Бахшҳо

Фарёдҳои бефарёдраси соҳибкорони Тоҷикистон

Равшан Исмоилов

Чӣ бояд кард то баҳсҳои дар судҳои иқтисодии Тоҷикистон идомаёбанда ба додгоҳҳои арбитражии байналхалқӣ кашида нашаванд?

Вақтҳои охир маводҳои зиёде дар ҳафтаномаҳо ва расонаҳои гуногуни хабарии кишвар чоп шуда истодаанд, ки коршиносонро хавфи ба судҳои байналхалқӣ кашидани Тоҷикистон ба ташвиш овардааст. Ба назар чунин мерасад, ки ин ташвишро қазияи Қирѓизистон, ки аллакай якчанд баҳсро дар судҳои арбитражӣ бой дода, буҷааш аз садҳо миллион доллар маҳрум мешавад, бештар намудааст. Албатта ин бесабаб нест. Зеро аллакай қарорҳои яктарафаи судҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон, танҳо ба манфиати мақомоти давлатӣ баровардани ҳалномаҳо, нодида гирифтани манфиатҳои соҳибкорӣ аз тарафи мақомоти алоҳидаи давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи андоз ва суди иқтисодӣ ва даҳҳо омилҳои дигар заминаро барои муроҷиат намудан ба судҳои байналхалқӣ муҳайё намуда истодаанд. Шояд ин баҳсҳо дар атрофи маблаѓҳои хурдтар мерафтанд, соҳибкорон новобаста ба ноҳақ будани даъвоҳои мақомоти давлатӣ онро пардохт мекарданду бо ҳамин бо душворӣ ҳам бошад, тиҷораташонро пеш мебурданд. Вале вақте сухан дар бораи даҳҳо миллион меравад ва ҳама гуна шароитро барои муфлис намудани субъектҳои хусусии рў ба рушд фароҳам месозад, сармоягузорони он барои ҳимояи манфиатҳои пуливу молии худ ин баҳсҳоро ҳатман то ба судҳои байналхалқӣ мекашанд, бахусус ширкатҳое, кибо сармояи хориҷӣ фаъолияташонро ба роҳ мондаанд.

Аз сўҳбат бо соҳибкороне, ки баҳсҳои онҳо дар судҳои иқтисодӣ бо Кумитаи андоз идома доранд, ба хулосае омадан мумкин аст, ки имрўз аксари онҳоро асосан як чиз ба ташвиш овардааст: Судҳо дар баробари баррасии яктарафаи баҳсҳо ҳеҷ гуна имконияте барои гузаронидани ташхиси иловагии иқтисодиву муҳосибиро дар давраҳои баҳсӣ намедиҳанд. Масалан Игор Серебряков, ҳуқуқшиноси ширкати «Созидание» изҳор медорад, ки «қарзе, ки ба ин ширкат рабт дода мешавад, воқеӣ нест ва нодуруст аз рўи ѓараз ҳисобу китоб шудааст». Мавсуф аз додгоҳ талаб кард, ки дахлу харҷи ширкат аз нав аз тарафи мутахассисони мустақил ҳисоб карда шавад. Вале додгоҳ талаби ўро рад кард. Сабаби асосии рад намудани даъвои ширкатҳо роҷеъ ба гузаронидани ташхиси мустақил он буд, ки Мэлс Меликов ҳуқуқшиноси Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки «зарурати ташхиси дубораи ширкат дар суолҳои мавриди баҳс вуҷуд надорад ва арқоме, ки онҳо ошкор кардаанд воқеист».
Хотиррасон мекунем, ки Кумитаи андоз ширкати «Созидание» -ро 322 миллион сомонӣ ё баробар ба 67 миллион доллари амрикоӣ қарздор кардааст.

