Ҳизби наҳзат журналист меҷӯяд
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба хотири пайдо кардани хабарнигор барои Ситоди интихоботии худ озмун эълон кардааст.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ 27 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ин озмун ба хабарнигороне афзалият дода мешавад, ки ҳадди ақал забони русиро медонанд. Ба гуфтаи оқои Файзраҳмонов, қабули ҳуҷҷати довталабон то 3 январи соли 2015 идома хоҳад ёфт: “Хоҳишмандон метавонанд, “тарҷумаи ҳол (CV) ва собиқаи кориашонро ба имейли зерин: Mahmudjan76@gmail.com равон кунанд. Барои маълумоти бештар ба рақамҳои 934662328 ва 985889622 занг занед”.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ 42 ҳазор узв дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |