Бахшҳо

Санҷиши вазорат дар мактаби 82: Айби ангишт не, айби ролтон будааст

Ҳайати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар пайи нашри хабари заҳролуд ва беҳушшавии гуруҳи хонандагони синфи 3-и мактаби 82-и ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷои ҳодиса дидан кардааст.

Камолиддин Шоев, ноиби директори мактаби рақами 82 дар суҳбат бо “Озодагон” боздиди масъулини Вазорати маорифро тасдиқ карда, афзуд, қазия на дар пайи таъсири дуди ангишт, балки дар пайи истеъмоли Ролтон сурат гирифтааст: “Мо дар баёнияҳои худ навиштем, ки дилбеҳузурӣ дар пайи истеъмоли ролтон сурат гирифтааст. Он ҷо гап дар бораи як гуруҳ не, балки дар бораи як духтарчаи синфи 3 меравад, ки дар хонааш ролтон хӯрдаасту ба меъдааш зарба овардааст. Дар натиҷа қай кард. Ҳозир ҳама хуб ва он духтарак ба мактаб омада рафта истодааст.”

Ин дар ҳолест, ки манбаи муътамади “Озодагон” гуфт, ҳодисаи заҳролудшавии хонандагони синфи 3-и мактаби рақами 82-и ноҳияи Рӯдакӣ дар вақти дарс дар пайи таъсири дуди ангишт рух додааст: “Дар синф беш аз 20 нафар хонанда машғули таълим будаанд, нахуст 3 нафарашон дилбеҳузур шуда, қай мекунанд. Баъди ин чанд тани дигар аз ҳуш рафтанд. Баъде ки фаҳмиданд, ин ҳама таъсири дуди ангишти оташдон аст ҳамаро ба ҳавои тоза бароварданд ва ёрии аввалияи тиббӣ расонданд. Сипас падару модарон омада, фарзандонашонро гирифтанд.”

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки танҳо дар мавсими сармои соли равон ҳадди ақал 10 нафар бар асари заҳролудшавӣ аз ангишт ҷон додаанд ва охирин ҳолати чунин фоҷиа дар ноҳияи Ваҳдат ба вуқуъ пайваста буд. Тавре мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, шаби 7-ум ба 8-уми декабр аъзои як оила, сокинони ҷамоати деҳоти Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат- Насиба Маҷидоваи 29 сола ва хурдсолон - Фаридаи Саидакрами 6 сола, Саидаслами Саидакрами 5 сола, Фазилаи Саидакрами 4 сола ва Саидакрам Муҳаммади 3 сола аз ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд.



ВИДЕОИ маросими видоъ бо аъзои як хонавода дар Ваҳдат
Мӯҳр
muallim
az besavodii rohbaron mardum memirand

ин ангишт аз кадом сортхои ангишт аст, чаро минздрав ингуна ангиштро манъ намекунад, е ин ангишти хитои бошад?

Ин чи дуругест ки дар сайти озодагон медарояд вай кудак аз хисоби ролтон шудаги на аз хисоби дуд авал санчед баъд нависед чанг андосхои озодагон

Вакте мо дар кишлок будем, бибиям хатто ба янгахо гарм кардани хонаро бо ангишт бовар намекард. Худашон ба оташдон алов мекард, мегуфт як як катра оби зиёти (ангиштро тар кардан лозим) оташро хомуш мекунад ва як катра оби кам одамро. ангиштрохам бояд тавонист истифода бурданаша.

Ихтироъкор
О аз ангишт газ хосил мешудааст-ку. Точикгаз ана гиреду газ хосил карда ба мардум дихед... Хонахо гарм...

Мардумро дигар фиреб карда наметавонед. Беҳтараш қувваи барқро диҳед!

кай хамин дуди ангишт ба "манбаъхои боэътимод"-и Озодагон таъсир мекарда бошад?!

345324
Твою мать Озодагон! Че ты обманываешь людей? Почему пишешь, что у тебя есть видео? Очата .................!!!!!!!!!!!!!

Захролудшави аз Ролтон ин бори аввал нест. Факат халки бечора аз бесаводи ба органхои болои мурочиат намекунанд. Чаро воридоти Ролтонро маън намекунанд? Гостандарт/Минздрав кани санчиши Шумо?

Ustod
Man az fanni computer dar hami maktab kor mekunum. Hami dukhtari bechora ay bui kumuri maktaba hamitari shid. Hatto chand nafari digar ham ba hami holat az digar sinfho niz giriftor shudand. U kadom insone ki mekhohad rostashro bfahmad ba maktab oen va binen ki chi hodisahay moda. Az maorifi nohiya guftasnd ki az Vazorat odam meoyad bad guen ki ay angisht newvu ay Rolton shidagiyai. Direktori maktab rangi ... az pasi namoyandaho medavid va bo ziyofat onhora gusel kard! Ana asli voqea chi ast!!!!!!!!!!!!!

Аааа, ман фахмидам, Ин ангишт аз ролтон омода карда шудааст. Айби Вазорати маориф не, айби ролтон. Дод аз дасти ролтон. Ин гуфтахои муаллим мисли хамон анекдот - Дод аз дасти каду...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)