Бахшҳо

Кабирӣ занҳои ҳиҷобпӯшро ба қолабшиканӣ даъват кард

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бонувони ҳизбашро ба ширкати фаъолона дар интихоботи парлумонии соли 2015 даъват карда, онро беҳтарин фурсат барои шикастани қолабҳои таҳмилшуда болои занҳои рӯсарипӯш донистааст.

Раиси ҲНИТ дар вохӯрии рӯзи 18 ноябри худ бо бонувони ҳизбаш гуфтааст, “интихобот беҳтарин фурсат барои қолабшиканӣ мебошад ва ҳар нафар бояд гӯяд, "Ман ҳастам”, зеро вақте, гуфтем ман ҳастам, бояд ҳуқуқи ман арзишҳои ман эҳтиром дошта бошад, пас касе наметавонад сари роҳи инро бигирад!”

Оқои Кабирӣ аз ҳошияронии занҳои рӯсарипушу либосҳои миллию исломӣ ба баркунанда дар ҷомеаи мадании тоҷик нигаронӣ карда, аз ин қишри занон даъват кардааст, фаъол бошанд: “Имрӯз як хоҳари исломӣ ҳақи бо ҳиҷоб рафтан ба донишгоҳро надорад. Ҳатто наметавонанд ба масҷид раванд. Дар ҷои кори бообрӯе мисли бонку идораҳо наметавонад бо ҳиҷоб кор кунад. Коре карданд, ки зани ҳиҷобпӯш ва он зане, ки мехоҳад бо либоси милливу исломиаш зиндагӣ кунад бояд дар ҷомеа ҳузур надошта бошад. Дар парлумон набошад, дар вазорату бонк набошад. Ҳатто дар кӯчаҳои марказӣ низ мегӯянд, кушиш кунед, бо ин либосҳо нагарданд. Яъне, зани ҳиҷобпӯш бояд фаъол набошад, мутаассифона мо низ инро қабул карда истодаем. Яъне занҳо низ қабул кардаанд, ки бояд дар як ҳошия бошанд. Дигар дар ҷомеаву саҳна буданро ба худ раво намедонанд. Бояд қолабе, ки золимона болои хоҳару зани тоҷик таҳмил кардаанд, шикаста шавад”,- афзудааст ӯ.

Раҳбари ҳизби исломии Тоҷикистон ноумедию нобоварӣ ба интихоботҳоро омили аслии афзоиши ифротгароӣ ва инкори қонунии фаъолиятҳои сиёсӣ дар ҷомеа дониста, таъкид кардааст, “вале вазифаи мо ин аст, ки ба ҳукумат фаҳмонем, бо ин фишору маҳдудиятҳо иштибоҳ карда истодаанд. Ва он хоҳарону ҷавононро умедвор кунем, ки ба майдон ворид шаванд ва аз дасти таққалубкорон, ки ҳам қонунро вайрон мекунанду ҳам ҳуқуқи башарро, ҳақи худро бигиранд".


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мехр
Аз пушти "Ман хастам"-и Шумо кариб буд, ки Мо нестем шавем. Як маротиба бо муллохо колабшикани кардед, то хозира чаму гир карда нашидесаиш, боз ин маротиба сари занхоро гаранг кардесаи.

Равгани
Занхои содалавх асоси аьзоёни хизбро ташкил медиханд бо чанд фоиз мардони эхсосотии содда Кабири аз хисоби онхо зада гаштост хизб дорам гуфта.

oдил.
Худоё тавба. Ин гапро ки гуфта истодааст. Як занро дар сатхи рохбарикунандаи хизбатон рох намедихеду боз гап мезанед Гунахкор кардани Хукумат осон. Лекин аввал ба худатон назар кунед. Вай занхо худашон хам эхсос кардаанд, ки гап дигару кор дигар, факат интихобот ки наздик шуд, баъд ба ёдатон мерасанд. Ин тактикаи Шумо аллакай ба чомеа маълум. Бехтараш ягон чизи дигар фикр кунед. Колабшикан!

Дизайнер
Кабири агар дар аксхо бериш боша, симпатичний ийгитаи.

Хамном, домони Бобоназарова нашуд-чи? боз пушти домони модарону хохарони мо вохима кардан мехохи? Дувум кадом либоси миллиро шумо дар назар доред? Магар пушти мову шумо араб аст? Як бор хиёнат кардед бас, монед миллат созем. Хохиш.

Патриот
Хукумат Ту хоби магар? ин Кабири революция карданист. хушёр шавед!!! ин пропаганда аст

САИД
Охир мардуми мо то он дарача гумрох шуданд, ки намедонад ки чи мегуянд! Охир ин гапи Кабири нест ки модарони моро имруз руймолашона мегиранд Ин сухани Аллох аст охир то ба кай зулм идома меёбад модар хохари мо то ба кай дар чои кор сари луч кор мекунад то кай тарки сатри исломи мекунанд?!!!

точик
Фабрикаи чавоб бо номхои харранга дар Озодагон низ лона карданист чи?????

Сухани хаккро гуфтен чаноби Кабири. Ин хукуматдорон намехоханд занхои мусулмон фаъоли чомиьа бошанд. Бояд зану марди мусалмон хакки худро нагузоранд каси бесавод поймол кунад.

Мехроб
Сатри исломи кардан,ин амри ПАРВАРДИГОР аст.Нафароне,ки фахмиш надоранд ба онхо расонданиям,ки КУРЬОНИ МАЧИД ба забони точики тарчума шудааст,гирифта хонанд ва ба онхо фахмо мешавад,ки сатри занон чи маьни дорад. Сатр либоси арабхо нест., либоси тамоми мусалмонхо мебошад.

Аввалаш ин ки хар як зани мусулмон покиза ва хуб шуда, аз пайи шавхар ва тарбияи фарзандонаш шавад. Дуюмаш ин ки ХНИТ бо чалби занон ба сиёсат ва истифода бурдани занон ба манфиати худ машгул аст. Кабири мегуяд, ки занхо ба масчид намераванд. Зан ба масчид рафта дар назди мардхои бегона хаму рост шавад, оё ин дуруст аст? Холо дар кучахо мебинем, ки духтарони хичобпуш бисёранд, аъзоёни ХНИТ хамааш хичобпушанд, ба Кабири боз чи даркор, хамаро хеч вакт хичобпуш карда намешавад. Бо ин рох бадном кардани Хукумат рохи пешгирифтаи ХНИТ аст

100% рост гуфтааст чаноби Кабири!

Мухтарам чаноби Кабири ин охирон шанси Шумо аст.Дар интихоботи президенти хама корро ба харч додед,ки куввахои солим хатто кандидатураи худро пешниход намоянд.На худатон пешво шудеду на ба Зоиров мондед.Рузи интихобот хатто ба Туркия гурехта рафтед.Нафахмидем мавкеъи сиесии Шуморо.

Мусалмон
Оқои Кабирӣ дигар чӣ кор карданашро намедонад, дар интихоботи президентӣ як занро пеш-пеш карда худаш ба ҷо шуд, акнун иғвои навбатӣ дар интихоботи парлумонӣ.

Muslim
Мехр,

Афсус ки ба номи Меҳр ҳам неамеарзи ту мехоҳи ки модар ва зану хоҳарони ту мисли Аврупои гарданд ва дигар мардхо онҳоро диққат бидиҳанд .....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)