Бахшҳо

Соли Навро ҷашн гирем ё на? Баҳс додгоҳӣ шуд!

Додситонии Русия як духтари 23-солаи мусалмон, Элвира Султонаҳмадоваро, ки алайҳи таҷлили Соли Нави мелодӣ баромад кардааст, дар барангехтани ихтилофоти динӣ муттаҳам мекунад.

Қазияи Элвира Султонаҳмадова, ки феълан дар додгоҳи шаҳрии вилояти Свердловск мавриди баррасӣ қарор дорад, аз он оғоз шудааст, ки ӯ санаи 25-уми декабри соли 2013 зимни як назарпурсии интернетӣ бо такя ба китоби муқаддаси Қуръон мухолифи ҷашн гирифтани Соли Нави мелодӣ изҳори назар кардааст. Дар асоси ин назари духтари мусалмон Степан Черногубов, миллатгарои рус, ки дар гузашта барои аъмоли ғайриқонунияш маҳкум низ шудааст, ба мақомоти тафтишотии Русия муроҷиат намудааст ва алайҳи Султонаҳмадова парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. Ба иддаои Степан Черногубов бо шарҳи худ Султонаҳмедова нисбати афроди ғайримусулмон бадбинӣ зоҳир намудааст.

Дар шарҳи баҳсбарангез Султонаҳмадова аз мусалмонон даъват кардааст, ки аз таҷлили Соли Нав, бастани лентаҳои георгӣ ва ранг кардани тухмҳо дар ҷашни Пасха худдорӣ кунанд. Элвира Султонаҳмадова изҳор доштааст, ки аз боғча кудаконро на ба Аллоҳ, балки ба Санта Клаус, Бобои Барфӣ ва чизҳои ба ин монанд моил мекунанд: “Ин чизе бештар аз фиреби кӯдакон ва таблиғи бисёрхудоӣ нест. Бо ин кор фазои атрофи кӯдаконро бо рамзҳои замони ҷоҳилият пур мекунанд.”

Султонаҳмадова давр задани гирди арчаро низ расми замони ҷоҳилият арзёбӣ намуда, таъкид кардааст, ки мусалмонон бояд танҳо гирди Хонаи Худо-Каъба давр зананд.

Барои ин назараш Султонаҳмадова дар барангехтани ихтилофи динӣ муттаҳам шудааст ва мурофиаи навбатии додгоҳияш 23-юми декабр таъин гардидааст. Ба ӯ ҷарима дар ҳаҷми 300 ҳазор рубл ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад. Худи айбдоршаванда мегӯяд, бегуноҳ аст ва аз мавқеи худ дар мурофиаҳо ҳимоят хоҳад кард.

Александр Верховский, масъули Маркази иттилотоӣ-таҳлилии “СОВА” пайгарди ҷиноии Султонаҳмадоваро беасос медонад, чун назараш дар асоси манобеи дигар аз ҷумла китобу сомонаҳои дигар бён шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҳам ҷашн гирифтани Соли нави масеҳӣ мавриди баҳс қарор мегирад. Бархе аз руҳониёни кишвар Соли навро ҷашни мазҳабӣ медонанд ва таҷлили онро ба унвони ҷашни милоди Масеҳ ғайри қобили қабул медонанд. Аммо қисми дигари руҳониён ва мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Соли Нав ҷашни динӣ нест ва аз он ҳамчун “тағйири иқлим” таҷлил мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузшта епископи Душанбе Питирим низ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки Соли нав Иди масеҳиён нест ва Бобои барфию барфак боқимондаи замони ҷоҳилиятанд. Ӯ гуфт, ки ин ҷашн дар даврони Шӯравӣ дар аҳди Иосиф Сталин густариш ёфта ва он ба калисо рабт надорад.
Мӯҳр
Umar
Худованд саффи ин хел духтаронро зиёд кунад.

точики мусалмон
У хамчун як зани мусалмони богайрат хакикатро гуфтааст, ва ачиб аст ки аз тарафи касе ба суд дода шудааст, ки худаш чинояткор аст. Бояд мусалмонон аз у дифоъ кунанд.

Ин бахс нест....инро шумо..озодагон ки ташвикгари асримиёна мебошед..доимо барраси мекунед....афсус ки шумо хело хам воситаи пахнкунии акидахои асримиёнаги шудед..

Снегр
Дар асл ин Иди Масех нест, вале солшумори ва арча рамзи масехпарасти хаст.

,tyjv
гуш кунед шумо хама беакл аз гуфтаи ин духтар. ку гап занед дар Куръон дар кучо навиштаги ки соли нав кайд накун. фахмонед барои чи. ин духтара махкам кардан даркор

Muslim
Аллоҳи меҳрубон нигоҳдори ту бошад хоҳари азиз қандата зан ...

