Ҷоизаи “Талошгари ҳуқуқи башар” ба Мавлавӣ Исмоилзиҳӣ дар Эрон
Мавлавӣ Абдулҳамиди Исмоилзиҳӣ, имом-хатиби масҷиди Маккии Зоҳидони Эрон барандаи ҷоизаи “Талошгари ҳуқуқи башар” дар соли 2014 эълон гардид.
Ба иттилои торнамои расмии Маркази мудофеони ҳуқуқи башари Эрон, ин ҷоиза ба Исмоилзиҳӣ аз сӯи Наргис Муҳаммадӣ, муовини раҳбари созмони мазкур дар манзили зисташ дар шаҳри Балуҷистон рӯзи 23 декабр тақдим шудааст.
Маркази мудофеони ҳуқуқи башари Эрон мегӯяд, ҷоизаи “Талошгари ҳуқуқи башар” ба Исмоилзиҳӣ барои талошҳои пайгиронаи ӯ ба хотири барқарорсозии равобит миёни қавмҳо ва гароишҳои гуногуни мазҳабӣ дар шаҳрҳои Сиистон ва Балуҷистони кишвараш дода шудааст. Масъулини ин созмон дар шарҳи ин хабар гуфтаанд, “бисёр ифтихор дорем, ки ҷоизаи “Талошгари ҳуқуқи башар”-и имсола ба Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, руҳонии аҳли суннат ва имом-хатиби Масҷиди Маккии Зоҳидон тақдим мешавад”.
Маркази мудофеони ҳуқуқи башар афзудааст, бо вуҷуди ин ки шаҳрҳои Сиистон ва Балуҷистон яке аз манотиқи марзии Эрон бо Афғонистону Покистон ба шумор мераваду сокинони ин ду кишвар пайваста дар гирдоби ҷангҳои қавмию мазҳабӣ қарор доранд, Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ талош кардааст, дар ин минтақа ба ихтилофҳои қабилавию мазҳабӣ хотима бахшида, бо ироаи улгуҳои таъсиргузор барои зисти мусоламатомезу таҳаммули якдигар ба амнияту субот ва ҷилавгирӣ аз хушунат ёрӣ расонидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |