таърихи фалсафа ва муаррихони он бори душвори расолати пайванди наслҳо ва аслҳоро чандин даҳсолаҳо бар души худ доштаанд. Дар замони шуравӣ, ки ба мероси фарҳангии мардумони бумии мусулмон хати бутлон кашида шуда буд ва дар баробари зиёиёни зиндаи он замон номи файласуфони гузаштаашро (аз қабили намояндагони аҳли калом, исмолия, тасаввуф, ҷадидҳо ва ғ.) ба феҳрасти «душманони халқ» дохил карда буданд, ин корнамоии муаррихони фарҳангу фалсафаи тоҷик буд, ки аз номи мутафаккирони мусулмон унвони «мутафаккири иртиҷоӣ!, яъне реакционные мыслители»-ро бардоштанд ва симоҳои бузурги фарҳанги исломиро ба мардум муаррифӣ карда баргардониданд, аввалан мероси онҳоро бо хатти сриллӣ баргардон ва бо таҳлилу шинохти нав ба мардум пешкаш намуданд.

Пайдо кардани манбаи илҳом барои пешрафти минбаъда маҳз кори муарихони таърихи фалсафа аст. Вале маҳз манбаи илҳом, на тақлид кардани кур-курона аз осори гузаштагон . Ҳоло ҳатто дар сатҳи доираҳои адабиву илмӣ баъзе шахсиятҳоеро пайдо намудан мумкин аст, ки ҷомеаро ба сӯи гузашта, ба қабули гайриинтиқодии ақидаҳо ва арзишҳои асрҳои миёнаи мо даъват мекунанд ва ягона роҳи халосӣ аз мушкилоти равонӣ, иҷтимоӣ ва то ҳатто иқтисодии ҷомеаро дар бозгашт ба гузашта мебинанд, ки дар асл худ андешаи солим аст. Бояд таъкид намуд, ки бардошт аз бойгонии маънавии гузашта бояд ки ба таври мунтахаб ва оқилона бошад, на тақлидкорона. Таърих, чунонки маълум аст ду бор такрор мешавад, яке дар шакли фоҷиа ва дигаре дар шакли мазҳака (К.Маркс) ва барои мисол басанда аст, ки ба гирду атрофи худ як назари кӯтоҳ дошта бошем ва аз инқилобҳои исломӣ, ки ба ҷуз муқовимати нобаробару фоҷиабор ва ноуҳдабароёна бо абарқадратҳои импералистӣ ба натиҷаи дигаре нарасиданд: ҳоло мебинем, ки тамоми озодиҳои фардии мардум қурбони нақшаҳои муқовиммати нобаробар ва гайриоқилона бо қудратҳои Ғарб гаштаанд. Мо набояд тақдири миллати худро ба боз ба як мазҳакаи дигар табдил бидиҳем ва дар ин кор ҷомеа ба сухани муҳаққиқону таҳлилгарони замони ҳозира ва инчунин осори гузашта эҳтиёҷ дорад, ки аз гузашта чӣ гуна дарсҳо гирифта шавад. Муҳаққиони таърихи фалсафа, аз ҷумла Х.Додихудоев борҳо огоҳ намуданд, ки вазифаи таърихи фалсафа фақат бозгуи мазмуни рисолаҳои асримиёнагии фалсафӣ нест, балки шарҳу тафсир ва таҳлили идеяҳои онҳо аз тариқи усулҳои муосири таҳқиқ аст. Мо бояд аз осори гузашта андешаҳои зиндаро барои пешрафт истифода барем, айбу нуқси осори гузаштаро ру ба ру гӯем, аз он барои замони мо бардошти оқилона дошта бошем. Дар акси ҳол устод хотирнишон мекунанд, ки мо ҷомаеро аз сари нав ба ҳолати асримиёнагӣ мерасонем, ба сатҳи тафаккуре ки ба ҷомеаҳои деҳқонии (аграрии) гузашта ба мисли Афғонистони ҳозира…Ба гузашта бояд чун ба манбаи илҳом ба умеди ояндаи накутар нигарист, на бо чашмони баста ва дилҳои реш барои пайвастан ба он аз сари нав…!

