Бахшҳо

Паёми солинавӣ: Аз шахсони арзанда дар парлумон то мушкилоту шукрона

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солинавияш ба мардуми кишвар баробари зикри ҳаводиси соли гузашта, инчунин аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони дар соли 2015 суҳбат кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр кардааст, якуми марти соли 2015 маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мешавад: “Итминон дорам, ки чорабинии мазкур дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва бо ширкати фаъолонаи интихобкунандагон баргузор мегардад ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири ояндаи неки кишварамон бо масъулияти баланд намояндагони шоиставу арзандаи худро ба парламенти мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб менамоянд.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, интихоботи навбатӣ бояд омили муҳими боз ҳам таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон гардад: “Фаромӯш набояд кард, ки мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ на як бору ду бор фарҳанги баланди сиёсӣ ва суннати таҳаммулгароӣ нишон додаем.”

Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид намудааст, соли 2015 инчунин бузургдошти 700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000 - солагии Ҳисори Шодмон баргузор мегарданд. Ӯ эътироф намудааст, феълан дар кишвар ҳанӯз масъалаву мушкилоти зиёди ҳалталаб дорем, ки ҳамаи онҳоро худамон, бо шукронаи сулҳу оромӣ, Ватани соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлоламон ҳаллу бартараф месозем: “Мардуми фарҳангиву ободгари Тоҷикистон ҳамеша ба оянда назари нек доранд ва бовар дорам, ки ҳамаи мо дар ҳамбастагӣ минбаъд низ барои фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар, таъмини зиндагии пурсаодати халқамон ва дастовардҳои нав қадамҳои устувор мегузорем.”

Дар ниҳояти паём Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи сокинон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии соли нави мелодии 2015 сидқан табрик гуфта, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистон пешрафту ободӣ орзу намудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)