Бахшҳо

Бозхонии “хити садсолаи тоҷик” аз ҷониби Файзалӣ Фозилов (САДО)

Файзалӣ Фозилов, овозхони ҷавони тоҷик, таронаи “Зулфи парешон”-ро, ки “хити садсолаи тоҷик” унвон мешавад, бозхонӣ кардааст.

Ин бозхонӣ ҳам дар ҳолест, ки имрӯзҳо даҳҳо таронаи қадимиву суннатӣ аз ҷониби овозхонони ҷавони тоҷик аз дигар суруда мешаванд, аммо шаҳомату шуҳрати қаблии онро на коста ва на афзуда метавонанд. Яке аз санъатшиносони тоҷик ба “Озодагон” гуфт, иҷрои таронаи “Зулфи парешон” дар иҷрои Файзалӣ Фозиловро дар яке аз маъракаҳо шунида, “ба гӯши худ бовар накардааст, ки ҷавонони имрӯз онро ба ин ҳадд олӣ сароида тавонанд”. Вай гуфт, бузургони мусиқии классикӣ ва ҳам саромадони мусиқии попи тоҷик, аз ҷумла Маъруфхоҷа Баҳодуров, мегуфтанд, “ҳар касе “Зулфи парешон” – ро иҷро карда тавонад, ояндаи дурахшони худро дар ҷодаи мусиқӣ муайян кард”.

“Зулфи парешон” аз таронаҳои қадимии тоҷик аст, ки асри 19-ум дар Бухоро эҷод шудааст. Муаллифи онро Левӣ Бобохонови маъруфи яҳудӣ меноманд. Ин тарона дар маҳфилҳои хосу ом зиёд садо медод ва мухлиси зиёд дошт. Санъатшиносон аз қавли Маъруфхӯҷа Баҳодуров нақл мекунанд, ин таронаро танҳо касе, ки бо салиқаи олӣ мехонд, Содирхон Ҳофизи Хуҷандӣ буд.

“Зулфи парешон” дар замони Шӯравӣ аз ҷониби овозхонони зиёд, аз ҷумла Рафаэл Толмасов олӣ иҷро шудааст, аммо иҷрои Борис Наматиев, низ овозхони яҳудӣ ба таври бесобиқа олӣ будааст. Бино ба сабтҳои интернетӣ, “Зулфи парешон”–ро марҳум Олим Бобоев ва Афзалшоҳ Шодиев низ иҷро кардаанд. Аз овозхонони ҷавон ҳам даҳҳо нафар онро бозхонӣ намудаанд.

Файзалӣ Фозилов, овозхони ҷавон зодаи ноҳияи Ваҳдат буда, аз оилаи овозхони дигари маъруфи мусиқии попи тоҷик – Сироҷиддин Фозилов аст.
Мӯҳр
..
Умуман кушиш кардааст. Лекин барои ин гуна сурудхоро сурудан овози бокувват доштан лозим аст. Ин дар студия ки хамин кадар овоз дошта бошад, боварии пурра дорам, ки зинда ин сурудро сароида наметавонад.

Пас аз Олимчон Бобоев касе бехтар насароидаст. Фирдавс Неьматов хам ичро кардаги буду...шояд дар оянда боз бехтар хонад, холо чавон аст.

Рахимбек
Ҳатто кушиш накардааст. Зеро дар авҷи суруд дида мешавад, ки овозаш нопурра аст. Фирдавс Неъматов беҳтар сурудааст, ва ниҳоят бо таассурот хондааст.

Dev
Rosti baroi man makul shud,hub saroidaast.SAd bor az taronahoi fachu benamaki barhe hofizoni guijo sitora, hub ast.Hub meshud ,hofizoni mo hamin guna az klassikonamon istifoda mekardand.Fark nadorad,ki tarona chand bor bozhoni shudaast, asos matn purmazmun,bo zaboni adabi saroida shudaast in ba javonhoi " bezabon" dars ast.

Сафарбой
на , натавонистааст..бехтараш хамон сурдхои худро хонад..

Файзаличон садои худодод дорад.ва у аз худ бовар дошт ки аз ичрои ин суруд мебарояд.Чунин сарояндахо ба дастгири ниёз доранд. Файзаличон Зинда боши бародари азиз.

Хело хуб сароидааст! Офарин! Зинда намудани ин сурудро хар кас наметавонад!

Он қадар хуб нест хонданаш. Шира надорад овоз. Бе рағбат месарояд. Барои хондани ин гуна сурудҳо тайёрии хуб дидан лозим.

Anis
zindaxonii In surudro az jonibi F Fozilov didam. Behtaein Bud. Ofarin!!

Zinda xondani in Surudro az Jonibi Fayzali Fozilov Man didam va shunidam Behtarin bud.. Ofarin

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)