Ахсан
Ахсан ОЗОДАГОН! Худованд сафи чунин хохаронро зиеда гардонад, ки аз хурофоту таклидкори ба масехиен даст кашем. Масъулини ОЗОДАГОН масехи нестанд, ки пуштибони аз Санта Клаусу Бобои Барфии дуругин кунанд, инхо мусалмон хастанд ва боиси ифтихор аст. Барои баъзехо асримиенаги бошад, кори онхост мо кор надорем ба ин гуна акида. Хамду сипос Худоро ки ПОДШОХИ ва ФАРМОНРАВОИ аз УСТ!

Точик
ин духтар зеби ДИИШ дорад. дар миёни мардум барои у чой нест

Dev
"Ozodagon" shart bud boz hamin mavzuro "musorit" ?Moned kase jashn megirad , marhamat , kase namehohad in kori ust.Shahsan man jashn megiram. On ruze,ki kudakoni man mehandand, shodi mekunand, tuhfavi hursandiro intizor meshavand, man zindaam.Hursandivu shodii kudakonam az tamomi dinu oin, kalendaru iklim boloand.

Хонума Эльвира.
Савол: Ба воситаи интернет Соли навро чашн гирифтан инкор мекунед, аммо интернет махсулоти кист? Масехихо. Шояд мошина, соат, яхдон, озука ва гайра хам доред. Моли кист? Худоямон як, Исо пайомбари уст. Пас, Худованд онхоро хам дуст медорад. Ташккур.

Точик
иноят,
Бародар Иноят, шумо як чиро хуб бояд дарк кунед. Гап дар бораи таклид е пайрави аз ДИН хаст, чунки Пайгамбар (с) фармуданд: Касе пайрави аз ДИН-и дигарон мекунад, аз мо нест яъне мусалмон нест. Яъне амале, ки шабохат ба ДИН-и дигарон кунад. Дини Масехи мансухшуда аст ва Куръон далели ин гуфтахост. Фаркияти мо аз Масехиен дар он аст, МО мусалмонон хаммаи Паембаронро ва Китобхои нозилшударо бархак медонем аммо Масехиен Куръону Мухаммадро кабул надоранд ва Исоро Писари Худо мегуянд. Худованд ошкоро ба мо дар Китобаш гуфтааст, Исо Паембар аст на Писари Ман ва ки касе Куръону Мухамадро рад кунад КОФИР аст ва Масехиен барои мо Кофир хисоб меебанд яъне Кофир ба Китобу Паембар. Бинобар ин Соли Нав ва анъанахои Соли Нави ба дини Масехият рабт дорад, ки барои мусалмонон чашн гирифтан чоиз намегардад. Илова бар ин он чизхое, ки шумо баен кардед, ба мисли кашфиетхои Масехиен (либос, техника ва гайра), истифода барии хамаи онхо барои мусалмонон чоиз аст ва халол аст.

Салм
Точик,

Барои чи чоиз ва халол будаст??? худатон хунари ихтироъ надоред??? боз ягон ривояту далели дуругро меоред, ки фалон шайхи араб ин тавр гуфта буд...? то кай бо ин дуруггуи мардумро фиреб мекунед

худо рахматашон кунад

DARVESH
Точик,
RUTA SIYOH NAKU DIGAR ITARI DURUGORA NAZAN DAR IJA

Точик
Салм,
Худованд лаънат кунад ДУРУГ-гуенро. Ба иттилоят расонам, ки дар Ислом хар як амал е рафтору гуфтор, хурдан, пушидан, зиндаги кардан ва гайра ХУКМ дорад. Яъне агар ХУКМ набошад, мусалмонхо низ ранги хайвонхои гарб мешаванду хама ба фасодкори даст мезананд. Фарки байни МУСАЛМОНХО ва КОФИРОН аз замин то осмон аст. Агар хабар надошта боши, бидон ки чи кашфиети илмие дар дуне шудааст, бисери асосгузоронаш мусалмонон хастанд ва далели гуфтахоямро аз GOOGLE мееби. Бинавис дар поиск "Заслуги мусульманских ученых". Шояд баъд аз хонданат бовариат наояд аммо хакикат ин аст. Афсус ки мусалмонон аз Ислому Куръону Суннат дур монданд ва аз кафои хавову хавас рафтанд ва хостанд бе мехнат пули муфт даромад кунанд, аз мехнат ру гардонданд, муллогиро касб карда аз дин ДУКОН барои чайбпуркуни сохтанд, имруз дар хориву зориву бечораги ва чангу чидол карор доранд, ки айби худи мусалмонхост. Аврупову Гарб дар даврахое пеш, ки адолату росткориву садокатро ки пеш гирифтанд, ва аз кашфиетхои мусалмонон истифода бурда захмат кашиданд, Худованд муваффакашон гардонд ва пешрафт карданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)