Бахшҳо

Кампиракҳои тоҷикро кӣ “фанат”-и “фаҳш” мекунад?

Абдулазизи ВОСЕЪ

-Очаи Гулбердиҷон, очаи Биабасон гуфт, худут видиёи нави “Нури наҳзат”-а дорӣ, ростай?
-Ҳо, блутузта ҳуй ку, партомта...

8 нафар аз 11 касе, ки шаҳодат медиҳанд, зани дар навори фаҳшои “Нури наҳзат-8” Ғалатӣ Баротова аст, одамони синнашон ба қавле “ба якҷо расида”-анд. Бар илова шаш тани онҳо намояндаҳои ҷинси латиф мебошанд ва ҳамагӣ таъкид месозанд, видеоро дидаанд.

Чӣ ё кӣ солмандони тоҷик, ба вижа пиразанҳоро маҷбур мекунад чунин наворҳоро тамошо кунанд? Фарзидем тамошо кардан ҳаққи конститутсионии онҳо буд, аммо назди дурбин бешармона ва ҳатто бо як навъ ғурур онро ифшо кардан, хоси модари тоҷик аст? Шояд ин афрод аз рӯи мақоли “гоҳе Худову Расул, гоҳе хандаву усул” кор мегиранд? Аммо аз наворе, ки боло зикраш рафт, мешавад хулоса кард, мардум аз Худову Расул ҳарчӣ дуртар ва ба нағмаву усул ҳарчӣ наздиктар мешаванд.

Дар шароите, ки кишвар мушкили лимит дорад ва барқ танҳо соатҳое равшан мешавад, ки тамоми аъзои оила ҷамъанд, ин афрод чӣ гуна наворро дидаанд? Наход дар ҳалқаи наздикон гирди дастурхон нишаставу тамошо карда бошанд? Ё минтақаҳои Тоҷикистон ба ҳадде пешрафта аст, ки ҳар мусафеду пиразан планшети ба интернет пайваст дораду даруни ошхона ё таппакхона даромада дарро қулф мезанад ва “секс” мебинад?

Шояд шеваи суҳбатҳои якмарому дилгиркунандаи “занакои лаби об” ҳам тағйир хӯрдаанд. Ба ин мазмун:
-Очаи Гулбердиҷон, очаи Биабасон гуфт, ки худут видиёи нави “Нури наҳзат”-а дорӣ, ростай?
-Ҳо, блутузта ҳуй ку, партомта...

Ҳар чӣ ҳаст, пардаи шарм ба оҳистагӣ аз фазои Тоҷикистон медарад. Шикофи аввал аз ҷониби кӣ ё киҳо буд, маълум нест, аммо нақши телевизионҳои давлатӣ дар ин росто кам нест. Онҳо буданд, ки “секси мулло”-ҳоро ба намоиш гузоштанд. Ҳатто аз намоиши наворҳои фаҳшо дар шабакаи кӯдакону наврасон - “Баҳористон” парҳез накарданд. Ҷои узр хостанд, баръакс худро дифоъ намуда, изҳор доштанд, ба хотири “тарбияи насли наврас” чунин наворҳо ба эфир рафтааст.

Аз чанд соли пеш, дискҳои амри маъруф ва мавъизаҳо аз дӯконҳои фиттафурӯшӣ бардошта шуд. Шояд фурсате расида, ки наворҳои фаҳшоро дар дискфурӯшиҳо расман иҷозаи фурӯхтан бидиҳанд? Барои “тарбияи ҷомеа”. Ва ё варианти “3 D”-и онро таҳия кардаву дар кинотеатрҳо ба намоиш гузоранд ва барои нафарони синашон аз 40 боло дар дастрас кардани чипта тахфиф эълон шавад.
Мӯҳр
Салим
Бародар чони гапа гуфтай садкат шавам. Дига чо дар теливизонхои давлати дар ахбор бехтарин дастовардхо мамлакат пешкаши тамошобинон мешаваду дар мо фахш дар сархати мухимтарин хабархо. ба кучо меравем Худочон чи бегум. Тарсам нараси ба каъба эй ароби

.
Маълум аст, ки пахш кардани ин наворхо сиесати тархрези намудаи хукумат аст. Вагарна, кайхо хамон Нури нахзатихоро дастгир карда чазои сазовор медоданд. Бисер хам гамангез аст, ки барои нигох доштани хокиммият хукумати мирузаи мо аз корхои зишту паст худдори намекунад.

маҷнун
аз қадим гуфтаанд " Халоиқ ҳарчи лоиқ" яъне мардуме ки чунин зулму ситам ва таҳқиру тавҳинро мепазиранд( дар кишвари демократӣ сукут ба маънои пазируфтан аст на бетарафӣ) ва аҳзоб ба хусус НАҲЗАТ ки саранҷом ба НОМУСУ ҲАЙСИЯТАШ дастдарозӣ шуду хомушанд ҳақашон ҳамингуна бархурд аст
наҳзат идио мекунад ки тибқи ойинномааш аз ормонҳои динӣ ва миллӣ ва номусу ҳайсияти мардум дифоъ мекунад. Пас чаро хомуш аст? дар бораи порнографияи наҳзатиҳои мард садое ҳарчанд заиф баланд мекард аммо дар бораи ин ЗАН МОДАР комилан сукут кардааст!

Фаркаш чи ки дид ё надид!? Одами дар навор буда худи худаш будааст ку.

Лаънати Худо бар ин муллохои чодугари зинокор бод, онхоро хабс кардан камаст! Вой бар холи мо, ки чунин номардонро мулло меномем ё аз паси онхо намоз мехонем. Худованд чазои ин хел мулохои зинокорро худаш дихад, то ин ки барои дигарон дарси ибрат шавад!

Darvesh
fzilla,
I zan ay Qurganay ay Vose nest!!!!!!!!!

Дарвози
"Фарзидем" чӣ калимаи гӯшхароше. Абдулазизи узбакча, забони тоҷикиро таҳқир накун.

Насим
Абдулазиз неки куштима ай хандая ба и фелетони навиштаат )))))))))) wink winked lol

агар дар телевизионхои точикистон ин гуна намоишхо нишон дода шаванд касе намемонад ин наворхоро нодида зеро дар точикистон аксар мардум шабакахои давлатиро тамошо мекунанд ва ин гуна наворхо ба чомеа бахусус насли наврас ва ноболиг таъсири манфи мерасонад ва ояндаи миллатро касе фикр хам намекунад. аъзоени хизбхои сиёси кормандони хифзи хукук депутатхо раисхои парлумону прокуратура хама баро пур кардани чайби худ кор мекунанд ва миллат аз ёди онхо кайхо баромадааст. ман дар инчо шахрвандонро хам гунахкор мехисобам зеро бар зидди чунин афрод касе хам овоз баланд намекунад ва парвои ахли оилаи худро хам надорад. сухан бисёр аммо..........

Фарз кардем кампираки дар навор буда, ,,на худи у буд,,. Муллои ришдор, ришашро дар олати кампир шакид, ,,худи муло буд,, ку ?

Камол
Цитата: Беном
Лаънати Худо бар ин муллохои чодугари зинокор бод, онхоро хабс кардан камаст! Вой бар холи мо, ки чунин номардонро мулло меномем ё аз паси онхо намоз мехонем. Худованд чазои ин хел мулохои зинокорро худаш дихад, то ин ки барои дигарон дарси ибрат шавад!

Дарро занам девор кафид. Макола дар бораи ва ту дар бораи чи сухан карда истодаи?

Точикак
Салим,
...ин рох ки мерави ба туркистон аст... Асли гап дар кучост, ки мардум фахшу шармандаги ва сарпастии дигаронро зуд мепазиранд, яъне айби дигаронро тезтару бе мулохиза кабул доранд - охир мо ин тавр нестем ку (ба фикри худашон ва ин чо як раванди чахонишавии чомеа асту чизи дигаре беш нест. Теша бар решаи нахзат зада истодаанд, ва хар дафъа шояд камтар аз тарафдорони нахзат майли худро суи дигар мекунанд, ки як рузи офтоби мегиранду махкам мекунанд, ки дигар касе пишаки ин хукуматдоронро пишт намегуяд...Ё раб ин навдалатонро бар хари худшон нишон...

Ин суханонро шунида ба Худо шармам меояд дар хакикат ин шахс дуруст кайд карданд дар дкхаи мо кариб 95% занхо телефон доранд инхел наворхоро дар телефонашон дидан мункин аст.

Abdulloh
Хиссиёти ачиб ... Эхсос мекунам, ки хама олам девона шудааст ё ин , ки ман аз хакикати олам то хол огох набудаам. Хамин занхо барои икрор шудан, ки ин наворро тамошо кардаанд шарм намекунад? Ба чашми кудаконашон чигуна назар мекарда бошанд? Тухмат ва шаходати дуруг медиханду хатто ранги руяшон тагир намеёбад. Оё наметарсанд, ки рузе худашон гирифтори тухмат мешаванд? Дар урфият мегуянд : "ангушт макун ранча ба дар кухфани кас. То кас накунад ранча ба дар куфтанат мушт". Бадтарин коре, ки ин чанд нафар карданд тухмат бар зани покдоман, ва шаходати дуруг мебошад. Хатто дар ин бобат метавон аз курон ва аходиси Паугамбари ислом (с) ваъидхои сахтеро дарёфт кард . Чаро имрузамонро фикр мекунему ояндаамонро андеша намекунем? Чаро ба хотири дарёфти ризогии махлук аз амри Холик саркаши мекунем. Ман фикр намекунам ки ба ин 11 - нафар касе ба хотири шаходати бардуругашон як тангаи сиёх дода бошад. Билфарз агар дода бошад хам , наход вичдони худро ба хотири ду тангаи харром ба савдо занем?

Журналист
Ба муаллифи макола Абдулазиз!!!!!!!! Аз худо битарс! Номус дори ё не ки фикри маро чоп намекуни. Дар хакикат ту монанди занакхои лаби об аз касе чизеро фахмида менависи. Кай ва кадом вакт диди ки дар шабакаи Бахористон рафтааст. Барои тухматхоят ман хукук дорам туро ба суд дихам. Охир фикри манро чоп намекуни аммо дар маколаат номи шабакаи Бахористон хаст ку. Факт дори ки тарики ТВ Бахористон пахш шуд . Набошад ман факт ёфта туро ба суд медихам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)