Бахшҳо

Муҳимтарин воқеоти имсол: Аз боздошт то баҳси бозорҳову нишасти СҲШ

Сайф САФАР

Ҳамагӣ баъди ду рӯз соли 2014-и милодӣ бо чандин воқеоту ҳодисот моли таърих мешавад. Аз ин ҷиҳат ҷо дорад, чанде аз ин ҳаводиси муҳимро дар поёни сол ёдовар шавем.


БОЗДОШТҲО

Масъулони Оҷонси мубориза бо фасод рӯзи 6 март Фахриддин Зокиров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, тоҷири муваффақ ва вазири пешини саноати Тоҷикистонро ба иттиҳоми тақаллуб боздошт намуданд. Дар авоили қазияи боздошти ин вакили мудофеъ муфатишон гуфтанд, ӯ баргардондани 30 дарсад қарзи 1 миллионаи “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба таъхир афтондааст. Ин вакили мудофеъ, пас аз 8 моҳи боздошт рӯзи 3 ноябр дар пайи қонуни афв озод шуд.

Шуҳрат Қудратов, яке дигар аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, рӯзи 21 июли соли ҷорӣ аз ҷониби Оҷонси мубориза бо фасод дастгир шуд. Ӯро бо иттиҳоми додани пора (моддаи 320) ва қаллобӣ (моддаи 247) мутаҳҳам донистанд. Шерзод Низамов, додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки Шуҳрат Қудратов дар пешниҳоди пора ба ӯ муттаҳам мешавад, зимни як мурофиаи додгоҳӣ изҳор кардааст, ин ҳуқуқшиноси боздоштшуда ба ӯ пораи пули пешниҳод накардааст. Шуҳрат Қудратов, феълан дар боздоштгоҳ ба сар мебарад ва гумон аст, дар соли равон қазияи ӯ ниҳоӣ шавад.

Александр Содиқов, унвонҷӯи донишгоҳи Торонто, ки бо мақсади пажӯҳише барои донишгоҳи Эксетери Бритониё ба Тоҷикистон омад, рӯзи 16 июн аз ҷониби кормандони амниятӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ин пажӯҳишгар ҳангоми мусоҳиба бо Алим Шерзамонов, раиси Ҳизби сотсиал-демкорат дар Бадахшон, ба дасти маъмурони амниятӣ афтод ва баъдан Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар як баёния эълом кард, Содиқов ба иттиҳоми “ҷосусӣ” боздошт шуд. Боздошти Александр Содиқов дар сархати расонаҳо ва мавриди интиқоди созмонҳо ва анҷуманҳои илмии мӯътабари ҷаҳонӣ қарор гирифт. Созмони Афви Байналмилал дар як изҳорот боздошти Александр Содиқовро дорои ангезаҳои сиёсӣ унвон кард. Ин пажӯҳишгари ҷавони тоҷик пас аз 36 рӯз озод шуд ва дубора ба Канада рафт.


БОЗОРҲО

“ИНОМ”

Қазияи Санавбар Абдуллоева ва Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раиси ҷумҳур бар сари бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритус аз пурбаҳстарин воқеоти сол буд. Пас аз баҳсҳои зиёди додгоҳӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ ба ин натиҷа расид, ки бозори “Ином” миёни ҳарду саҳмдорон 50 дарсадӣ тақсим шавад, ки ин қарор норизоии Санавбар Абдуллоеваро ба миён овард Хонум Абдуллоева аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурд ва эълом доштааст, дар сурати расидагӣ нашудан ба ин шикоят ӯ баҳсро ба барномаи “Пусть говорят”, барномаи шабакаи аввали телевизиони Русия мекашад.

Қаблан саҳмдорони бозори “Ином” аз Маҳмадсаид Убайдулоев, шаҳрдори Душанбе дархост карданд, барои баргузор кардани гирдиҳамоӣ дар назди бинои Додгоҳи олии иқтисодӣ иҷоза диҳад. Аммо, ҳукумати шаҳри Душанбе ба ин дархост посухи рад дод.

