Бахшҳо

Узрхоҳии Валӣ барои “дуздӣ”: Баҳром Ғафурӣ мефаҳмад!

Валӣ сарояндаи маъруфи афғон, барои бозхонии бидуни иҷоза ва ишора ба муаллифи суруди “Духтари ҳамсоя бало”-и Баҳроми Ғаффурӣ, узрхоҳӣ кардааст.

Валӣ дар сафҳаи Фейсбуки худ аз ҳамтои тоҷикаш узрхоҳӣ намуда, таъкид кардааст, “мутаассифона дар клипи “Духтари ҳамсоя бало”, ки ман бозхонӣ кардаам, саҳве роҳ ёфтааст, ки ба ман гӯшрас карданд. Матни ин суруд аз ҷониби Баҳром Ғафурӣ навишта шудааст ва ман онро тағйиру такмил дода ва баъд бозхонӣ кардам.”

Валӣ дар зикр нашудани номи Баҳром Ғафурӣ дар клипи "Духтари ҳамсоя бало" студияи “Avang Music”-ро муттаҳам кардааст: “Ман барои ин саҳв мехоҳам аз дӯстам узр пурсам. Ин ҷо ягон хел беэҳтиромӣ нисбати ӯ нест ва ман муътақидам, Баҳром Ғафурӣ инро медонад.”

Дар ниҳоят сарояндаи афғон бори дигар ба ҳамкасби тоҷикаш изҳори миннатдорӣ карда, таъкид намудааст, ҳунари Баҳром Ғафуриро ҳама эътироф кардаанд.

Клипи таронаи “Духтари ҳамсоя бало” дар иҷрои Валӣ 5 декбари соли равон дар Ютуб нашр шуд. Беҳрӯз Зеваров, продюсери Баҳром ба “Озодагон” гуфт, Валӣ ин сурудро бидуни иҷоза бозхонӣ кардааст. Дар моҳи июни соли 2014 низ Валӣ таронаи “Дар ин замона”-и Баҳром Ғафуриро иҷро карда буд. Он вақт Беҳрӯз Зеваров гуфта буд, онҳо барои бидуни иҷоза бозхонӣ шудани тарона ба “VSP Group”, ки аз ҳуқуқи муаллифии тамоми овозхонҳои ҷаҳон ҳимоят мекунад, шикоят бурдаанд.

Баҳром Ғафурӣ, яке аз хонандаҳои муваффақи попи Тоҷикистон аст. Ӯ соли 2011 ва 2014 дар расми тақдими ҷоизаҳои Big Apple Music Awards-и Амрико ширкат намуда, бори аввал "Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон" ва дафъаи дувум “Беҳтарин сарояндаи мард аз Тоҷикистон” шинохта шуд. "Муҳоҷирбача", "Модар", "Биё-биё", "Умри ман", "Чашми сиёҳ", "Шаробӣ" ва "Омадам" аз таронаҳои маъруфи Баҳроманд. Баҳром Ғафурӣ дар филми "Сукут"-и коргардон Cироҷиддини Ғафурӣ ҳам нақш бозидааст.


Мӯҳр
Бехтар аз бахром гафури хондааст. Касе бехтар хонад моли уст. Дуюмаш ин ки ин ашула моли касе нест на аз бахрому на аз вали. Моли мардум аст таронаи мардумист. Яъне фолклор. Бояд вали ишора мекард ки аз фолклори мардуми точик аст.

Baza
Ба чои узрхохи охир ягон сум оварда тияд хардуш мешан даволин охир )))) Узри холира чо мекуни?????

Илхом
Аслан ин таронаро Бахром дар пайрави ба таронаи машхури "Эй парй"-и Фуркати Саид эчод кардааст. Бояд худи Бахром инро эътироф кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)