Тавсифи сафир ва интиқоди "Ҷумҳурият" аз донишгоҳи Азҳари Миср

Хусрав Нозирӣ, сафири Тоҷикистон дар Қоҳира аз Донишгоҳи исломии Азҳар тавсиф карда, нақши он дар олами Исломро вижа хондааст.
Оқои Нозирӣ дар суҳбат бо нашрияи мисрии “ал-Аҳром” гуфтааст, донишгоҳи Азҳар дар ҷаҳони Ислом ҳамчун марҷаи боэҳтиром ва муқаддас миёни мусулмонон мақоми хос дорад.
Ин дипломати тоҷик қаблан низ аз ин донишгоҳи исломии Миср як мактаби эътидол ва зидди тундгароӣ ном бурда буд. Нозирӣ зимни вохурияш бо доктор Аҳмад Таййиб, шайхи Азҳар, ки дурнамои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ин донишгоҳи исломиро баррасӣ мекард, гуфт, “ҳукумати Тоҷикистон ҳавасманди рушди равобити худ бо донишгоҳи Азҳар ва истифода аз равиши илмии он мебошад, ки дар асоси эътидол ва дурӣ аз хушунату ифротгароӣ поягузорӣ шудааст.”
Ин дар ҳолест, ки “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо нашри матлабе, ки ба қалами Ҳафиз Холиқзода, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон рабт дода мешавад, аз Донишгоҳи Азҳар дар баъзе аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қатар ва Миср ҳамчун тарбиягарони ифротиҳо ном бурда буд. Ба навиштаи Ҷумҳурият, гӯиё “таҳқиқоте, ки анҷом ёфтаанд, тасдиқ мекунанд, ки Арабистони Саудӣ, Қатар, Миср ва Донишгоҳи ал-Аҳзари он ва дигар кишварҳои исломӣ марказҳои тавлиди тундгароӣ ва ифротгароии динӣ ҳастанд. Маҳз ҳамин марказҳо ҳастанд, ки ба кишварҳои дунявие чун Русия, Олмон, Англия ва ғайра ифротгароиро паҳн мекунанд”.Дар акс: Аҳмад Таййиб ва Хусрав Нозирӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |