"Дурӯғ”-и нави расонаҳои русӣ дар мавриди гаравгонгирии тоҷик

Фазои иттилоотии Русияро давоми як рӯзи охир қазияи ба гаравгон гирифтани духтарчаи 9-сола дар минтақаи Нахабини назди Маскав фаро гирифтааст, ки ба иттилои расонаҳои маъруфи ин кишвар гӯиё аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон содир шудааст.
Тавре расонаҳои маъруфи Русия, аз қабили РБК, ТАСС, НТВ, Вести, Эхо Маскав ва ғайраҳо хабар медиҳанд, шоми 22-юми октябр шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳолати мастӣ ба ҳайси корманди Почта вориди хона дар кӯчаи Ленски минтақаи Нахабин шудааст: “Аз хона модаркалонро берун карда, Кираи 9-соларо давоми 4 соат ба гарав гирифтааст.”
Аммо манобеи “Озодагон” мегӯянд, дар асл нафаре, ки даст ба ин ҷиноят задааст, Рустам Одилов, шаҳрванди 22-солаи Узбакистон мебошад, ки зимни амалиёти мақомоти пулис аз ҳар ду ронаш ҷароҳат бардоштааст. Ӯ пеш аз амалиёт дар тиреза варақаҳо насб карда, узр хостааст ва талош кардааст, ки тариқи буридани рагҳо худкушӣ кунад. Аммо дар пайи як амалиёт, ки онро шахсан вазири умури дохилии Русия, Владимир Колоколтсев раҳбарӣ мекардааст, боздошт шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |