Эъдоми 100 ҷангҷӯи “амир”-и тоҷик дар шимоли Сурия

Гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”-и маъруф ба ДИИШ ҳудуди 100 ҷангҷӯи худро ба иттиҳоми фирор аз сафи ҷанг эъдом кардааст.
Нашрияи “Financial Times” менависад, ин афрод, ки мехостанд аз суфуфи ҷангҷӯёни ДИИШ фирор кунанд, рӯзи 20 декабр дар шаҳри Раққаҳ, дар шимоли Сурия кушта шудаанд. Ба иттилои нашрия, ин сад нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ буда, дар пойгоҳи ташкилкардаи ин гуруҳи террористӣ дар Раққаҳи Сурия ба сар мебурдаанд.
“Financial Times” аз қавли манбаи худ навиштааст, моҳи гузашта, 5 бритониёӣ, се фаронсавӣ, ду олмонӣ ва ду шаҳрванди Белгия низ талоши гурехтан аз сафи ҷангҷӯёни ин гуруҳи террористиро кардаанд. Онҳо қасди фирорашонро чунин шарҳ додаанд: “Мо барои набард бо режими Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия ба ин кишвар омодаем, аммо ҳоло бо дастури ДИИШ бо неруҳои мухолифин меҷангем”.
Эъдоми сад нафар аз ҷангҷӯёни хориҷии ДИИШ дар Раққаҳи Сурия дар ҳолест, ки ин созмон моҳи августи соли равон, баъд аз таҳти тасарруфи худ қарор додани ин минтақа як шаҳрванди Тоҷикистонро дар он ба ҳайси амири худ таъйин карда буд.
Ба иттилои расонаҳои марбут ба ДИИШ, ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ин мақом бо дастури Абубакр Бағдодӣ - раҳбари ДИИШ, ки ахиран худро халифаи мусулмонони ҷаҳон эълон кард, гӯиё баргузида шудааст. Далели ин тасмим дар фаъол будани шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми ғасб шудани ин минтақаи Сурия аз сӯи ҷангҷӯёни ДИИШ арзёбӣ гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |