Бахшҳо

ВИДЕО: Пешниҳод барои гузоштани ҳайкали қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ

Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири райисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, замоне мерасад, ки ба хотири қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳайкал мегузоранд.

Иброҳим Усмонов, дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, ки шоми дирӯз, 27 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гуфт, “боварӣ дорам, замоне дар Тоҷикистон қудрате пайдо мешавад, ки новобаста аз он ки қудрати ҷамъиятӣ аст, ҳукуматӣ аст ва ё дигар, як ҳайкали сулҳе месозанд, ки ба ин ҳайкали сулҳ мардум барои хурсандии ин замонашон ба хотири фавтидагони ин ҷанг сари таъзим меоранд”.

Роҳбари фонди “Гуфтугӯи тамаддунҳо” пешниҳод кард, зери ин ҳайкал китобе бошад ва дар он исми афроде, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кушта шудаанд, сабт гардад. Иброҳим Усмонов дар идома гуфт, “мо дар пайи тартиб додани феҳристи нафароне ҳастем, ки дар ин ҷанг кушта шудаанд. Дар ин рӯйхати мо на тарафдори ҳукумат аст ва на тарафдори мухолиф, танҳо ном, соли таваллуд, ҷойи таваллуд, вақти вафот ва ҷойи вафот аст”.

Ба қавли мушовири пешини райисҷумҳури Тоҷикистон то имрӯз 2000 ном ҷамъоварӣ гардидааст ва ин раванд идома пайдо хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар як суханронӣ теъдоди қурбониёни ҷанги шаҳрвандиро ҳудуди 157 ҳазор гуфта буд.

Фонди “Гуфтугӯи таммаддунҳо” моҳи октябри соли 2012 аз ҷониби Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири президенти Тоҷикистон бо ҳадафи таҳқиқи ҷанг ва сулҳи тоҷикон таъсис шуда, моҳе як ё ду маротиба бо иштироки чеҳраҳои саршинос маҳфил мегузаронад.


Мӯҳр
55
Бисер як пешниходи хуб ва саривакти аст, бояд ин ёдгори чунин бошад ки хеч як насли ояндаи точик ин вокеахои мудхишро фаромуш накунад ва оромию якпорчагии кишварро хама вакт нигох карда хеч вакт дигар тиру камон ба даст нагирад.Ахсан устод!

пулод
пениходатон хуб аст ба шарте ки яктарафа набошадпе

Собир Душанбе
Як пкшниходоти беманию бемантик аст.ки харочоти зиедати дораду халос.Ба чои едгори мондан китоби Кенчаев.С ба пурраги сузонед.ки як нусхаи он намонад.Баьдан ин хайкал чиро ба насли оянда мефамонад? Ое ин нишон медихад.ки мо чи тавр миллатро хароб кардему шумо аз мо ибрат гиред? Имруз на ба онхо хайкал мондан зарур балки тамоми он кумандонхоро новобаста аз кадом тараф буданаш барои зарари модию-маьнави ба миллат расоданаш дар руихати сиехи таьрих мондан даркор.то насли оянда бифамад.котилони миллатро.Магар онхо ба миллат хизмате карданд?Ое инхо ба сари миллат узбаку русу афгону арабро наоварданд?Ое бо ин ачнабихо инхо хуни миллатро нарехтанд барои пулу мол? Хар ду тараф лоики хурмат нестанд.ва таьрих ин гуна одамонро намебахшад.Хозир хам миллати бечора аз дасти пайравони он муборизон хуни чигар хурда истодаанд.Ки буданд он чохилхо.дуздхо.горатгархо.одамкушхо.ки боз хайкал монанд барои онхо.Иллохо чояш дар хар ду дуне дузах бошад

Окил
Домулло Усмонолв Шуморо ба фикрам ороми намефорад Хизмате ки шумо кардед арзанда аст Дар чанги бародаркуш танхо авбошу дуздон иштирок карда одамони дорои акли солим аз каьбии Осими Исхоки Гуломов баринхоро нест карданд Ое месазад ки ба авбашон арч гузорем Шумо бузургед домулло

Иброхим Усмоновро СТАРЧЕСКИЙ МАРАЗМ домангир аст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)