Бахшҳо

Вазири тандурустӣ: Марги Мумтоз натиҷаи иштибоҳи табиб буд!

Нусратулло Файзулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, имрӯз, 7 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе эътироф намуд, ки марги Мумтоз Ширинбекова, модари 26-сола дар Хоруғ натиҷаи хатоӣ ва кори ғайриҳирфавии табиб буд.

Вазири тандурустӣ изҳор дошт, ки дар ин робита Комиссияи махсус таҳқиқот гузаронда, натиҷаашро ба мақомоти дахлдор пешниҳод намуд ва додгоҳ алайҳи Заррина Қурбонмамадова, духтури таваллудхонаи Хоруғ ҳукм содир намуд.

Қаблан наздикони Мумтоз Ширинбекова, сокини шаҳри Хоруғ, ки тобистони соли 2014 дар пайи ҷарроҳии табибон даргузашт, алайҳи - Заррина Қурбонмаҳмадова шикоят бурданд. Онҳо иддао доштанд, Мумтози 26-сола ҳангоми таваллуди кӯдак ба ҷарроҳӣ ниёз пайдо карда, аммо бо иштибоҳи Қурбонмаҳмадова зинда намонд.

Эҳсон Шогунов, ҳамсари Мумтоз Ширинбекова, дар сӯҳбат бо “Озодагон”, гуфт, касе дар ин қазия гунаҳкор аст, бояд ҷавоб бигӯяд. Ӯ дар посух ба ин савол, ки ба чӣ далел Заррина Қурбонмаҳмадоваро муттаҳам мешуморанд, гуфт, “монанди мо ҷабрдидаҳо зиёданд. Қаблан ҳам яке аз пешобдон, дигаре аз бачадонаш зарар дидааст. Соли 2004 Заррина Қурбонмаҳмадова барои фаъолияти ғайриҳирфаияш як баҳси додгоҳӣ ҳам кашида шуда буд, аммо пас аз ин ӯ боз ба фаъолияташ дар беморхона давом дод.”

Вазири тандурустӣ дар ин робита изҳор дошт, ки воқеан табибони тоҷик баъзан ба хатоӣ роҳ медиҳанд ва илова намуд, ки чунин қазияҳо аз ҷониби Комиссияи махсуси Вазорат дар ҳайати мутахассисони ботаҷриба таҳқиқ мешавад.

Мӯҳр
Беном
Сад афсус, ки чунин табибон 400 сомони чарима мешаванду халос. Лекин вой бар холи чабрдида...

Дур наравед мардум, дар хамин Кара-Болои номии Душанбешахр, хазорхо чунин духтурони подавонанд, ки хар руз касеро мачрух месозанд! Вой дод! Вой бар холи мардуми бесаводу камбагал!

джам
баъде ки корд ба устухон расид баъд насихатгарон зиёд мешаванд о беморхонахо шахсияти духтуронанд гуё вазир намедониста бошад

Афсус,ки садхо бесаводон дар донишгохи тибби хар сол "пулаки" дохил шуда,чандсол тахсили "пулаки " намуда,боз "пулаки" ба кор медароянду "пудаки" чаррох, коордиолог,психолог, ва г. шуда,"пулаки" чаррохи мекунанд,табобат мекунанд,"асаби мекунанд" хамаи инро "мо" дидаю хап мешинем худро нодида мегирем..." Ояндаи мо чи мешавад?!"-гуен хар сол аз хамдигарихомон мепурсем...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)