“САХОВАТИ КАБИРӢ”

Додгоҳи шаҳри Турсунзода моҳи апрели соли ҷорӣ бо даъвои Оҷонси мубораиза бо фасоди молӣ ба мурофиаи бозори “Саховат”-и ин шаҳр пардохт. Ба иттилои ин ниҳод бозори мазкур, ки ба хонаводаи Муҳиддин Кабирӣ таалуқ дорад, дар санадгузориҳояш камбуд дорад. Аз ин хотир, Оҷонси мубориза бо фасод хостори гирифтани бозор шуд ва гуфтанд, ки дар ҷойи он варзишгоҳ бунёд мешавад. Ҳарчанд Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод кард, дар сурати ҷудо шудани замин ӯ омода аст аз ҳисоби худ варзишгоҳ бунёд кунад, вале 21 апрел тибқи ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Турсунзода ин бозор ба ҳисоби давлат гузашт.

ҲАМЛА БА ҲИЗБҲО

...ба ҲСДТ

Ҳамлаи гуруҳе аз занон ба дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз пурсарусадотарин хабари охири соли 2013 ва оғози соли 2014 буд. Ҳамлаи дубораи “занони исёнгар” ба дафтари ин ҳизб рӯзи 1 феврал сурат гирифт, аммо онҳо дари дафтарро баста диданд ва дар дохил ҳам касе набуд. Он замон Раҳматилло Зоиров, райиси ҲСДТ ба расонаҳо гуфт, воқеан дар ин рӯз гузаронидани ҷаласа дар назар буд, вале ба далели беморӣ ин ҷаласаро ба таъхир андохтааст. Шӯҳрат Қудратов, яке аз масъулони ин ҳизб гуфт, ба хотири гӯш кардани телефонҳо ин занҳо аз ҷаласа хабар ёфтанд. Ба гуфтаи раиси ҲСДТ, маъмурони пулис 5 тан аз ин занонро бозпурсӣ ва баъдан раҳо карданд.

“Помидоршапаки Кабирӣ”

10 июни соли равон Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз як дидор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб мавриди ҳамлаи гуруҳи ҷавонон қарор гирифт. Ин мулоқот ба далели баста шудани дафтари ҲНИТ аз ҷониби идораи молиёти Кӯлоб дар манзили Муҳаммадшариф Набизода, раҳбари ҳизб дар ин минтақа доир шуд, ки пас аз анҷоми ҷаласа партоби тухму помидор ба сӯйи ҳайати ин ҳизб сурат гирифт.
Ин амалкарди гуруҳи ҷавонон нигаронии вакилони порлумонро ба бор овард. Аз ҷумла Саодат Амиршоева ва Исмоил Талбаков ин ҳамларо маҳкум карданд ва аз мақомоти зидахл дархости пайгирии ин қазия шуданд.

НИШАСТИ САРОНИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШАНХАЙ

Яке дигар аз воқеоти муҳими сол нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай буд, ки 12 сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки раисони ҷумҳуриҳои 6 кишвари узв баргузор гардид. Дар ин нишаст масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, амнияти минтақа тарҳи стратегии рушди СҲШ то соли 2025 ва вазъи Украинаву Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин нишаст инчунин раисони кишварҳои нозир раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Туркманистон, Муғулистон ва вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон ва мушовири сарвазири Покистон оид ба масоили сиёсию амниятӣ иштирок доштанд.

Ин нишаст бо имзо шудани 10 санади ҳуқуқӣ амсоли Эъломияи Душанбе ва санади омодагӣ барои таҷлили 70-умин солгарди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум имзо шуд.

БОЗ КАДОМ ВОҚЕАҲО АЗ НАЗАРИ ШУМО ХЕЛЕ МУҲИМ БУДАНДУ ДАР ХОТИРҲО НАҚШ БАСТААНД?
Мӯҳр
Салом
Дуздии мухр у хучатхои хизби дар нохияи Спитамен ва Исфара . Бо таври вахшиена вайрон кардани офиси хизб нахзат дар Сугд. Боздошти Саодат шох Адолатов раиси ХНИТ дар бадахшон.

Рабудани Гулрухсор дар Яман, маьюб шудани Шахбол, овозаи митинги барпонашуда, бадномкунии диндорон бо камерахои пинхони, бекурбшавии сомони, маргхои пайдархам аз дуди ангишт ва чун хамасола катори тобутхои мухочирон-хулоса соли асп вазнин омад. Соли гусфанд илохо соли пурбарору бахосият биеяд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)