Бахшҳо
02 дек 2014 14:40Тоҷикистон / Тема дня

Генерал Раҳимзода фармони таъини раиси нави Хоруғро қироат кард

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ фармони нави раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро қироат кард, ки тибқи он Қимматгул Алибердиева раиси нави шаҳри Хоруғ таъин гардид. Алибердиева дар гузашта ба ҳайси ноиби аввали раиси Кумитаи занон ва муовини раиси вилояти Бадахшон фаъолият доштааст.

Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар пайи қироати фармони нави раисиҷумҳур, ки 2-юми декабри соли 2014 содир шудааст, Раҳимзода бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон дар бораи зарурати баланд бардоштани нақши зан ва пешбарии онҳо ба мансабҳои давлатӣ суҳбат кард.

То ҳол раҳбарии шаҳри Хоруғро Фаромуз Имомбердиев ба уҳда дошт, бо фармони нави раисиҷумҳур ба вазифаи машваратчии шуъбаи амнияти ҷамъиятии Дастгоҳои Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ қаблан бо нашри матлабе мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро дар сар задани ҳаводиси моҳи майи соли ҷорӣ дар ин минтақа то ҷое айбдор донистааст. Вай дар матлабе, ки дар “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон, ба чоп расонд, гуфта буд, дар ҳодисаи 21 майи шаҳри Хоруғ, ки 5 нафар кушта бар ҷой гузошт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар беайб нестанд.

Ба гуфтаи Имомбердиев, баргузории чунин як амалиёт дар рӯзи равшан ва дар маркази шаҳри Хоруғ аз бесалоҳиятии мақомоти ҳифҳи ҳуқуқ хабар медиҳад. “Дар рух додани қазияи моҳи майи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чандон бегуноҳ нестанд. Онҳо то андозае бесалоҳиятии худро нишон доданд. Набояд дар рӯзи равшан, дар маркази шаҳр, дар байни издиҳоми мардум амалиёти боздоштро пиёда мекарданд”,-навишта буд, собиқ раиси шаҳри Хоруғ.
Мӯҳр
Парвиз
ОЗОДАГОН ИЛТИМОС ДАРХОСТИ МАН ХАМИН,КИ ОЛИМПИАДАИ ФАННИ ДАР НОХИЯХО РАФТА ИСТОДААСТ ЯК ТАТКИКОТ БАРЕД. ФАРЗАНДОНИ КАМБАГАЛОНИ БОСАВОДРО ХАМААШРО АФТОНДАНД (НАГУЗАШТАНД) АЛЛАЛХУСУС ДАР НОХИЯИ СИНО, КИ ДАР МАТАБИ 92 ГУЗАШТ . РУЗИ 4.12.14 АПИЛАЦИЯ ДОДАН САР МЕШАВАД. ИЛТИМОС ЯК ЧОРА БИНЕД. ДАР МАВЗУЪИ ШУМО ДАХЛ НАДОРАДУ АММО ЯК НИВИСТАМ ДА . ШОЯД КУМАК МЕКАРДЕД

Азиз
Хамин генерала гуед таткикот мебарад. Лекин хамааш дуруг аст олимпиадахо.

Мактаби №24
Рост мавзуи хело мухим аст. Дар нохияи мохам нохакихо зиёданд. Рост хамин мавзуъро бинед

дуст
хидматхои акаи Фаромуз барои миллату чамъият ва суботи Точикистон хамто надорад, шахсияти ватандуст, сарсупурда, итоатгари конун, бофархангу босавод аст. Зихи, акои азиз!

Бадахши
Агар макомотхои кудратиро акаи Фаромуз айбдор намекард дар вазифааш мемонд. Хамин аст такдири инсони ростгу.

Бадахши
Хело хизматхои "хуб" кард акаи Фаромуз. Дар шахри безамин хамаи чойхои ба майдончахои кудакон ва тротуархо чудошударо фурухт. Нархи як гаражчой 2000 доллар. Кор ба чое расид , ки истгохоро ба фурухтан сар кард. Мисол: истгохи Чорбоги маркази шахр. Агар намегирифтанд дар шахр ягон остановка намемонд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)