Бахшҳо
28 ноя 2014 23:10Ҳуқуқи инсон

Талаби фарзандон: Овозхониро бас кун!

Мӯъмин АҲМАДӢ

Фарзандони як овозхони ансамбли “Фалак” аз ӯ хостаанд, ки тарки ин пеша кунад ва боқии умрашро дар ибодати Худованд гузаронад. Сароянда мегӯяд, ки аз ин касбаш дил канда наметавонад ва умедвор аст, ки фарзандонаш ӯро мефаҳманд.


Фарзандони муҳоҷири як фалаксарои тоҷик аз падаршон хостаанд, то сарояндагиро канор гузошта, боқии умрашро кунҷи масҷид гузаронад. Сафар Қодиров, сарояндаи ансамбли “Фалак”-и вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки 53 сол дорад, мегӯяд, ба ин дархости фарзандонаш посухи рад дода, гуфтааст, аз ҳунари худ дил канда наметавонад. Ин фалаксарои тоҷик мегӯяд, фарзандонаш дар Тоҷикистон аз ӯ чунин тақозо намекарданд, вале бо ҳиҷрат ба Русия андешаашон тағйир ёфтааст. Сафар Қодиров мутмаин аст, ки фарзандонаш ӯро дарк мекунанд. Ин сароянда мегӯяд: “Гуфтанд, ки падар, бас аст, дигар овозхонӣ.Синну солат ба ҷое расидааст. Мо туро ба ҳама чиз таъмин мекунем ва фақат рафта дар масҷид намозҳоятро бихон. Мо мусалмонем. Албатта, намозҳоямонро мехонем, вале овозхонӣ ҳеҷ ҷои бадӣ надорад, ки онро тарк кунем. Дарк мекунам, ки бо тарки фалаксароӣ зиндагӣ бароям мушкил хоҳад шуд. Фарзандонамро фаҳмондам ва умедворам, ки маро хуб фаҳмиданд.”

Ба андешаи ин фалаксаро, гурӯҳҳое талош мекунанд, фарзандони ӯву даҳҳо нафари дигарро дар Русия аз роҳ бизананд, вале ӯ бовар дорад, ки фарзандонаш роҳи баде нахоҳанд рафт. Аз се писари Сафар Қодиров дуяш дар Русия муҳоҷир буда, дар сохтмон кор мекунанд. Дар як тамоси телефонӣ писарони ин сароянда изҳор доштаанд, ки ҳар як фарзанди мусалмон аз падари худ чунин дархост мекунад. Ҷамшед Қодиров, фарзанди ин сароянда гуфт, синну соли падараш ба ҷое расидаву беҳтар аст, агар ӯ боқии умрашро дар ибодати Худо бигузаронад ва зиндагиашро онҳо таъмин хоҳанд кард: “Намозҳояшро бихонад, бас аст. Мо худамон ҳоло аз дастамон кор меояд ва имкони хӯронидану пӯшонидани падарамонро дорем.”

Ин дархости фарзандони фалаксаро аз падарашон Сафар Қодиров дар ҳолест, ки нигарониҳо аз мазҳабӣ шудани ҷавонон дар Русия ва ихтилоф бар сари шеваи кору зиндагии наслҳои наву кӯҳна дар Тоҷикистон бештар шудааст. Бахши умдаи муоҳиҷирон баъди солҳои кор дар Русия бо афкори дигар ба хонаводаҳои худ бармегарданд ва талош мекунанд, ба шеваи зиндагии хонаводаашон таъсир гузоранд.

Дар гузашта низ мавридҳои таҳти таъсири ақидаҳои мазҳабӣ тарки саҳна кардани ҳунармандони тоҷике мушоҳида шудааст. Аз ҷумла овозхонҳои маъруф Маликаи Саид ва Меҳрубони Равшан баъди сафари Ҳаҷ тарки ин пеша карданд. Маъруф Ҷӯраев, ки таронаҳои эстрадӣ мехонд, ҳоло, бино ба гуфтаи наздиконаш, қории "Қуръон" шудааст. Амаки Меҳрубони Равшан - Ҳотами Равшан - низ баъди гароидан ба ақидаҳои динӣ танҳо таронаҳои сӯфиёна мехонад ва он ҳам танҳо дар ҳалқаи дӯстону наздикон.

Маркази назарсанҷии “Шарқ”, ки ахиран пажӯҳишеро дар байни ҷавонони муҳоҷир дар Русия анҷом дод, ба хулосае расидааст, ки ҷавонони тоҷик бештар дар ғурбат ифротгаро мешаванд, то дар Ватани худ. Ҳафтаи гузашта муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Акрам Амонов ҳам гуфт, аксари ҷавонони тоҷике, ки дар Сурия меҷанганд, дар Русия ба доми танзимҳои “ҷиҳодӣ” афтодаанд. Саидмуҳаммад Ҷумъахонов, як муҳоҷири тоҷик рӯзи 26 ноябр дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, тоҷиконе ҳастанд, ки ба маҳалли кори муҳоҷирон меоянд ва дар масоили мазҳабӣ сӯҳбат мекунанд, вале аксаран ҳадафашон норӯшан аст: “Ошкоро чизе намегӯянд, вале чун аз Худову Расул мегӯянд, мо онҳоро гӯш мекунем. Лекин на ҳамаи муҳоҷирон фикрҳои ифротигароӣ доранд ва ба ҳар гап дода мешаванд. Мо то ҳадди имкон намозҳоямонро мехонем, лекин дар фикри зану фарзанду хонаҳоямон ҳастем.”

Сафарҳои пайдарпайи рӯҳониёни шинохтаи тоҷик ба Русия низ нишон медиҳад, ки муҳоҷирон аксаран муштоқи сӯҳбатҳои мазҳабианд. Аммо аксари волидайни муҳоҷирон, ба мисли Сафар Қодиров, фалаксарои тоҷик бовар доранд, ки фарзандашон мусалмони мӯътадил буда, ба доми афроди тундрав нахоҳанд афтод.


Бознашр аз Радиои Озодӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)