Бахшҳо

9 соли зиндони Раҳимов барои қаллобӣ дар фурӯши мошинҳо

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Раҳимов Фахриддини 41-соларо ба иттиҳоми қаллобӣ зимни фурӯши мошинҳои сабукрав дар Душанбе ба 9 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Тибқи иттилои додгоҳи Фирдавсӣ Раҳимов, ки соҳиби 4 фарзанд мебошад, дар гузашта низ барои қаллобиҳо дар бозори мошин 3 бор суд шудааст: “Аммо баъди раҳоӣ аз зиндон боз корашро идома додааст.”

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мегӯяд, Раҳимов баъди раҳоияш танҳо дар соли 2013 се мошини нафарони дигарро фурӯхта, маблағашонро аз худ кардааст: “Аз ҷумла автомашинаи тамғаи «Мерседес-К»-и Алиев Фахриддин, сокини Душанберо гирифта, ваъда додааст, ки мошинашро фурӯхта 7000 (ҳафт ҳазор) долари ИМА маблағашро медиҳад. Аммо автомашинаро бурда фурӯхта маблағашро ба манфи¬ати худаш сарф кардааст ва то ҳол маблағи ҷабрдидаро барна-гардонидааст.”

Манбаъ мегӯяд, дар ҳолати дигар дар назди бозорчаи «Ҳайдариён» ба Тағоев Фирдавс, сокини Душанбе мошинаи «Даево-Нексиа»-ро дода, аз ӯ шиноснома ва 1400 доллари амрикоиро гирифта, ваъда медиҳад, ки мошинро ба номаш хоҳад гузаронд: “Аммо баъди чанде соҳиби аслии мошин омада, аз Тағоев “Нексиа”-ро гирифта меравад.”

Дар мурофиаи додгоҳӣ ҷабрдидаҳои дигар- Сатторов Даврон, Қосимов Сайдакбар, Собиров Тиллоҷон ва дигарон шаҳодат доданд, ки Фахриддин Раҳимов онҳоро низ фиреб дода, то ҳол зарарро барқарор накардааст.

Додгоҳи Фирдавсӣ мегӯяд бо назардошти ҳамаи далелҳо Раҳимовро ба 9 соли зиндон маҳкум карда, барои се сол аз ҳаққи фаъолияти соҳибкорӣ маҳрум намуд. Тибқи қарор додгоҳ ҳамчунин Раҳимов муваззаф шудааст, тамоми зарари расондаашро ҷуброн кунад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)