Бахшҳо

Кош аз ҷойивазкунии зарбшавандаҳо ҳосил дигар мешуд

Ба манзили электронии хабаргузории “Озодагон” аз номи Сӯфӣ Сафиев, ки худро муҳоҷир муаррифӣ кардааст, матлабе расида, ки ҳоло пешниҳоди хонанда мегардад.


“Ватани маҳбубамон Тоҷикистон зиёда аз 20 сол аст, ки мустақил аст. Тули ин замон як тифли яксола ба як ҷавони пурҷушу хуруш табдил ёфт ва дар ақсои олам аз Осиё сар карда то Африқову Амрико таҳаввулоти зиёде шуд. Давлатҳои наве дар рӯи харитаи сиёсии ҷаҳон ба вуҷуд омаданд ва ҳамзамон миллатҳое азияткашида дар раванди давлатсозианд. Дар Ватани азизи мо низ дигаргуниҳои ҷиддие шуд. Бузургтарини онҳо хотима ёфтани ҷанги нангини бародаркушист.

Ҳоло теъдоди муҳоҷирони мо ба миллонҳо расидааст. Дар тули таърихи дарозаш ин миллат ба ин ҳад муҳоҷир нашуда буд.
Аммо ман ҳамчун як шаҳрванди қатории ин давлати ҷавон ва дӯстдори ин миллати таърих, фарҳанг ва тамаддуни бузургдошта аз он ки рӯз ба рӯз, ҳатто соат ба соат рӯзгори ҳаммилатонаму ман рӯ ба таназзул аст, сахт нороҳатам. Рӯз ба рӯз вазъи иҷтимоии ҳаммилатони ман дорад бад мешавад, ба ҷои он ки беҳтар шаваду рушду саодат ёбад. Чаро мо наметавонем зиндагии мисли инсони муосир дошта бошем? Тақсири чунин рӯзгори ноадолатона ба ҳаммилатони ман чист ва ё кист?

Дар тамоми давру замонҳо саодати рӯзгори як миллат ба раҳбарони он сахт вобаста буду ҳаст. Албатта, ин ҳам ҳаст ки пешрафи ҳар миллат ба авомунноси он низ вобастагии қавӣ дорад. Ва оё тудаи мардуме ҳаст ки зиндагии инсонворро напазираду орзӯи чунон рӯзгор доштанро накунад? Мутмаинам ки аксарияти аҳли башар хоҳони рӯзгори бошарофат аст. Бинобар ин хулоса кардан мумкин аст, ки пешрафти мо ба заковату ҳунари роҳбарону лидерони сиёсиамон вобастагии қавитаре дорад. Аммо дар тули ин қадар сол, ки таҳаввулоти зиёде рух дод, чаро сиёсати кадрии давлатдорони мо ҳамонаст, ки ҳамон? Дар тули ин бист сол ҳамон элитаи сиёсие ки дар як рӯз идеологияашро (комунистҳо демократ шуданд) дигар кард, идоракунада ва пешбарандаи ин миллатанд. Сиёсати кадрии давлатамон таҳаввулоти ҷиддиеро талаб мекунад. Зеро мардум имрӯз хоҳони дигаргунӣ ва тарафдори чеҳраҳои нави сиёсист, чун рӯзгори босаодат вобастаи раҳбарону нухбагони сиёсист. Наход дар миёни 8 миллиён нафар 18 вазир, 63 намояндаи халқ ва чанд додситону додгустари дӯстдори миллат набошад? Ба андешаи ман мутахассисони варзида ва ғамхори миллат дар соҳаи роҳбарикунӣ хеле зиёд ҳастанд. Фақат фурутаниву ҳиммати баланди он касоне лозим аст, ки ҷобаҷогузории кадрҳоро дар салоҳият доранд. Аз ҷойивазкунии зарбшавандаҳо ҳосил дигар мешуд, дар тули ин муддат, ки кам ҳам нест, шоҳидаш мешудем.

Маҳалгароиро ба миллатдӯстдорӣ, нифоқро ба тифоқ ва арзишҳои умумимилиро боло гузоштан аз арзишҳои хусусӣ пайроҳаест барои амалӣ намудани он кори хайр, ки аҷрашро дар ҳарду олам Худованд насиб мегардонад”.
Мӯҳр
Ахмади Калла
Чи кадар рохи тулони ва захмати зиёде моро дар пеш аст, то ки мафкураи ягонаи милли ташаккул ёбад. Мо ватандустон интизори он рузхои нек хастам ва Худо хохад вохиди ягона мешавем. Чунки мо арзандаем.

786 Кулоб
786
Салом. Ман хам ин орзуи сарбаландии миллати мусулмони точикро аз Худои Кодир дораму дуогуям доимо. Миллати мо дар гузаштааш дар таърихи худаш бо олимони мусалмону муъмини ватандустдор, сахткушу масъулият пазираш инро исбот кардааст, ки бо Ислом ва мусалмони мешавад бехтарин боши, хор набоши, балки сарбаланд боши доимо. Куръону хофизони Куръонаш, шеъру адабу ахлоки исломи, хикмат, Тиб, риёзи, нучум, санату ободони бехтар аз аврупо дар гузашта, доштем, афсус ки имруз Куръон манъ, дарсу бахсаш таълиму тарчумаву тафсираш, хикмату фалсафааш, хадиси паёмбар маъно ва тарчумаву тафсираш барканор шудааст, мо "ба туркистон меравем"
Назари шумо иншоАллох ки хубаст, ма бо далелхои курони рохат мегуям ки ин тагиру тахавулот дар хар милате дар дастони он милат аст бо тавакал ба Худои Азиз ва бо дуо ба даргохи мутаолии Аллох бавучуд меояд, бе шак. Харф зиёду вакто камаст...
Ва дуруд бар пайравони хакк.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)