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов иброз медорад, ки «Ҷалби экспертҳо ва коршиносон ҳангоми зарурат ба баҳсҳои судӣ яке аз шартҳои асосии таъмини волоияти қонун, ба таври воқеӣ ва ҳаматарафа таҳлилу таҳқиқи моҳияти парванда ба ҳисоб меравад. Дар ҳама кодексҳои мурофиавӣ оид ба ин масъала меъёрҳои алоҳида пешбинӣ шудааст. Мушкилот дар он аст, ки агар як ҷониби баҳс мақомоти давлатӣ бошад, судяҳо авлавиятро ба онҳо дода, адолати судиро халалдор менамоянд. Конеъ гардонидани хоҳиши ширкатҳо роҷеъ ба гузаронидани ташхиси иқтисодӣ-муҳосибӣ бо ҷалби экспертҳо аз иродаи судя ва ҳайате, ки масъаларо баррасӣ мекунад, вобастагӣ дорад. Албатта ба фоидаи кор мебуд, ки барои гузаронидани ташхиси беѓаразона дар мувофиқа бо ҷонибҳои баҳс иҷозат медоданд. Ба назари ман чунин муносибат ба муроҷиати ширкатҳо боиси он мешавад, ки минбаъд оид ба натиҷаи мурофиаи судӣ ширкатҳо ба судҳои байналмиллалӣ муроҷиат намуда, барои барқарор намудани адолати судӣ муборизаро идома диҳанд. Дар бораи набудани суди мустақил ва вобастагии он аз дигар мақомотҳои давлатӣ борҳо дар сатҳҳои гуногун гуфта шудааст, аммо боиси нигаронӣ аст, ки то ҳол давлат ба хулосаи амиқ наомадааст, то коре кунад, ки мустақилияти судҳоро таъмин намояд».

Чаро мақомот аз гузаронидани ташхис аз тарафи экспертҳои мустақили дохиливу хориҷӣ меҳаросанд?

Баъзе коршиносон бар он андешаанд, ки «Сабаби асосии рад намудани даъвои ширкатҳо роҷеъ ба гузаронидани ташхиси иқтисодӣ-муҳосибӣ дар он аст, ки ҳатто худи додгоҳҳо низ ба воқеияти санадҳои тартибдодашуда боварӣ надоранд ва ташхисҳои иловагӣ метавонанд, фаъолияти кормандони мақомоти давлатӣ ва санадҳои тартибдодаи онҳоро зери суол бурда, обрўву нуфузи давлатро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар аз байн барад. Вале таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аз гузаронидани ташхисҳо бо ҷалби экспертҳо ва коршоносони мустақил тарсидан зарур нест. Зеро алъон Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии Савдо аъзо буда, ҳар як қадами Тоҷикистон роҷеъ ба дастгирии соҳибкорӣ зери назорат қарор дорад ва ҳама ҳукмҳову қарорҳои яктарафаи судҳои иқтисодии мо дар оянда омўхта мешаванд. Ин аст, ки баръакс бояд мақомоти давлатӣ ҳамкориро бо экспертҳои мустақили дохиливу байналхалқӣ бештар намоянд, зеро ин бовариро нисбат ба додгоҳҳои Тоҷикистон афзоиш медиҳад.

Масалан вақте алайҳи расонаҳо ба судҳо роҷеъ барои таҳқиру тўҳмат муроҷиат мекунанд, ҳатман калимаву ибораҳо ва маводҳои баҳснок ба Кумитаи ислоҳоти забоншиносӣ ирсол карда мешаванд ва танҳо дар асоси хулосаи коршиносони бахши забоншиносӣ судҳо хукми худро мебароранд. Пас чаро дар мавриди санадҳои баҳсноки мақомоти андоз низбарои қонеъ намудани талаботи соҳибкорон, давраҳои баҳсӣ мавриди санҷиши таркорӣ қарор нагирад?

Баъзе соҳибкорон иброз медоранд, ки дар судҳои иқтисодӣ асосан ҳуқуқшиносон нишаставу на ҳама имконияти ҳаматарафа баррасӣ намудани мавзўъҳои иқтисодӣ, бахусус объективона баҳо додан ба аудитҳои гузаронидашударо доранд. Дар сурати бо супориши судҳо гузаронидани ташхиси иқтисодиву муҳосибӣ он гоҳ қарорҳои судӣ низ метавонанд бе иштибоҳ бароварда шаванд ва тарафҳои баҳсро қонеъ намоянд.

Саволи матраҳ ин аст, ки чаро ширкатҳо аз гузаронидани чунин ташхисҳо ҳаросе надоранд ва баръакс худ гузаронидани чунин санҷишро талаб мекунанд? Чаро мақомоти давлатӣ аз ҷумла Кумитаи андоз зидди гузаронидани ташхисҳои иловагӣ аз тарафи экспертҳо ва коршиносони мустақил аст?

Шояд сабаб он бошад, ки ширкатҳо ба объективияти кори худ бовар доранду мақомот ба объективияти факту далелҳо ва санадҳои ҷамъовардаи худ боварӣ надоранд, ба ин хотир ҳама кўшишро мекунанд, ки ба тафтишоти иловагӣ роҳ дода нашавад?

Алъон миёни давлати Тоҷикистон ва аксари давлатҳое, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд «Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» баста шудааст. Дар ҳамин Созишнома, ки аз як тараф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он имзо гузоштааст, изҳор дошта мешавад, ки ҳама гуна баҳсҳое, ки байни тарафҳо ба вуҷуд меоянд, бояд бо роҳи машварати байни тарафҳо ҳал карда шаванд. Агар баҳс бо роҳи машварат ҳал нашавад, сармоягузор метавонад ба суди салоҳиятдори тарафи аҳдкунанда, ки дар қаламрави он сармоягузорӣ амалӣ шудааст (манзур суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ё ба суди арбитражи байналмиллалӣ муроҷиат намояд.

Имрўз судҳои иқтисодии Тоҷикистон бо сарфи назар намудани созишномаҳои байналхалқӣ роҳро ба судҳои арбитражӣ ҳамвор карда истодаанд ва ин метавонад оқибати фоҷиабореро барои иқтисодиёти бе ин ҳам заифи Тоҷикистон ба вуҷуд оварад.

Барои он ки чунин ҳолат сар назанад, зарур аст, ки барои эътимоднокии кор ва барои пешгирӣ кардани муроҷиат ба судҳои байналхалқӣ ҳатман давраҳои баҳсии аз тарафи аудиторони Кумитаи андоз санҷидашударо аз нав бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ мавриди ташхис қарор диҳанд. Танҳо гузаронидани ташхис аз тарафи коршиносону экспертҳо ҳама гуна шубҳаву гумонро нисбати қарорҳои суд ва ѓайримустақил будани онҳо аз байн бурда, баҳсро дар дохили кишвар ҳал карда метавонад, вагарна тақдири Талко, ки додгоҳи ҳакамии Швейтсария онро ба пардохти 274 миллион доллар қарзу ҷарима муваззаф карда буд, такрор хоҳад шуд.

Албатта то ба имрўз касе ёд надорад, ки судҳои иқтисодии Тоҷикистон чунин кореро бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ анҷом дода бошанд, вале ба фикри ман барои обрўву нуфузи кишвар, агар ташхисро дар оянда анҷом диҳанд, ин ҳам ба фоидаи соҳибкорон ва ҳам ба фоидаи мақомоти давлатӣ ва ҳам ба манфиати судҳо хоҳад буд. Зеро баъди гузаронидани чунин ташхисҳои иқтисодиву муҳосибӣ дар оянда ҳатман аудиторҳои давлатӣ эҳтиёткор хоҳанд буд. Дар акси ҳол чун онҳо медонанд, ки ҳама гуна санаду қарорҳояшон дар додгоҳҳо бе баҳс тасдиқи худро меёбанд, дар оянда низ бо ҳар роҳе хоҳанд санадҳои худро тартиб дода, ба судҳо пешниҳод мекунанд.

Шахсан бандаро чун таҳлилгар он чи ба ҳайрат овардааст, ки алъон баҳсҳо дар судҳои иқтисодии кишвар асосан бо ширкатҳое идома дорад, ки тўли солҳо чун андозсупорандагони бовиҷдон эътироф шудаанду ҳеҷ гуна қарзе дар назди буҷа надоштанд. Чаро мақомот бо вуҷуди он ки ин ширкатҳо қарзе надоранд, бо баҳонаи пур намудани буҷа бо роҳҳои гуногун аз онҳо пул рўёнидан мехоҳанд, вале ширкатҳое чун «Барқи Тоҷик» ва ё КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ки ҳамеша дар супоридани андоз мушкилӣ доранд, баръакс қарзҳояшон бахшида мешаванд? Чаро онҳое, ки дар назди буҷа қарздоранду дар супоридани андоз мушкилӣ доранд, бо мақомот ҳеҷ мушкилие надоранд, вале онҳое, ки дар назди буҷа қарзе надоранду андозҳояшонро сари вақт мусупоранд бо мақомот ин қадар мушкилӣ доранд ва вақти зиёди худро дар баҳсҳои судӣ мегузаронанд? Ба ин саволҳо ки посух мегуфта бошад?
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)