Бахшҳо

Баҳси Қаршибоеву Шарифзода: “Q-Net”- ро зидди Исоев “шерак” кардед!

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз хулосаи Шӯрои ВАО нисбати баҳси Орзу Исоев, собиқ ровии барномаи “Имрӯз” ва ширкати “Кю-Нет” интиқод намуд.

Қаршибоев имрӯз, 12-уми декабр зимни ҷаласаи Шӯрои ВАО дар хитоб ба раиси Шӯро, Қироншоҳ Шарифзода гуфт, хулосаашон ширкати “Кю-Нет”-ро алайҳи Орзу Исоев “шерак” кард ва дар натиҷа ин ширкат алайҳи рӯзноманигор ба додгох даъво бурд. Ӯ хулосаи Шӯрои ВАО-ро зидди оинномаи ин созмон хонд.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО дар посух гуфт, хулосаи ин ниҳод дар бораи барномаҳои Исоев алайҳи “Кю Нет” хусусияти тавсиявӣ доранд ва он наметавонад, ҳамчун далел ё асос дар мурофаи додгоҳӣ баррасӣ шавад. Ӯ изҳор дошт, ки хулосаашонро дар асоси воқеият баровардаанд.
Бо вуҷуди ин Қаришбоев бар ин назар аст, ки Шӯрои ВАО бояд зимни хулосабарорӣ ба назар мегирифт, ки “Кю Нет” ба манфиати мардум кор намекунад.

Аммо Шарифзода изҳор дошт, ки ба манфиати халқ будани фаъолияти "Кю-Нет" масъалаи дигар аст, аммо ин ҷо баҳс сари адолати ахлоқӣ рафта истодааст.

Қаблан Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон Орзу Исоев – муҷрӣ ё барандаи собиқи барномаи Баҳси Имрӯз дар Радиои Имрӯзро ба нақзи муқаррароти чор банди Меъёри ахлоқии журналист “айбдор” карда буд, ки гӯиё зимни барномаҳояш дар бораи “Кю Нет” роҳ додааст. Шӯро тавсия дода буд, ки хабарнигорон ҳангоми таҳияи матолиб ба эҳсосот дода нашаванд.

Тавсияи Шӯрои ВАО дар пайи шикояти Сайҳомид Маҳмудов, раҳбари ширкати “Квестнет” (Q-Net) дар Тоҷикистон, аз болои Орзу Исоев навишта шудааст. Оқои Ҳомидов иддао карда буд, ин хабарнигори тоҷик ҳангоми суҳбаташ дар бораи ширкати Q-Net онҳоро мавриди таҳқиру туҳмат қарор дода, шаъну этиборашонро паст мезанад.

Дар пайи ин ширкати “Квестнет” ё худ Q-Net аз болои Орзу Исоев, рӯзноманигори тоҷик ва радиои “Имрӯз” ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурд, ки феълан идома дорад.

Барномаи “Баҳси Имрӯз” ҳар субҳ аз соати ҳафт то даҳи рӯз дар Радиои Имрӯз мустақим пахш мешуд. Яке аз мавзӯъҳои доғе, ки дар ин барнома тавассути Орзу Исоев матраҳ гардида, бо вокунишҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид, фаъолияти Q-Net дар Тоҷикистон буд. Оқои Исоев ахиран, ба дунболи барканории Рустами Ҷонӣ аз мақоми мудири кулли ширкати Ориёно-Медиа, ки шомили Радиои Ориёно ва Имрӯз асту ба Ҳасан Асадуллозода, роҳбари Ориёнбонк марбут дониста мешавад, аз кор рафт.

Сайҳомид Маҳмудов, раҳбари ширкати “Квестнет” хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе мебошад ва ин нуқтаро ахиран худаш зимни як нишаст тасдиқ карда, таъкид намуд, ки Убайдуллоев ба “Квестнет” рабте надорад.
Мӯҳр
Аслан Нуриддин Қаршибоев, ба Q-Net рабти калоне дорад вакте ман ба он барнома иштирок кардам хамчун тарафдори ширкат аммо рови Орзу Исоев хама фактхоро аз китоби Кодекс истифода мекард. Шуммо ба Сарконун зид баромада Орзу Исоевро ба додгох кашидед барои пул шуда гамит халки бечораро намехуред ки аз руи ин ширкат даххо бе хонаву дар монданд барои чи шикояти халкро ба назар намегиред аз ширкатро бошад ба назар мегиред сабас ин ки он пулдору ин камбагал чаро гами халкро хеч кас намехурад бигзор касе бошад дар назди конун якаст кучо шуд Демократия!

Тарафдори Каршидоев
Дар хакикат он хулосае ки ШВАО баровард нисбати Исоев фикр мекунам бе тахлил ва аз нигохи як нафар баромадааст.Ин хабарнигороя худашон ингуна хулосаву асосхои бефикрона барорад пас аз дигар макомотхо чи интизор.....? Журналистон хокимияти чорум гуфта лоф мезананд агар чунин ШВАО фаъолият дошта бошад бехтараш ки калимаи хокимиятро нагуянд чун натичаааш чунин хаст ........... ман дар хакикат барномае ки Исоев мебур тарафдор будам чун чашми мардумро аз фиреби баъзе харомхуро кушод ки гуфт ЭЙ МАРДУУУМ БИНЕД ПУЛИ ШУМОРО МЕДУЗДАНД ВА ХУДАТОН БЕХАБАРЕН ДАСТ КАШЕН АЗ ИН ФИРЕБУ НАЙРАНГХОИ НАХАНГОНИ ГУРУСНА.. хакикат дошт ин гапхояш ва максади журналист низ хамин буд ва бояд ки чунин бошад ЖУРНАЛИСТ макомотро аз мушкилоти мардум ва мардумро аз хамингунагиии мушкилотхо бо хабар кардан...

товбае, журналистохам вазиваи касбишона фаромуш кардостиянку. мухтарам НУРИДДИН КАРШИБОЕВ аз хар касе бошад вале вале аз шумо интизор надоштамки вазифаи касбии журналистиро бо дигар омехта мекунед. к-нет ба мардум зарар меорад дуруст, вале инчо масалаи рафтори касбии псефдо-журналист Орзу аст, ки дар барномахояш эхсосоти мешуд. журналист бояд бетараф бошаду мавзуро бетараф барраси кунад, вале у наметавонист худро контрол кунад. Орзу Исоевро журналист гуфтан мумкин не!!!! ман хайрон чаро Шарифзода Кироншох дар бораи кору рафтори авбошии Орзу ва тахдидхои онхо хап карду чизе ба касе нагуфт?!!!! хотя не, ана ин рафтори журналисти касби мегуянд, ки шояд боз вазъияти Орзк вазнин нашавад дар суд гуфта хап кардагистда.

Ааа ок орзу проиграет селяви

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)