Осор ва навиштаҳои устодони фалсафа, аз ҷумла Х.Додихудоев собит мекунад, ки таърихи фалсафа фашанги дифо аз ақлгароӣ (рационализм) ва мактаби бузурги тарбияи тафаккур аст. Тафаккури фалсафӣ, бо вуҷуди он ки мансубият ба илми назарӣ дорад, хоҳу нохоҳ пойбанди зиндагии воқеӣ аст, аз ин рӯ гоҳе ба қудрати ақли инсонӣ имон меорад, гоҳе роҳи шакку шубҳаро пеш мегирад, то ки аз қолабҳои фикрии ҳукмрон берун шавад, гоҳе бо илмҳои амалӣ ҳамкорӣ мекунад, аз мушоҳида ва таҷруба кор мегирад, гоҳе баръакс, майдони фаъолиятро ба дунёи хаёлҳо (тахайюл) медиҳад, ба санъату адабиёт ва устураву дин ру меорад ва аз онҳо дар озодииҳои фикрии худ аз қолабҳои кӯҳнаву шахшуда кумак мехоҳад. Вале тафаккури фалсафӣ бо вуҷуди каллавишхои дуру дароз боз бармегардад ба тафаккури ақлониву ақлгаро ва онро бо имкониятҳои наве ки дар риштаҳои дигари воқеияти ҳаёт пайдо кардааст, бой мегардонад ва ба суолҳои муҳимтарини замони худ ҷавобҳо меҷуяд ва пайдо мекунад.

Вакте ки Мишель Фуко дар бораи камбудиҳои ратсионализми Декарт, ки заминаи фалсафаи замони Нави Аврупоро бунёд гузошта буд ва бо ин роҳ барои инкишофи илму саноати он чун такони бузург хидмат намуд, сӯҳбат мекард, ӯ бар зидди ратсионализм ба таври умум намебаромадааст. Баръакс ӯ нишон дод ки чӣ гуна дар давраҳои минбаъда қудратҳои сиёсӣ дар заминаи ратсионализм режимҳои маҳдудкунӣ ва изоляция (ба мисли девонахонаҳо, касалхонаҳои касалиҳои руҳӣ ва ғ.,)-ро ба вуҷуд оварданд, ки мақсади онҳо на ҳама вақт мақсадҳои ҳал намудан ва расонидани кумакҳои ичтимоӣ ба мардум будааст, балки бештар онҳо чун режимҳои назорат аз болои мардум гашта буданд. Бояд ба назар гирифт, ки ҳар гуна низоми фикрӣ, аз ҷумла ратсионализм маҳдудиятҳои хоси таърихӣ доранд. Таърихи гузашта нишон медиҳад режимҳои худкомаву тоталитарӣ барои нигоҳдороии қудрати сиёсӣ ва назорат аз болои мардум аз ҳар гуна низоми фикрӣ истифода бурда метавонанд, чӣ ақлгароиву чӣ ирфониву мистикӣ. Чунин мисолро дар таърих овардан мумкин аст, ки мардумро аз тариқи механизмҳои ирфониву мистикӣ (афсонаҳои ирқи ориёӣ) идора мекарданд.

Устод Х. Додихудоев аз мӯҳтавои исмоилия ҳамчун ҳаракати ба худ хоси фикрӣ ва андешаи фарҳанги исломӣ огоҳии комил дорад. Ӯ ҳаргиз ба таблиғгари мазҳаб табдил нагардидаст ва то охир дар сатҳи муҳаққиқ ва олим ба таври вокеъбинона аз аслҳои ақлгароёна ва инсондустонаи ин наҳзати фикрӣ дифо мекунад ва ба ҷиҳатҳои бо гузашти замон куҳнашудаи он ишораҳо мекунад. Дар баробари ин ин олими борикбин нишон медиҳад, ки ҳаргуна ҳаракати фикрӣ ҳалли ягон мушкилотеро нишон медиҳад, ки ибратбахш аст, вале он наметавонад, ки ба тамоми мушкилоти инсониятро ҳал бикунад. Устод Додихудоев ду саҳми мактаби исмолияро барои тамаддуни исломӣ ва таърихи фалсафа махсусан зикр мекунад, ки яке аз онҳо ин усули таҳлили исмоилиён, ки бо номи «таъвил» машҳур аст, ки аз тариқи он ҳар гуна сарчашмаҳои муқаддаси диниро метавон аз нигоҳи ақл шарҳу тафсир дод ва доираи танги «такрор»у тафсир (аз доираи Сансара) баромада ба натиҷаҳои бештар ва навтар расидан мумкин аст. Ин усули таҳлили матн, ки дар илми ҳозира усули ҳерменевтика ном дорад, аслан ҳама гуна мамониятро аз байн мебарад, барои навоварӣ роҳ мекушояд ва дар ниҳоят зиддияти байни илм ва динро аз байн мебарад. Ба ҳамин роҳ масъалаи навгонӣ ва эҷодкорӣ, он чи дар ислом бо номи «бидъат» бадном карда шудааст, роҳи то андозае қонунии худро дар каломи исмоилия пайдо кардааст. Бояд зикр намуд, ки дар осори Х.Додихудоев ҳоло мавқеи марказӣ таҳлили исмоилияи фалсафӣ дорад, ки дар он асарҳои муҳими намояндагони исмоилия, аз қабили ан-Насафӣ (ки бо номи Нахшабӣ дар таърих маълум аст), Абу Яъқуби Сиҷистонӣ, Абу Ҳотими Разӣ, Ҳамидуддини Кирмонӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Низории Кӯҳистонӣ ва ғ., мутафаккироне, ки дар баробари мактаби энсиклопедии «Ихвон ус-Сафа» имконияти ҳамоиши сулҳомези илм (фалсафа) ва динро, ки худ дар назария ва амалия нишон дода буданд), масъалаи раҳбариятро дар ислом ва ғайраҳоро баррасӣ мекарданд. Мақоми ин гурӯҳи мутафаккирон барои замони худ ва барои мо аз он иборат аст, ки онҳо барои таъбир, тафсир ва таъвили ботинии сарчашмаҳои муҳимтарини дини Ислом (Қуръону ҳадис) саҳм гузошта буданд, ки он заминаро барои ба вуҷуд овардани назарияи илоҳиёти салбӣ ва инкшофи як намуди илми герменевтика, яъне барои таъмини ниёзҳои нави иҷтимоӣ ҷустани маъниҳои нав дар сарчашмаҳои қадимӣ роҳ кушоданд.

Нуктаи дигар ин назари устод Хайёл Додихудоев дар мавриди назарияи ҷомеашиносии исмоилиён аст, ки таълимоти исмоилияро ба таври системанок омӯхта ба хулосае омад, ки саҳми ин ҷараён дар шинохти олам ва ҷомеа хеле бориз аст, зеро дар ин таълимот мақоми вақту замон хеле муҳим аст, аз ин рӯ асоснок намуд, ки консепсияи ҳаракатро дар таърих ва мавҷудияти ҳаракати иҷтимоӣ онҳо ба таври бориз нишон додаанд, ки дар фалсафаи мусулмонӣ то ин вақт он қадар ба назар намерасид ва гумон мерафт ки барои фалсафаи Шарқ умуман ва фалсафаи асримиёнаи Ислом ин консепсия бегона буд. Мутафаккирони исмоилӣ консепсияи давродаврии таърихро дар либоси исломӣ пешниҳод намуданд, ки мувофиқи даврабандии динҳои ҷаҳонӣ сохта шуда буд, ки барои афкори фалсафаи таърих ва фалсафаи иҷтимоӣ хеле ҷолиб менамояд. Ин масъала то устод Хаёлбек аз тарафи муҳаққиқон ба таври илмӣ омӯхта нашуда буд, ки баъдан дар байни олимон ҳаводорони бисёре пайдо намуд. Дар таҳқиқоти минбаъда Х.Додихудоев бисёр ақидаҳои нодуруст, стериотипҳои маъмули таърихӣ ва фалсафиро дар бораи ин ҷараён рад намуда воқеияти масъаларо бо далелҳои мӯътамад исбот намуд ва саҳми бузурги мутафаккирони исмоилиро дар инкишофи афкори фалсафӣ ва мазҳабӣ нишон додааст.

Боз як ҷиҳати муҳими таҳқиқоти Х.Додихудоев дар он аст, ки ӯ таҳаввули фикрии худро дар шинохти масоили фалсафаи исмоилия ба таври воқеӣ ба қалам меорад, ӯ аз иштибоҳҳое ки пештар худ ва дигарон дар баррасии масъалаҳо дошта буданд, чашм намепӯшад. Дар корҳои минбаъдаи худ аз ҷумла ӯ таҳаввул (эволюция)-и ҷараёни исмолияро ошкор мекунад ва мебинад, ки ин ҷараён дар рафти таърих лаҳзаҳои гуногунро аз сар гузаронидааст, ӯ мегуяд, ки мо бояд чун объекти омӯзиш фалсафаи исмоилияро аз амалияи исмоилия ҳамчун ҳаракати сиёсиву мазҳабӣ ҷудо карда омӯзем, ӯ равишҳои ибтидоии ин ҷараён, ҳаракатҳои тундрави он (қарматиҳои Яман, Баҳрайн, баъзе давраҳои фаолияти исмоилиёни қалъаи Аламут) ва инчунин равишхои эътидолии онро (дар мисоли қарматиҳои давраи аввал, исмоилиёни хилофати Фотимӣ, осори мутафаккирони исмоилии Эрону Осиёи Миёна (масалан Носири Хусрав ва ғ.) ҷудо мекунад. Дар баробари ин устод дар чанд соли охир дар масъалаи равобитҳои байни исмоилия ва тасаввуф таҳқиқоти наве анҷом дода истодааст, ки сухани тозае дар таърих фалсафаи тоҷик хоҳад буд.( История таджикской философии (с древнейщих времен до ХV в.), в 3-х томах. Том 2. Под общей редакции А.А.Шамолова. Душанбе, Дониш. 2002. Стр. 196-373) . Дар ҳақиқат исмоилия дар давраҳои гуногуни таърих, алалхусус дар замони муғул ва шиддат ёфтани фишорҳо ба он баъди шикасти қалъаи Аламут ва ғ.) дар либоси тасаввуф ҷилва мекард. Ин нуктаро ҳануз Ибни Халдун дар «Муқаддима»-и худ баён карда буд, ки исмоилияи Эрон барои пайдоиши тасаввуфи эронӣ саҳми боризе доштааст. Чунон ки устод дар китобу мақолаҳои дар солҳои охир нашргардидаи худ менависад, беҳтарин намунаи равобити натиҷабахши байни исмоилия ва тасаввуф ин исмоилияи низории куҳистони Бадахшон (носирия) аст (ки ҳоло он ба чор қисмат тақсим шудааст), ки саршори омезиши унсурҳои исмоилӣ ва тасаввуфӣ мебошад, ки то ҳанӯз дар суру маросимҳои мазҳабии ин минтақаи фарҳангии халқҳои тоҷику эронӣ ба ҷо оварда мешаванд.

Таърихи фалсафа ба мисли илмҳои дигар абзори фикр аст, муаррихи фалсафа бо матнҳо сару кор дорад ва ӯ наметавонад, ки ба ҷои одамоне ки аз он истифода мебаранд, ҷавобгар бошад. Бояд ба назар гирифт, ки фалсафаи давраи исломӣ ба коди тафаккури фалсафии мардумони мо даромадааст, ба мисле ки фалсафаи масеҳият ба тафаккури аврупоиён даромадааст, вале албатта ин маънои онро надорад, ки мо бояд фақат дар доираи парадигмаи ин фалсафаи таърихӣ боқӣ бимонем, аз таҷрибаи давраҳои минбаъдаи таърихамон, аз ҷумла таърихи давраи шуравӣ даст кашем ва дар давраи истиқлол ҳеҷ кори навоваронае накунем. Дар бисёре аз ин мактабҳо мақоми инсон ва ақли инсонӣ ба дараҷаи баланд баҳогузорӣ, кушишҳои шарҳи пешрафти ҷомеа ва ғ. карда мешавад. Дар мисоли таҳқиқоти Х.Додихудоев дидан мумкин аст, ки ин осор бояд ба таври бояду шояд, ҳам дар сатҳи омузиши матнҳои асл ва ҳам дар сатҳи таҳлилу таҳқиқи ҳамаҷониба омӯхта шавад. Бояд мактабҳои нав ва консепсияҳои нави фалсафа дар заминаи омӯзиши системаҳои фикрии ҷаҳонӣ бо дарназардошти таҳлилҳои таърихӣ ва муосири ҳаёти воқеии минтақаи худ парадигмаҳои нави илмӣ ва фалсафӣ эҷод намуда тафаккури мардумони мамлакатро дар доираи он инкишоф дод. Воқеан дар давраҳои минбаъдаи таърих ин коре хоҳад буд, ки файласуфон Зигмунд Фрейд ва Мишел Фуко дар Аврупо ба анҷом дода буданд. Вале бубинед, ки Зигмунд Фрейд то ҳатто аз имкониятҳои интеллектуалии мифологияи Юнони қадим (дар мисоли комплекси шоҳ Эдип) чи гуна устокорона истифода мебарад! Аз ин рӯ мероси фарҳангӣ ин сармоя ё капитали иҷтимоӣ аст, онро ба таври бояду шояд қадр намуд, аз он истифодаи оқилона бурд, вале ба ҳеҷ ваҷҳ албатта онро мо набояд ба фетиш (бут) табдил бидиҳем, ба он саҷда намоем ва балки бо истифода аз методологияи навтарини таҳқиқи илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ барои ҳаёти ҳозираву оянда маъниҳои нав ба нав биҷуем. Чунон ки Носири Хусрав дар «Хон ул-ихвон»мегуяд, «…кор он вақт бештар кунанд, ки маънии он бидонанд».

Маълум аст, ки тафаккури авомонаи мардум ва қабатҳои таҳтушшуури ҷомеаи мо аз ривояту афсона ва тамсилу образҳои орифонаву тарбиявӣ саршор аст ва баъд аз шикасти сохти шуравӣ ва суст шудани таъсири ситемаи ҳамаро фарогирандаи илму маориф ҷомеаи суннатии мо ниёзи бештаре ба тарбияи илмӣ ва ақлгаронаро дорад ва заҳмати муаррихони фалсафа ба тафсири оқилонаи ин мерос нигаронида шудааст, на ба таблиғи дин ва афзудани таассуботи мардум ва аз воқеияти ҳаёт дур намудани онҳо. Зигмунд Фрейд мегӯяд, ки кори табдил додани қисмати таҳтишуури тафаккур ба қисмати бошуур ба кори одамоне монанд аст, ки заминҳои биёбонро ба заминҳои корам табдил медиҳанд. Ин вазифа фақат вазифаи муаррихони фалсафа нест, балки вазифаи ҷонии тамоми доираи васеи равшанфикрон, муаллимон, духтурон , олимон ва файласуфон ва ғ. аст ва намунаҳоро барои ин кор дар осори пурқиммати устодони фалсафа, аз ҷумла устод Х.Додихудоев пайдо кардан мумкин аст.
Мӯҳр
Газоли дар як рисолааш доир ба фалсафаи аклгаро е аклгарои, ба омезиши андешахои фалсафии юнониен бо афкори дигар адени шарки дар нигориши исмоилиен чавобхои котеъонаи илми дода, инкорашон карда буд. Дар урфият мегуянд: "Хуштар он бошад, ки сирри дустон, гуфта ояд аз забони дигарон". Агар Хаелбек Додихудоев вокеан лоики таърифхои фавкулзикр мебуданд, дар интихоботи ба вукуъ омада увони академикии Акдемияи илмхои ЧТ-ро касб мекарданд.

мухлис
Хакикат мисли устод мухакик дар сохаи фалсафа то кунун хаст нашудааст ва на хохад шуд.

Салом! Интизори беҳтарин мавзӯъҳои фалсафа астем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)