Бахшҳо

“Разбор”-и маргбор барои 1000 доллар дар шимоли Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти чор сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар додааст, ки дар куштор гумонбар мешаванд.

Торнамои ин ниҳод менависад, Шуҳрат Дадабоев соли таваллудаш 1977, Ҷамшед Ахмедов соли таваллудаш 1988, Ҳалимбой Зокирбоев соли таваллудаш 1985 ва Акрамбой Махкамов соли таваллудаш 1985, “рӯзи 24 декабри соли равон соати 19:30 барои ҳал намудани муноқишаи байни шаҳрвандон: Маҳкамов Акрамбой ва Ёдгоров Ғуломҷон соли таваллудашон 1990, ки Ёдгоров Ғ. ҳамчун устои сохтмончӣ дар хонаи истиқоматии Маҳкамов А. кор карда, қисми маблағашро ба андозаи 1000 доллари амрикоӣ нагирифтааст, меоянд. Дар натиҷа байни онҳо ва Ёдгоров Ғуломҷон, Алиев Фазлиддинхон, соли таваллудаш 1989, Алиев Умархон, соли таваллудаш 1990 ва Ниёзов Азиз, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд, муноқиша ва задухӯрд ба амал омад”.

Дар натиҷаи ин низоъ, “Шуҳрат Дадабоев бо корди бо худ дошта якчанд маротиба ба қисми дил ва шиками Алиев Фазлиддинхон зарбаҳои ҳалокатовар зада, баъдан ба Ниёзов Азиз низ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст”. Манбаъ меафзояд, Алиев дар беморхона ба ҳалокат расида, Ниёзов дар беморхона бистарӣ гаридааст. Сарчашмаи хабар мегӯяд, Шуҳрат Дадабоев, Ҷамшед Ахмедов ва Ҳалимбой Зокирбоев доғи судӣ дошта, қаблан зиндонӣ будаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)