Бахшҳо

Убайдуллоев ба гирдиҳамоии тоҷирони “Ином” иҷоза надод

Ҳукумати шаҳри Душанбе ба дархости саҳҳомони бозори "Ином"-и ноҳияи Шаҳритӯс барои баргузории гирдиҳамоӣ посухи рад додааст.

Аз шаҳрдории Душанбе, имрӯз, 18 ноябр ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки аризаи саҳмони бозори "Ином"-ро мавриди баррасӣ қарор дода, расман посухи радди шаҳрдорӣ ба Санавбар Абдуллоева, молики бозори “Ином” расонида шуд. Абдуллоева дар суҳбат бо "Озодагон" изҳор дошт, ки шаҳрдорӣ гӯиё ба далели нақзи моддаҳои алоҳидаи қонун дар бораи гирдиҳамоиҳо ба дархости мо посухи рад дод, аммо мушаххас накарданд, ки кадом талабот риоя нашудаанд: "Баъди маслиҳат бо ҳуқушинос ва муайян кардани далелҳо мо дубора ба шаҳрдорӣ муроҷиат мекунем."

Саҳмдорони бозори "Ином" санаи 13 ноябр бо навиштани номае аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе дархост карданд, ки ба онҳо иҷоза диҳад, то 3 декабри соли равон дар назди бинои Суди олии иқтисодии Тоҷикистон гирдиҳамоӣ гузаронанд.

Саҳмдорон изҳор доштанд, ки сабаби даст ба гирдиҳамоӣ заданашон дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ва “бесалоҳиятӣ"-и Додгоҳи олии иқтисодӣ дар мавриди баҳси онҳо бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад.

Баъди баҳсҳои тулонӣ миёни хонаводаи Абдуллоевҳо ва додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев дар хусуси ҳаққи моликият доштан ба бозори “Ином”, моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор баровард, ин бозор миёни ҳарду ҷониб баробар, яъне, 50 ба 50 тақсим шавад, ки ин норозигии саҳомони бозорро ба миён овард.
Мӯҳр
Мехр
Апаи Санавбар гирдихамоиро чо мени, дар хамин давраи кризис 50 ба 50 нормалниаи. Камтари дигар мехнат кун, Худо хохад боз зиёд меша.

Убайдулоев шарм намедори оо дар расия рафта даг дага задед ки биёд мархамат бо рохи конуни кор кнед , шумо андактартн мухолифатро тахамул карда наметавонед аз як тазохуротча ки шахрвандони хамин диёранду мехоханд хукуки худро бо востаи ин тазохурот иброз доран метарсед , боз кушодани хизбро бо рохи конуни ичозат медихед :))))

макс
Мехр,
[бародар барои чи 50 50 будааст занак хизьат кардаги хакаша талаб кардос

Адолат
Пас чаро конуни гирдихамоихои осоиштаро кабул кардед? Убайдуллоев шумо нисбатан аз бисёрии раисону вазирони режими рахмон босаводтару кавонини демократия ва талаботи конуну адолатро медонед, кисми зиёди умр рафт, тарафи конун, адолат ва халкро гиред,

Мехр
Макс. Мн аз баромадои пешинаи хамин занак ба хулоса омадм, ки апа худаш вакташба ба хамин точикбача муомилаи пулию моли кардаги, ваиро крыша гирифтаги, истифода бурдаги ва албатта бозор аз худату буху бгард гуфтаги, одат кунонидан ва имруз ба хотири оринчаша нигох доштан, сабр ва мехнати дучанд кунад. Дигаронро ба игво накашад. Аламаш накунад, вай факат худаш ба хамааш гунахгор аст.

zarafshoni
яке аз бесаводтарин хокимони шахр аст . Кани мэри шахр ба монанди худо рахмат Максуд Икромов мебуд. Дар кучахои шахр бо микроавтобус мегашт. Ин бе 5-10 мошин хамрох гашта наметавонад. Шумо якбор дар мачлисхои хукуматии шахр бо иштироки ин иштирок кунед баъд мефахмед кучои ин шахс босавод. Факат дар дахонаш дашном ба у фарк надорад дар мачлисгох занхо хузур доранд.

ЧАНОБИ ИКС
Ба мс: Рузе зи сари санг укобе
ба хаво хост
Аз бахри тамаъ болу оари хеш
биёрост.
Бар ростии бол назар карду чунин
гуфт:
Им руз хама зери замин зери пари
мост.
Гар авч бигирам бипарам аз назари
шед,
Мебинам агар заррае андар таги
дарёст
Гар бар сари хошок яке пашша
бичунбад,
Чунбидани пашша аён дар назари
мост.
Бисёр мани карду зи такдир
натарсид.
Бингар, ки аз ин чархи чафопеша чи
бархост.
Ногах зи камингах яке сахткамоне
Тире зи казову кадарандохт бар у
рост.
Бар боли укоб омада он тири
чигарсуз,
В-аз абр мар уро ба суи хок фуру
кост.
Бар хок биафтоду бигалтид чу
мохи,
В-он гох пари хеш кашид аз чапу аз
рост.
Гуфто;ачаб аст ин ки зи чуб асту зи
охан,
Ин тезию тундию париданш кучо
хост.
Бар тир нигах карду пари хеш дар у
дид,
Гуфто;зи ки нолем, ки аз мост,ки
бар мост.
Хуччат ту маниро зи сари хеш бадар
кун.
БИНГАР,БИНГАР БА УКОБЕ ,КИ МАНИ КАРДУ
ЧИХО ДИД!!!!!!!! angry

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)