Бахшҳо

Ином Абдуллоев: Пулис қасди боздошти маро дорад

Ином Абдуллоев, писари Бурҳон Абдуллоев, ки субҳи имрӯз аз назди Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бедарак шудааст, мегӯяд, мақомоти пулис талоши боздошти ӯро доранд.

Писари Абдуллоев имрӯз, рӯзи 19 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳоло пушти дарвозаи онҳо чанд тан аз маъмурини пулис ҳузур доранд ва ба эҳтимоли зиёд ҳангоми берун рафтанаш боздошт хоҳад шуд.

Ином Абдуллоев мегӯяд, субҳи имрӯз баъди бедарак шудани падараш дар Душанбе оқои Муллоев, сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шаҳритус бо ӯ тамос гирифта, гуфтааст, фавран ба назди Толиб Назаров, муовини сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ҳозир шавад: “Саҳар нозири минтақавӣ ба наздам омаду гуфт, туро сардори шӯъба интизор аст, вале ҳангоме, ки даъватнома талаб кардам, бо сардораш тамос гирифта телефонро ба ман дод. Муллоев ба ман гуфт, ки зуд ба назди Толибов равам, аммо чун ман аз бедарак шудани падарам огаҳ кардаму гуфтам, ҳоло дар хона касе нест, кӯдаконро нигоҳ кунад, гуфт, рав ба назди Толибов падаратро ҳамонҷо хоҳӣ дид”.

Ин ҳарфҳои Абдуллоеви хурдӣ дар ҳолест, ки Санавбар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев мегӯяд, шавҳари ӯ, ки ҳамроҳашон ба Додгоҳи олии иқтисодӣ омада буд, бедарак шуда, то ҳол касе намедонад, ӯ дар куҷо аст.

Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритус ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президенти кишвар - Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доранд. Моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, бозор байни тарафҳо 50 ба 50 тақсим карда шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, ахиран эълон карданд, дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони "Пуст говорят"-и шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард.


Дар акс Санавбар Абдуллоева, модари Ином Абдуллоев
Мӯҳр
...Ва моро водор мекунанд, ки ба умеди дигаргунихо ба ХНИТ овоз дихем...

Ин, Иномро, ки ин чо худро мусичаи бегунох нишон медихад, дар сомона тамошо кардам. Дугу пуписае, ки ин наврас сари масъулони макомоти кудрати мекунад, хамон лахза бояд дастгир ва мавриди мухокима карор мегирифт. Миёни издихоми мардум руи милиса ба кавле туф кардан барои чи бояд бечазо монад?!

Бародарам Сухроб, ба кадом хизб овоз доданатон хукуки шахрвандии шумост. Вале аз овози шумо агар "Дигаргуни"-е хам шавад дар вазифаву рузгори хамноми ману муовинаш мешавад. Хеч гох чое, ки пулу манфиати шахсист мову шуморо пешбари намекунанд!

Хочи
Мухиддин,
Агар молу мулки туро хам беасос гасб мекарданд, ту магар ором менишасти?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)