Бахшҳо

Лимити барқ, “хиёнати мулоҳо”, “қурутоб” ва “Лойхӯраки Боло” (фелетон)

Далер ШАРИФОВ

Сокинони ҷамоати “Лойхӯраки Боло” аз лимитбандиҳои бебанду бор, бӯи таппаку дуди ангишт ба ҷон омада ва ба президенти ҳамсоякишварашон мактуби дастаҷамъӣ ва комилан саркушодае навиштаву дарди дил кардаанд.

Дар ин номаи пурсӯзу гудоз гуфта мешавад, онҳо дар шабонарӯзи 24-соата танҳо 30 дақиқа равшании барқро мебинанд, ки ҳатто барои тамошои барномаҳои ифшокунандаи дастдарозии “муллоҳо” ба номуси занони бегона кифоят намекунад. “Бе барқ писарони мо наметавонанд китобҳое аз рӯзгору корнамоҳои нодири бузургонамон мутолиа намоянд ва мо аз хондани дастовардҳои беназири пешвоҳо маҳрумем. Аммо аламовараш ин аст, ки дар торикӣ омода кардани қурутоб мушкил аст. Мешавад албатта, аммо лаззаташро гум мекунад. Инчунин бебарқӣ имкон намедиҳад дар шабакаҳои иҷтимоӣ мазза карда навиштаҳои патриотонаи ватандӯстони асилро бихонем”,-омадааст дар ин нома.

Дар идома гуфта мешавад: “Президени муҳтарами кишвари ҳамсоя! Дар мо мегӯянд, ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст. Мо медонем, ки Шумо мушкили бебарқӣ дар кишваратонро ҳал кардед. Медонем, ки бо ҳамтоҳои худатон аз ину он кишвар забон меёбед. Коршиносони ҷамоати “Лойхӯраки Боло” ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳалли мушкили бебарқии мо ҳам ба дасти Шумост. Онҳо баъди таҳлилҳои шабонарӯзӣ дар равшании шамъ ба ин натиҷа расиданд, ки Шумо аз ширкати ватании мо - “ЛойБарқ Плюс Лимит” барқро бо нархи 1,5 сент харидорӣ намуда, онро дубора ба мо 5 сентӣ бифурӯшед. Сокинони ҷамоат аллакай омодагии худро барои бо ин нарх харидан иброз доштаанд”.

Сокинони ин ҷамоати булаҷаб дар поёни номаи худ ваъда кардаанд, ки дар сурати ҷавоби мусбат гирифтан ба мактубашон “Ланд крузер”-и 100 ҳазор доллараи роҳбари пешини “ЛойБарқ Плюс Лимит”-ро ба президент туҳфа хоҳанд кард.
Мӯҳр
наим
Офарин Аллома Далер, танз хам бошад, дуруст гуфти, ин аст вазъияти ичтимои, иктисоли ва рузгори точики азобдида. Чамоати Лойхураки Боло барк надорад, вилояти шимолии Афгонистон бошад аз хакки шахрвандони Лойхураки Боло бо барки точик таъминанд.

торт
акаи далер чанкадар кучода буди бисёртар навис ман харуз озодагонро мекушоям ба максади суханхои ту имруз хело хурсанд шудам лекин кам сухбат карди бисёр сухбат кунед ман як мухлиси ашадии шумо

ин шармандаги чои номус аст чои шухи нест чихел боз худро падари мтллат медонанд? Дар инчо пияндар буданашонро нишон дода истодаанд! Бовари комил дорам бачои хали масала бачои тамин кардани барк шарм надошта аз хамсоя кишвар хохиш мекунанд, ки хохиши сокинонро рад кунанд.

Намедонам бихандам е бигирям...

барқи тоҷик
Аз дасти ҳасим журналистон чикор меояд ки иқа танқид мекунанд...ҳамашон дар ҷоибарқдор мешинанду боз масхаракунишона бинен а (((((((

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)