Бахшҳо
07 янв 2015 11:14Хабарҳои ҷаҳон

Эрдуғон: Аврупо ба ҷои дарсгӯӣ аз демократия ба мушкили худ бирасад

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия кишварҳои аврупоиро ба мубориза алайҳи исломҳаросӣ даъват карда, хостааст ба тазоҳуроти зидди исломӣ дар қаламравҳои худ хотима бахшанд.

Эрдуғон рӯзи 6 январ дар суҳбат бо сафирони кишвараш дар шаҳри Анқара гуфтааст, “кишварҳои аврупоӣ бояд ба ҷои дарси демократӣ гуфтан ба Туркия ба мушкили ҷиддии худ расидагӣ кунанд, ки ҳоло бо он рӯбарӯянд”.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Туркия, исломмофобия таҳдиди ҷиддӣ ва бузурге барои кишварҳои Аврупо хоҳад буд: “Агар ин мушкил ҳалли худро наёфт, агар раҳбарони популизми аврупоӣ ба гарав гирифта шуданд, он замон ҳатман дар руйхати арзишҳои аврупоӣ таҷдиди назар хоҳад шуд”.

Ӯ дар ин дидор аз сафирони кишвараш хост, дар хориҷ аз Туркия ба мисли як давлати қавӣ ва дорои эътимод ба худ намояндагӣ кунанд ва ба самъи “насиҳатгарон”-и он бирасонанд, ки онҳо аз ин ба баъд бо Туркияи нав ва дорои иқтисоди бузургу сиёсати хориҷии мустақил ва демократӣ кор мегиранд: “Туркия дигар кишваре нест, ки ҳар кӣ хоҳад, сӯи он ангушти иттиҳом ишора кунад ва ҳар нафаре, ки кард, онро бояд пас гирад”.

Ин даъвати раисҷумҳури Туркия аз Аврупо дар ҳолест, ки ибтидои ҳафтаи равон сокинони бархе аз шаҳрҳои Олмон бо сар додани шиорҳои исломҳаросӣ ба кӯчаҳо рехтанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)