Бахшҳо

Президент ба амниятиҳо: Бузургтарин таҳдид сиёсикунии Ислом аст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки охири ҳафтаи гузашта баргузор гардид, бузургтарин таҳдид ба давлат ва сохти конститутсиониро дар шароити феълӣ номбар кард.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқот таъкид намуд, ки ба таври сунъӣ сиёсӣ кардани Ислом ва ғояҳои он дар шароити феълӣ бузургтарин хатар ба давлат ва сохти конститутсионии Тоҷикистон мебошад. Ӯ бо баёни зарурияти ҷилавгирӣ аз ин раванд дар маҷмуъ аз фаъолияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ изҳори қаноатмандӣ намудааст.

Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон низ иттилоъ додааст, Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз боздошти чандин гурӯҳҳои террористию ифротгаро, ки қасди ба роҳ мондани амалиёти мудҳишро дар ҳудуди Тоҷикистон доштаанд, илова намудааст, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани чунин хатарҳо ва таъмини ҳаёти амну осоиштаи мардуми кишвар аз тамоми имкону захираҳо бояд босамар истифода шавад.

Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон тамоми кормандонро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик гуфта, илова намудааст, ки дар ин рӯзҳо аҳли оилаи кормандони қурбоншудаи соҳаро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ бояд намуд, то ки дар хонадони онҳо низ фазои идона ҳувайдо бошад.
Мӯҳр
точик
Аввал инки гуруххои ифроти аз ислом нестанд, ин гуруххо худашон аз ислом чизеро намдедонанд, ин гуруххоро режимхои диктатори ва абаркудратхои гарюи сохтаанд то тавассути онхо исломро бадном кунанд. аммо дуюм инки ислом аз вакти зухур бо сиёсат сару кор дорад ва хохад дошт. исломро на амниятихои Точикистон ва на гарбихо овардаанд то таъйин кунанд ки ислом бо сиёсат сару кор дорад ё не. ислом дини Худованд аст ки ба башарият арзони дошт ва шумо хохед нахохед сиёсат чузъи асосии ислом мемонад.

Рахш
101% рози. Ман ифтихор аз он мекунам, ки хукумати имрузаи мо ормону хавасхои рафта огоз аз Сомони то Айни зинда мекунад. Дар оянда кафолати амну суботи кишвар, ба хотири нигох ва хифзи арзишхои миллии мо Точикон сахм хохад гузошт. Аллакай фактхои таърихи хастанд, ки инро исбот менамоянд. Ба пеш ба хотири миллат ва хифзи ИСТИКЛОЛИЯТ.

точик,
Бародар чаноби оли ин ишораашро ба он касоне мегуяд, ки дар зери парчами дини мубини Ислом баромад намуда манфиатхои гаразноки худро пиёда месозанд. Чи хеле ки чанги шахрвандии мо нишон дода буд, ки барои вазифаву мансаб шуда дини Исломро истифода бурда ба чи корхо даст заданду окибат вазифахояшонро гирифтанд, хама аз динну оин фаромуш кардаги буданд, Ришора тарошиданду галаструкхора махкам кардан дар сари вазифахо нишастанд, Аз суннати Пайгамбар (с) ки "Риш мондан суннати Мухаммад (с) мебошад" фаромуш кардаги буданд.........

Муслим Кулоб
786
Салом, точик хакро кайд карден, ахсан. Ман инро кайд карданиям ки дар дини Ислом ифроту тафрит нест, гуруххои терористи баноми исломи инхо зидди дин хастан инхоро гарбу амрико сохта пулдода исломро дини хушунатгаро нишон дода истодаанд хеч дахле ба Ислом надоранд. Чанги ватанихам бо дастони палиду дархун огуштаи Русия ва исроил буд, борхо ошкор шуд бо далел. Пайёмбари мо бо интихоби Аллох омад мабус шуд хукумат хам карданд ва доштанд халифахои баъдаш хукумат уро идома доданд. Эй мунофиконе ки ин кори бузурги Худо ва пайгамбарашро инкор мекунену мегуен ДИН АЗ СИЁСАТ ЧУДО АСТ. Ин кори шумо зулм аст бар наби ва дини у. ДИН ХУДИ СИЁСАТ ВА СИЁСАТ ХУД ДИНИ КОМИЛИ ИЛОХИ АСТ. дар Куръони карим аз хукуматхои динии Илохии паёмбаронаш кисса шудааст Худо наклкунанда аст, эй дуруг гуён ин хабари Куръонро читавр мепушонен. Худованд худ хофизи динаш аст, моро кумак кунаду аклпайдо кунем дини Худоро пеш барем ва гуломии русу яхудро бас кунем, хизмати дину пайёмбари Ислом сарварамон хазрати Мухаммад салавотуллоху алайхи ва олихи ва сахбихим ачмаинро кунему бас. Вассалом.

Фирдавси
Дар Эрон намондаст, шеру паланг,
Чахонро гирифтаст, рубохи ланг!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)