Шоҳидии 11 сокини Восеъ бар зидди Ғалатӣ Баротова (ВИДЕО)

Таҳиягарони навори фаҳшо, ки қаҳрамонашонро Ғалатӣ Баротова, яке аз масъулини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ муаррифӣ мекунанд, ба сифати далел навори шоҳидии 11 сокини ноҳияро нашр намуданд. Дар ин навор, ки баъди эълони Ғалатӣ Баротова дар бораи мукофотпулӣ барои дарёфти дастандаркорон, нашр шуд, 7 зан ва 4 мард худро зодагони ноҳияи Восеъ муаррифӣ мекунанд ва изҳор медоранд, ки Баротоваро мешиносанд ва воқеан ҳам дар навор ӯ инъикос ёфтааст.
Яке аз занони “шоҳид”, ки номаш зикр нашудааст, мегӯяд, “бале ман шинохтам, ки дар навор Ғалатӣ Баротова ҳаст. Чунки мо ҳама дар ин ноҳия ба сар мебарему ноҳияи калон аст, мешиносем. Аз Қурбоншариф то ноҳияи Восеъ он қадар роҳ ҳаст, ки намешиносем? Дар ҳамин ҷойҳо гашту гузор мекард, мо медидем, ӯро.”
Аммо худи Баротова, ин наворро сохтакорӣ хонда, таъкид мекунад, ки барои пайдо намудани дастандаркорони ин навор 25 ҳазор доллар медиҳад ва бо ин ҳадаф ҳатто хонаи истиқоматияшро ба гарав гузоштааст.
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир аз ҷониби студияи ба ном “Нури Наҳзат” дар интернет наворҳои фаҳш нашр мешаванд, ки қаҳрамонони он аъзои ҲНИТ муаррифӣ мегарданд. Худи ҲНИТ ин наворҳоро сохтакорона арзёбӣ мекунад, ки ба коҳиш додани нуфузи наҳзатиҳо дар ҷомеа равона шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |