“Ҷавонони Тоҷикистон” соҳиби сомона шуд

Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар остонаи 85-солагии таъсисёбии нашрия сомонаи интернетии худро роҳандозӣ кардааст.
Бино ба иттилои Самариддин Асозода, сармуҳаррири ҳафтанома, ин торнамо бо нишонии www.javonon.tj дастрас буда, шурӯъ аз 1 январи соли 2015 хабарҳои Тоҷикистону минтақа ва ҷаҳонро бо забонҳои тоҷикию русӣ нашр мекунад. Ӯ яке аз ҳадафҳои асосии роҳандозии сомонаро фаро гирифтани бештари хонандагон унвон карда афзуд, “баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ҷавонони зиёд барои таҳсил ба хориҷа мераванд, инчунин, қисми зиёди муҳоҷирони кории кишвар, ки асосан, дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон кору фаъолият мекунанд, ҷавонанд. Ҳамчунин, бо рушди технология имкони дастрасии инернет ба воситаи телефонҳои мобилӣ фароҳам омадааст. Бинобар ин, онҳо ба воситаи сомона аз навигариҳои кишвар ва дастоварду мушкили ҳамсолон имкон пайдо мекунанд пайваста хабардор гарданд”.
Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” (дар гузашта “Комсомоли Тоҷикистон”), нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 5 апрели соли 1930 таъсис ёфтааст ва ҳар ҳафта як маротиба дар ҳаҷми 16 саҳифа ба табъ мерасад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |