Бахшҳо

Президент: Хостем, Кабириро ба суд диҳем, аммо худаш омад...

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, ният дошт Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони кишварро барои суханонаш дар ҳаққи кормандони Академия ба суд кашад.

Раҳимӣ имрӯз, 9 январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аммо аз ин нияташ баргашт, зеро Муҳиддин Кабирӣ худаш ба Академияи улум омада, изҳор доштааст, суханҳо дар ҳаққи кормандони Академияи улум ба ӯ тааллуқ надоранд. Кабирӣ гуфтааст, масъулони сомони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз қавли ӯ носанҷида дар ҳаққи кормандони Академия изҳорот пахш кардаанд, вале дар асл ин суханон ба ӯ тааллуқ надоранд. Ӯ гуфтааст, "масъулони сомона ба хатоӣ роҳ дода ва аллакай муҷозот шудаанд."

Ин дар ҳолест, ки раиси ҲНИТ рӯзи 30 ноябр дар вохӯрияш бо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гуфтааст, бархе аз кормандони академия ва дигар ниҳодҳо, ки аз ҳисоби андози мардум маош мегиранд, танҳо корашон навиштани мақолаҳои зидди ҳизби ӯ ва руҳониён мебошад: “Ба ҷои он, ки корманди академия андешаи нав тавлид кунад як ихтирои ҷадид намояд, мунтазир менишинад, ки як нафар раҳабари ҳизб ё аъзои раёсати наҳзат як мусоҳиба диҳад ва ё мақолае нависад онгоҳ бармехезанду қалам ба даст мегиранд ва навиштанро шурӯъ мекунанд. Магар чунин афродро мешавад корманди соҳаи илм ё академик номид? Магар рисолати академик ё корманди соҳаи илм ҳамин аст? Чунин афрод ҳеҷ рабте ба тоҷику Тоҷикистон надоранд, ҳатто агар дар сатҳи баланди давлат ҳам кор кунанд. Кормандани соҳаи илм бояд ба фикри ихтироъкорӣ бошад, ба фикри тавлиди андешаи нав бошад.”

Дар пайи ин суханон як гуруҳ кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо пахши як изҳорот гуфтанд, “мо вазифадор ҳастем, ки тамоми равандҳои муосир, аз он ҷумла Исломи сиёсиро омӯзиш ва таҳқиқ намоем. Ҳамчун муҳаққиқ ва шаҳрванд вазифадор ҳастем, ки фаъолияти Шуморо таҳлил кунем, дар бораи фазосозии ғайримиллӣ, ғайридунявӣ ва ғайриилмии ҳизби Шумо ҷомеаро низ огоҳӣ диҳем.”

Дар идома кормандони Академияи улум иддао кардаанд, ки ҲНИТ тавони сохтани ҳуввияти миллии тоҷикро надораду сокинони Тоҷикистон бояд барои аз саҳнаи сиёсат берун кардани он тасмим гиранд. Ба қавли онҳо, гӯиё аҳзоби сиёсии хусусияти исломӣ дошта, ҳамеша боиси нооромии кишварҳо шуда, хидмати хирсонаи ҲНИТ ба сокинони Тоҷикистон камтар аз ДИИШ ва Толибон нест.

Фарҳод Раҳимӣ дар посух ба суоли “Озодагон”, ки оё воқеан хатари ҲНИТ аз ДИИШ-у Толибон камтар нест, афзуд, ки ин назари кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академия аст ва ҳар касе мухолифи ин назар аст, метавонад бо мақолаҳои илмӣ посух диҳад.
Мӯҳр
Аспирант
Чаноби президент агар чавоби илми дихем хатман моро ба суд хохед дод. Кабири ин суханро не наворхои фахшро гуфта буд ба академия рабт надорад, дигарашро худатон хам эътироф доред, ки аз академия аст.
пас барои чи бояд уро ба суд дихед?
Вале бовари дорам агар ман дар бораи фитнаангезии кормандони академияатон на худи шумо ягон чиз нависам, хатман онхо бо истифода аз макомашон маро ба суд медиханд.

в
Кабири дуруст гуфтааст. Дар илм ягон сахм надоред. ба корхои бехуда машгулед. Аз бекори ба исломсиехкуни шуруъ кардед. Чи кори дигар нест ми?

Яъкуб. Душанбешахр.
Чаноби Кабири дуруст гуфтанд .Дар 23 соли истиклол чи корхо кардед барои Миллату Давлат.Боз шарм надошта Кабириро ба додгох мекашед. Дар инчо худи Президент гуфтааст касе норизо хаст чавоби илми дихад. Кабири чавоби илми додааст .Як чизи одитарин ихтироъ накардеду боз шарм намедоранду сухан мегуяд.

точик
академикхо ва ба ном олимони имрузмавзуъхоро на аз руи меъёрхои илми, балки бо фармону супоришхои макомоти болои мавриди бахсу барраси карор медиханд. маслан як олим аввал бояд тахкик кунад баъд натичаи тахкикоташ ба хар кучое расид онро эълон намояд, аммо натичаи тахкикоти академикхои моро болоихо пешаки маълум мекунанд, ки бояд натичаи маколаву суханат ана ин чизе ки мо мехохем бошад. академикхо аз болоихо дастур гирифтаанд ки шумо бояд ХНИТ-ро бо ДИИШ монанд нишон дихед. Ин бечорахо ки хамеша бояд хамин хел кор кунанд дигар чи кор мекарданд бояд аз як бурда нон намонанд охир онхо зану кудак доранд, дипломхои калон дар даст нашавад ки Россия равнду дар бари чавони камбагали бечоари точик захмати гарибию бепули кашанд, чи кори дигар мекарданд охир, аммо ин суханони раиси академия хам як таблиги интихботиии хукумат шуд.

Озод
Президент Фарход Рахими сад дар сад хак аст.

Кабири дуруст гуфтаст шyмо акедимкҳо аз хоҷагони хориