Бахшҳо
24 дек 2014 12:09Тоҷикистон / Сиёсат

“Нигоҳ” сабаби аслии аз чоп монданашро эълон кард

Ҳафтаномаи иттилотиву сиёсии “Нигоҳ”, ки ба далели надоштани иҷозатномаи Вазорати фарҳанг тайи ду ҳафтаи охир аз нашр монда буд, дигарбора рӯи чоп омад.

Дар саҳифаи аввали шумораи 421-уми “Нигоҳ”, ки ҳафтаи равон дастраси хонандагон гардид, ҳайати эҷодӣ барои чоп нашудани нашрия тайи ду ҳафтаи охир аз хонандагон узрхоҳӣ кардаанд.

Ҳайати эҷодӣ навиштаанд, “боиси таассуф аст, ки ду шумораи "Нигоҳ" дар шакли чопӣ бо баҳонаҳои бофтаву сохта ба дасти хонанда нарасиданд, ҳуқуқҳои хонандагону обуначиёни нашрия поймол гашта, ба аҳли эҷод, идораи нашрия ва рекломдиҳандагон зарари моддӣ ва маънавӣ расонида шуд. Мо ҳуқуқ ба озодии баёну андеша ва дастрасӣ ба иттилооти мустақилро волотарин арзиш дониста, омодаем, ки зарари молии ба обуначиён расидаро ҷуброн созем ва бори дигар таъкид мекунем, ки ба дастгирии ҳамешагии хонандаи ҳушманд ниёз дорем.”

"Нигоҳ" менависад, ки сабаби аслии аз чоп мондани ду шумораи гузаштаашро муайян кардааст: “Муҳтавои гӯшаву шеваҳои пешниҳоди матолиби нашрия ва ҳамчунин забони мақолаҳои "Нигоҳ" ба мансабдорон ва ниҳодҳои алоҳидаи ҳукумат писанд набудаанд.”

Дар ҳоле, ки чопхона зимни радди чопи “Нигоҳ” надоштани санади бақайдгирӣ дар Вазорати фарҳангро пеш меовардааст.

Дар ин робита низ аҳли эҷоди "Нигоҳ" бар онанд, ки: а) баҳисобгирии давлатӣ як маротиба мешаваду муҳлатнок кардани шаҳодатномаи баҳисобгирӣ меъёри зиддиконститутсионӣ аст. Аз ин рӯ, бояд дар Суди конститусионӣ мавриди баррасӣ қарор гирад; б) сензура дар Тоҷикистон манъ буда, ҳеч ниҳоди ҳукуматӣ ҳаққи дахолат ба муҳтавоии расонаҳои мустақилро надорад; в) расмиёти техникӣ, монанди баҳисобгирии нашрия ва идораи соҳа аз ҷониби ниҳодҳои маъмур набояд боиси сӯистифода аз вазифаву мансаби давлатӣ, поймол шудани қонунҳо ва ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони кишвар гардад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)