Бахшҳо

Идеяи нави Убайдуллоев: Аз сармоягузорон маблағ ситонда шавад!

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе рӯзи 25 декабр дар ҳисоботаш ба вакилони пойтахт афзоиши сохтмонҳои навро дар ҳоле, ки шабакаҳои барқу гармидиҳӣ ва обу коррезӣ ба талабот ҷавобгӯй нестанд, мояи нигаронӣ хондааст.

Ӯ таъкид намудааст, сармоягузорӣ ба сохтмон афзоиш ёфтаасту ба рушди инфросохтори муҳандисӣ, пеш аз ҳама шабакаҳои барқу гармидиҳӣ ва обу коррезӣ кам аст. Раиси Душанбе барои ҳалли ин мушкил пешниҳод намудааст, корхонаи нави воҳиди давлатӣ таъсис ёбад, ки аз сармоягузорони биноҳои тиҷоратӣ маблағи муайян гирифта, барои рушди инфросохтори муҳандисӣ равона кунад: “Аз нигоҳи мантиқӣ ва риояи иҷтимоияти тиҷорат яке аз вариантҳои ҷолиб ин аз ҷониби фармоишгарон - сармоягузорони иншооти тиҷоратии бунёдшаванда гирифтани ӯҳдадории нотариалӣ барои бо ин мақсад равона намудани маблағи муайян мутаносибан ба арзиш ва масоҳати умумии бинои сохташаванда мебошад ва тавассути таъсис додани Корхонаи воҳиди давлатии махсусгардонидашуда корҳои лоиҳакашию бунёди шабакаҳои муҳандисиро роҳандозӣ хоҳем кард. Дар ин ҷода масъулини шаҳрдорӣ паҳлӯҳои ҳуқуқии масъаларо амиқ омӯхта, татбиқи онро дар доираи Қарори дахлдори батасвибрасандаи Раиси шаҳри Душанбе бояд таъмин созанд.”

Инчунин Убайдуллоев дар пасманзари афзоиши босуръати сохтмонҳо имконоти мақомоти дахлдорро барои назорати сатҳу сифати сохтмонҳо нокифоя хондааст: “Аз ин лиҳоз, шӯъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе муваззаф карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои масъули соҳа, инчунин бо ҷалби коршиносон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти таъмини назорати эътимоднок, иҷрои босифати корҳои сохтмону васлкунӣ ва истифодаи маҳсулоти сохтмонӣ Барномаи махсусро бо омӯзиш ва роҳандозии таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намоянд. Ҳамзамон бояд назорати санитарию эпидемиологӣ дар ҷараёни корҳои бунёдӣ, ки дар интиҳо истифодабарандаи дилхоҳ иншоот инсон ва шаҳрванд мебошад, пурзӯр карда шавад.”

Ин супоришҳо дар ҳолеянд, ки тибқи иттилои шаҳрдорӣ тайи 11 моҳи соли равон дар Душанбе 90 ҳазору 285 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 25,5 дарсад зиёд мебошад.
Мӯҳр
Перевал
Ба як нафасу, ба як нигох хондани ин чумлахо ин алакай кахрамонист ва дар рушди магзи сар мусоидат мекунад.

Сардор
Ин чумлахоро дар илми забоншиносии нав мегунд ки чумлахои таркибии пайвандакдори дуру дарози нафасгиркунандаПеревал,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)