Боздошти афвшуда барои фаҳш баъди як моҳи озодӣ
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як нафар афвшудаи дигар хабар доданд, ки ҳамагӣ як моҳро дар озодӣ гузаронд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи 4-уми декабри соли равон, сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки моҳи ноябр тибқи қонуни нави афв озод шуда буд, дубора дастгир гардид. Ӯ, ки қаблан аз рӯи моддаи 120-и Кодекси ҷиноӣ, яъне таҳдиди куштан ё расондани зарари ҷисмонӣ маҳкум шудааст, акнун дар даллагӣ ё ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои мақомоти умури дохилӣ боздоштшуда, дар хонаи истиқоматиаш ба сокинони 19 ва 22-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ивази 150-сомонӣ шароит барои алоқаи ҷинсӣ фароҳам овардааст. Мақомот мегӯянд, аз рӯи далели мазкур, тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамагӣ давоми як моҳи баъди афв аз боздошти ҳудуди 10 нафар афвшуда хабар доданд, ки дар ҷиноятҳои нав муттаҳам мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |