Бахшҳо

Шарипов ба журналисти рус: Мо не, Шумо ифротгароӣ мекунед!

Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” дар муроҷиатномае ба журналист Владимир Соловёв ӯро дар ифротгароӣ ва барангехтани хусуматҳои қавмӣ муттаҳам кардааст.

Ин муроҷиатнома дар пайи як барномаи Соловев дар радиои FM-и Русия навишта шудааст. Ба қавли Каромат Шарипов ин журналист дар шоу-барномаи “Полный контакт” Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик”-ро гуруҳи ғайриқонунӣ ва ҷинойӣ номида, ҷонибдорони онро дар яҳудибадбинӣ ва экстремизм муттаҳам кардааст.

Дар ин барнома, ки ба гуфтаи ҷаноби Шарипов ба мавзӯи манфиатҳои соҳибони бозори “Садовод” ва маркази савдои “Маскав” бахшида шудааст, журналист аз василаи дуруғ кор гирифта, ҳомиёни ҳуқуқ ва муҳоҷирони тоҷикро “банда” номидааст: “Ҳақиқат ин аст, бозори Черкиз, ки тоҷикон онҷо ғулом буданд, аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия баста шуд ва соҳибони он ба бозори “Садовод” рафтанд. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар “Садовод” низ ба ҳайси аробакашони беҳуқуқ истифода мешаванд”.

Дар идома ӯ бо шарҳи ин ки ҷунбиши онҳо як иттиҳоди ҷамъиятӣ асту “бар пояи низомномааш ҳадафҳои муфиди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дорад”, гуфтааст, он дар базаи Ҷунбиши “Неруҳои миллӣ-ватандӯстонаи Русия” бо сарварии Ш.Д.Дзоблаев таъсис ёфтааст. Дар идома мегӯяд, ҷунбиши “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” дар Вазорати адлияи Русия сабт шуда, қонунҳои ин кишварро риоят мекунад. Ӯ мегӯяд, агар Соловёв як маротиба ба торнамои ҷунбиши онҳо ворид мешуд ва ҳадди ақал панҷ бахши онро боз мекард, шояд аз чунин изҳори назар худдорӣ меварзид.

Ва аммо дар идома оқои Шарипов мегӯяд, аз нигоҳи тантанаи адолат ин ҳақро дорад, ки Саловёвро дар экстремизм ва барангехтани хусуматҳои қавмӣ муттаҳам кунад: “Шумо худро яҳудӣ мегӯед, ман тоҷикам ва мо бояд ба кишвари мардуми рус бо эҳтиром муносибат кунем. Рафтори шумо ва нақши довари маъсумро бозиданатон дар шоу барномаи телевизионӣ бо Владимир Соловев миёни оилаи славянӣ шикоф ба вуҷуд меорад. Барномаи Шумо провокатсионӣ аст. Он дар ҷомеаи русӣ таниш ба вуҷуд оварда, сабаби бадбинӣ ва доғ шудани зиддиятҳои байни миллатҳои ин кишвар мешавад”.

Владимир Соловёв дар гузашта ҳам барои изҳори назар дар мавриди шахсони алоҳида ва намояндаи миллатҳо борҳо мавриди интиқоди шадид қарор гирифта ва чандин маротиба суханҳояш ӯро то долонҳои додгоҳ бурдаанд. Аз ҷумла, соли 2008 корманди дастгоҳи иҷроияи президенти Русия Валерий Боев дар мавриди ҳимояи шаъну шараф аз рӯйи ӯ ба додгоҳ шикоят бурд. Соли 2011 Ҷамъияти яҳудиёни Озорбойҷон барои суханҳои Соловёв ба раҳбарияти радиои “Вести FM” нота ирсол кард. Моҳи июни 2014 тоҷири рус Сергей Полонский барои ҳифзи шаъну шараф аз рӯи ӯ ба як додгоҳи Маскав шикоят бурд. Ва ахиран дар моҳи августи соли равон дар феҳрасти таҳримии Украина шомил шуд.
Мӯҳр
Мехр
Жириновский ва Соловёви Яхудтабори ифротгаро, аз тарси он ки Точикон мавкей онхоро дар Русия танг насозанд, ба корхои игвогарона даст мезананд.

аз бозори садавод
Агар аробакашхо хамчун аробакаши бехукук истифода шаванд аз мусерчикхо ки дифо мекунанд ва нагуфтед ки хам мусерчико ункадр мусер е партовхое ки дар садавод мешавпд хаминхо до сохатхои даху ездахи Шаба шишта мусер мекашанд ва хамин ммусерчикхо мутаасифона чандин мохако шудаст ки ойликакошона нагирифтанд.

ыа
Ин арбоакшо хамаш чмошникан. Хеч кас бояд хукуки онхоро дифоъ накунад. Мард бошанд, чмо намешаванд.

Ана хамон Зиракии Сиёсигуихо ба кор омада истодаанд. Дар барномахои Новостии Россия бе фоида ва бе мавкеъ Каромат Шарипову мухочирони точикро танкид намекунанд. Ин барои яхудтаборону яхудпаврастону натцистони рус фоидаовар ва закасной аст. Криминалхои дигар кавму милатхо дар Урусистон коре мекунанду гунахкор точики бечораи бесавод. "Хурмати калонсолонро кун"- мегуянд ба у. Харчанд он калонсол нодуруст бошад хам ... Точики бесавод, ки дар кишлокаш вазъгуихои ду чаламуллоро шунидаю ба гайр аз лахчаи гапзании кишлоки худ ягон забони байналмилалиро намедонад, хам дар Точикистон ва хам берун аз он доимо калтак мехкурад. Ана баъд дилу гурдаи набудаашро фурухта, ба Сурия ба "чиход" меравад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)