Эмомалӣ Раҳмон озими Маскав шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 22-юми декабр бо як сафари корӣ озими шаҳри Маскав шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок хоҳад кард. Интизор меравад, ки зимни ин ҳамоиш мақоми раҳбарӣ дар ин созмон ба Тоҷикистон хоҳад гузашт.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |