Бахшҳо

Ғайриҳукуматиҳо ҳукуматӣ мешаванд?

Атохон ҒАНИЕВ

Созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон (СҒҲ) як ҷузъи таркибии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон буда, фаъолияти онҳо, аз ибтидои солҳои навадуми асри гузашта оғоз ёфт. Дар аввали солҳои 2000 шумораи СҒҲ аз 3000 низ гузашт. Ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар амалӣ сохтани лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ фаъолона саҳм мегирифтанд.

Вале бо шурӯи “инқилобҳои ранга” дар Гурҷистону Қирғизистон ва Украина, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ҳамчун сабабгорони асосии бенизомӣ ва ташкили “инқилобҳои ранга” муаррифӣ шуданд ва табиист,ки дар аксари кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон фаъолияти онҳо нисбатан маҳдуд гардид.
Соли 2007 Қонун”Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ҳукми амал гирифт ва дар асоси он ки фаъолияти бисёре аз СҒҲ ба ин Қонун мувофиқ набуд, шумораи онҳо хеле ихтисор гардид. Соли 2012 парлумони Русия қонун “Оид ба агентҳои хориҷӣ”-ро қабул намуд ва дар асоси ин қонун созмонҳои ғайриҳукуматии Русия вазифадор шуданд, ки дар сурати ҳамкорӣ бо созмонҳои хориҷӣ ва гирифтани маблағ ба шакли грант аз онҳо худро чун “агентҳои хориҷӣ” муаарифӣ кунанд. Ин қонун аксуламали шадиди созмонҳои ҷамъиятии Русия ва кишварҳои дигари дунёро ба миён овард.

Алакай беш аз чанд сад СҒҲ- Русия дар зимни ин қонун муҷозот шуда, маблағҳое зиёде ба шакли ҷарима ба буҷаи давлат супориданд. Ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик Рустам Гулов қаблан дар блоги худ навишт, дар Вазорати адлияи Тоҷикистон лоиҳаи қонуне мавриди омӯзиш қарор дорад, ки зоҳиран ба қонун “Оид ба агентҳои хориҷӣ”-и Русия шабоҳат дорад.

“Дар блоги ман сухан аслан дар бораи лоиҳаи қонун “Оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” мерафт. Азбаски он лаҳза номи аниқи лоиҳаи қонун маълум набуд, ман ин ибораи русиро истифода бурдам. Аз он сабаб ман инро гуфтам,ки ҳадаф ва чораҳои татбиқсозии ин қонун ба қонуни Русия “Дар бораи даровардани тағйирот ба баъзе актҳои қонунгузирии Федератсия Русия дар қисми танзими фаъолияти созмонҳои ғайритиҷоратии ба амаловарандаи нақши агентҳои хориҷӣ” як ҳастанд. Худи лоиҳа бо воситаи ҳамкасбонам ба дасти ман расид ва акнун ман гуфта метавонам, ки ягон хубиро аз ин тағйироту иловаҳо интизор шудан мумкин нест”,- изҳор дошт Рустам Гулов.

Сергей Никитин, сарвари намояндагии созмони дифоъи ҳуқуқи байналмилалӣ дар Русия гуфтааст, қонун “Оид ба агентҳои хориҷӣ”, ки Русия қабул намуд, созмонҳои ғайриҳукуматиро бӯғӣ мекунад. Беш аз ҳазор СҒҲ мавриди тафтишот қарор гирифта, даҳҳо ташкилот огоҳнома гирифтанд. Баъзе аз созмонҳои маъруфи дифоъи ҳуқуқ ҷаримабандӣ гардиданд ва фаъолияти бархе аз онҳо қатъ шуд”. Ҳуқуқшиноси тоҷик Рустам Гулов мегӯяд, баъди қабули қонун “Оид ба агентҳои хориҷӣ” дар Русия мавҷи тафтишот ва фишор болои созмонҳои ғайриҳукуматӣ, хусусан созмонҳои дифоъи ҳуқуқро фаро гирифт. “Дар кишвари мо, ки аксар вақт таҷрибаҳои манфии ҳукумати Русияро нусхабардорӣ мекунад, муносибати некро нисбат ба СҒҲ баъди қабули ин қонун наметавон интизор шуд.

"Мувофиқи тағйироту иловаҳое, ки Вазорати адлия пешниҳод мекунад, боз як механизми фишор ба СҒҲ дар шакли сохтани Феҳристи ягонаи давлатӣ барои қайди лоиҳаҳои ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба вуҷуд хоҳад омад. Ва чунин хоҳад шуд, ки ҳеч як лоиҳа наметавонад, амалӣ гардад, агар аз қайди Феҳристи мазкур нагузашта бошад. Ин аллакай ба таври воқеӣ механизми амалӣ сохтани сензураи давлатӣ нисбати СҒҲ аст. Ҳар шахси солимақле, ки маскуни Тоҷикистон мебошад мефаҳмад, ки чӣ гуна дар кишвари мо ҷараёни ба қайдгирии ташкилотҳои гуногун сурат мегирад. Вобаста ба ин рушан аст, ки созмонҳои зиёде, ки фаъолияти онҳо барои ҳукумат номатлуб аст, ба ин феҳраст роҳ намеёбанд. Инчунин, набояд фаромӯш кард, бисёр созмонҳои “дурӯғин”-е мавҷуданд, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ барои ҳимояи ташкилотҳои давлатӣ таъсис ёфтаанд",-изҳор доштааст Сергей Никитин.

Маҳз онҳо аввалин шуда чун намуна меъёрҳои ин қонунро дар сурати қабул шуданаш риоя мекунанд, ки дар навбати худ барои қабули чораҳо нисбат ба созмонҳои дигари ҷамъиятӣ ки ба меъёрҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқии ин қонун розӣ нестанд ва ва амалишавии онро инкор мекунанд, замина хоҳад шуд. Ана дар ҳамин лаҳза шабоҳати ин қонун бо қонуни дар боло зикршудаи Русия ошкор мешавад ва нисбат ба ташкилотҳое, ки аз қайд кардани лоиҳаи худ дар ин феҳраст сарпечӣ мекунанд, чораҳо андешида мешаванд. Ва тавре таҷрибаи солҳои 2011-2012 нишон дод, Вазорати адлия дар ин ҳолат такаллуфи бисёре накарда, дарҳол талаб мекунад, ки фаъолияти онҳо қатъ гардад.

Барои созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон, ки фаъолияти онҳо аксар ба маблағгузориҳои ташкилотҳои байналмиллалӣ ва хориҷӣ вобастааст, қабул шудани ин қонун монеаҳои ҷиддӣ ворид месозад. Ба қавли Рустам Гулов, ин тағйироту иловаҳо дар қонуни нав маҳз барои душвор сохтани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, қабул хоҳад шуд, то барои самаранок фаъолият бурдани онҳо монеаҳои ҷиддӣ дар шакли бесасос афзун намудани меъёрҳои бюрократӣ эҷод кунанд. Зеро ба касе пӯшида нест, ки созмонҳои ғайриҳукуматӣ бинобар кам будани кашолкориҳои бюрократӣ дар фаъолияти хеш нисбати ташкилотҳои давлатӣ ва ҳатто созмонҳои тиҷоратӣ муваффақтаранд.

Маълумот дар бораи сарчашмаҳои маблағгузории иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ пӯшида нест ва дар шакли ҳисобот ба идораи андоз пешниҳод мегардад. Аммо Вазорати адлия ваколати ҷамъоварии маълумот нисбат ба фаъолияти молиявию хоҷагидории созмонҳои ҷамъиятиро надорад. Аз ин рӯ суоле ба миён меояд, ки ба Вазорати адлия чӣ зарурате ҳаст, ки созмонҳои ҷамъятиро водор созад, то ба он маълумотномае пешниҳод кунанд, ки вазорати мазкур дар асоси оинномаи худ бо онҳо коре карда наметавонад.

Посух ин аст, ки ба ин восита Вазорати адлия барои созмонҳои ҷамъиятӣ монеаҳои ҷиддӣ сохта, садди пиёда сохтани фаъолияти касбии онҳо мегардад. “Дар сурати амалӣ нашудани талаботи онҳо замина барои қатъ гардидани фаъолият пайдо хоҳад гардид, хулосабарорӣ намуд”,- Рустам Гулов.
Мӯҳр
Ачоиб икдомест! Охир кисми зиёди ташкилотхои чамъияти ба фоидаи чумхури кор мекунанд. Баъдан, ба чумхури асъори хоричи дохил мешавад. Ва дар охир, корбарандагону иштирокчиёни лоихо барои зиндагиашон пул меёбанд! Магар Вазорати адлия дигар кори заруртаре надорад, ки Конунхои Руссияро дар мо чори кунад?

Darvesh
Magar dar davlati mo Vazorati adliya vujud dorad??????

Косим
Ин кори вазорати адлия кори хайр аст. Хамин аксари ташкилотхои гайридавлати, тавре Ш. Зухуров гуфт, шпионхои хоричианд. Раванд хонаи худашонро обод кунанду мардуми моро игво наандозанд. Зери никоби демократия онхо барои мо ДЕРМОкратия меоранд, фахш таблиг мекунанд, хамчинси меомузонанд, гуе озодии сухан - муковимат бо хукуматро ед медиханд.
Ва ин хукукшиноси калбаки Гулов хам сайташро тибки гранти хамин ташкилотхо сохтааст ва онхоро тарафдори мекунад. Рустам, давай, досвидания!
Ман чонибдори кабул ва амалишавии ин конун!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)