Бахшҳо

АКС: Баҳси духтарҳои нимаурён дар дискоклуби “INFINITY”

Шеваи таблиғотии як дискоклуби нав дар маҳаллаи “Колхози Россия”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо истифодаи аксҳои нимаурёни духтарони тоҷик роҳандозӣ шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифт.

Бархе аз корбарон аз ифтитоҳи чунин макони тафреҳӣ ва ҳузури раққосаҳои нимаурён дар маркази Тоҷикистон - кишваре, ки ҳудуди 99%-и аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, шадидан интиқод кардаанд.

Маҳмадуллоҳ Вазиров, яке аз корбарони Фейсбук, ки ин гуна шеваи таблиғот ва сару либосро барои духтарони тоҷик нанг медонад, гуфтааст, ба назари ӯ ин ҳама ҷуз фаҳш чизе нест: “Ҳарчанд ба ҳуқуқи дигарон ва интихоби онҳо эҳтиром мегузорам, вале ба назари банда, барои духтарони мо – тоҷикон чунин корҳо зебанда нест.”

Ба гуфтаи Маҳмадуллоҳ З. Вазиров, ин шеваҳои таблиғоту истифода аз духтарони нимаурён, ки ба қавли мубаллиғонашон, “фарҳанг ва санъати сатҳи нав” аст, моли Ғарб мебошад: “Ин ҳама чизҳое мебошанд, ки ба минталитет ва дину ойини мо рост намеояд.”

Вале Гулчеҳра Аҳмадҷонова, корбари дигар аз ифтитоҳи чунин маркази тафреҳӣ ҷонибдорӣ карда, онро “фарҳангу маданияти сатҳи нав” донистааст.

Светлана Климова, корбари дигари Фейсбук низ ба ин баҳс ворид шуда, гуфтааст, “барои духтари бомаданияту дорои шарму ҳаё пӯшидани чунин либос намезебад.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар яке аз ҷаласаҳояш марказҳои дилхушии шабона, ё худ дискотекаҳоро, ки то субҳгоҳон фаъолият мекунанд, мояи костагии фазои ахлоқӣ ва рахнаи арзишҳои миллӣ хонда, дастур додааст, назорати онҳо пурзӯр шавад. Убайдуллоев сохторҳои шаҳрию ноҳиявиро дар камфаъолиятӣ муттаҳам карда, таъкид намуда буд, ки “то ҳанӯз марказҳои алоҳидаи дилхушӣ хилофи регламенти Душанбе то субҳгоҳон фаъолият намуда, боиси косташавии фазои ахлоқӣ ва таблиғи арзишҳои номатлуб миёни ҷавонон мегарданд.” Шаҳрдории аз сокинони пойтахт ва воситаҳои ахбори омма даъват кардааст, ки ба мубориза алайҳи қонуншиканиҳои соҳибони марказҳо ва рафторҳои номатлуби ҷавондухтарону писарон дар марказҳои дилхушӣ ворид гарданду аз чунин ҳолатҳо оҷилан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сомонаи шаҳрдорӣ хабар диҳанд, то дар пойтахт фазои солими ахлоқӣ ва арзишҳои миллӣ ҳифз шаванд.

Аз сӯи дигар, Рустам Назаров, роҳбари Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, аз истифодаи маводи мадҳушкунанда, психотропӣ ва мухаддирот дар марказҳои дилхушӣ ва дискотекаҳои Душанбе нигаронӣ карда буд. Генерал Назаров, зимни нишасти матбуотияш дар Душанбе гуфт, сарусадоҳои зиёд дар мавриди итифодаи маводҳои психотропӣ дар марказҳои дилхушӣ ҳақиқат доранд: “Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе дискоклубҳо ҳоло ҳам харидуфурӯш ва истифодаи маводи психотропӣ ҷой дорад."


АКС: Баҳси духтарҳои нимаурён дар дискоклуби “INFINITY”

АКС: Баҳси духтарҳои нимаурён дар дискоклуби “INFINITY”

АКС: Баҳси духтарҳои нимаурён дар дискоклуби “INFINITY”
Мӯҳр
А бача гумш ку, и точикистонай ё ...?

аппаратчик
ин дискоклуб барои реклама ба ОЗОДАГОН чанд пул дода бошад?

инсон
гулчехра ахмадчонова чаро худаш бо ин сурат реклама намеистад дар таги коса ним коса аз хисоби духтарои кам бизоат сум кормекнад

Чи хел нагз, лоакал бо халво гуфтан дахон шира мегирад////

Танзим
Меъорхио озодии дарахти ДЕМОКРАТИЯ мувофики талаботхои чорчубаи шохахои ахлокии миллат ташаккул дода шавад.

Чмабек
фирдавс
кимба нафорад набенед манда макул

Боварии комил дорум аксари точикода маакулай итари дискатеко, биёе тема накнем.

Расму русуми миллиро аз туркманхо омузед ! Ба гуфтану валвала андохтан дигаргуниро дар ахди точик дар шаби хоб мебинед !

Ҳайрон.
Чашмонам дидаистодаанду лек ақлам бовар накарда истодааст, ки наход дар Тоҷикистони биҳиштии мо гулдухтарони бошарму ҳаёаш то ҳамин ҷо омада расида бошанд! Сабабаш дар чӣ бошад ааа?

Хаким
Худоё панох Давлати 98% мусулмон дошта ба ин хол омада растдааст. Дар холе, ки тамоми рохбарони табакахои хукумат пеши рохи инро намегиранд. Боз даьвогу, ки мо мусалмонем, хизмат ба ватану Точикистон мекунем. Дар соли 2013-ум дар кишвар 1 ҳазору 641 фоҳиша ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли пешӣ 338 нафар зиёд мебошад.сол то сол шумора зиёд мешавад, Ва шумораи беморихои ВИЧ СПИД дар ТЧК зиёда аз 6000 бакайд гирифта шудааст. Пас шумо як фикр кунед ! Холи чомаи мо ба кучо мерасад. Насли мо чи тавр солим бошаду чи тавр чомиаи солим барпо кунем???? Худоё духтарони моро хаёу иффат насиб кунад, Ва ин рохбаронро тавфик дихад, то дар фикри миллат бошанд.Омин

Абдуллох
Рости хаминкадари дигар монда буд, ки духтарои точик ошкорона ба фохишаги таблиг шаванд. Бародарон маъзарат мехохам аз хамаи Шумо, неки агар касе беахмияти зохир кунад нисбати ин рафтор даюс мешавад. Охир хамон духтарон ё духтари касе хастанд ё хохар ё модар ё зан ё апаву келину дигар. Мо ки алхамдулиллох хама даъвои мусалмони мекунем боз чигуна номус карда ба инкорхо бепарвоёна нигох кардаистодаем. Бовари дорам агар Хукуматдорони мо аз ин бохабар бошанд бояд алакай оиди бастанаш андешида бошанд, агар не умедворем ки харчи зудтар Худованд тавфик атошон кунад, ки ин фохишахонаро банданд. Аллох мардуми точикро аз ин мусибат дар панохаш нигох дорад.

Нанг
Тоҷик баъд аз ба ингуна ҳол расиданаш мурдану умуман нобуд шуданашаш беҳтар. Тоҷик аҳмақ пои худро куҷо баробари фоҳишаҳои Ғарб мегузорад. Э марг бар ин фоҳишаҳои тоҷику тарафдоронаш. Тарафдорони ингуна фаҳш аз фоҳишаҳо камтар нестанд ва албатта, ки онҳо низ мисли ин гӯштпораҳои урён кундаи дӯзаханд. Озодагон мунтазирам.

fayzulo
ман хайронам - охир ин давлату чомеа "хукукбунеду дуняви" гуфта дар тамоми чой овоз баланд мекунанд ку... агар ин чо конуни бошад пас чаро ки кор накунад??

Ҳарчанд аз худшиносии милливу ҳуввияти хештаншиносӣ қилу қоли зиёде мегӯем лекин ҷои таасуф аст, ки на ҳама гуфтаҳову кардаҳои худамонро дарк мекунем. Ин ҳама "фаҳшо, мастию пастӣ, ноадолатию ноинсофӣ...." аз чи маншаъ мегирад ? Чун ба таъбире "Зи Худост ё зи худи мост"? ба гумони ағлаб ин зи худи мост, чунки Худованд ба кору пайкори бандааш нигоҳ карда ҷавобашро мегардонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)