АКС: Президент ба оилаи подполковники фавтида дар Хоруғ хона дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба оилаи подполковники фавтида Фаррух Зарипов, муовини фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё худ ОМОН-и тоҷик як хонаи чорҳуҷрагӣ тақдим намудааст.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, калиди хонаро ба Парвина Исмоилова, ҳамсари подполковники марҳум, ки зимни амалиёти моҳи июли соли 2012 дар Хоруғ ба ҳалокат расида буд, аз номи раисиҷумҳур Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон тақдим намуд. Фаррух Зарипов зимни амалиёти моҳи июли соли 2012 ба ҳалокат расида, ҷасадаш дар дарёи Панҷ аз ҷониби афғонҳо дарёфт шуда буд.
Ба иттилои манбаъ маросими тақдими хона, имрӯз, 5-уми декабр, зимни таҷлили таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид. Раҳимзода саҳми кулли кормандони воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилиро дар таъмини суботу оромӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва набард бо даставу гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ бузург хонда, барои онҳо барору комёбиҳо таманно намудааст: “Онҳо дар лаҳзаҳои ҳасосу тақдирсоз аз душвортарин муқовимату санҷишҳо гузашта, ҷиҳати безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳу ҷинояткор ва таъмини амнияти шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштанд.”
Вазири умури дохилӣ аз ғамхориҳои ҳукумат дар ҳаққи ин воҳиди низомӣ зикр карда, таъкид намудааст, ки дар ҷавоб аз онҳо донишу малакаи баланди ҳарбӣ, омодабошӣ ба ҳама гуна ҳолатҳои хатарафзо, ба дараҷаи аъло аз худ намудани техникаву лавозимоти ҷангӣ ва иҷрои бечунучарои фармону супоришҳои роҳбарият талаб карда мешавад.
Вазорати умури доҳилӣ мегӯяд, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як қатор кормандони Дастаҳои таъиноти махсуси милитсияи ВКД, назди РВКД дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва минтақаи Рашт бо мукофотҳои нишонҳои сарисинагии «Барои хизматҳои аъло дар ВКД», «Аълочии милитсия», медали «Барои хизматҳои шоён», дараҷаҳои 1,2,3, «Сипоснома», маблағҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |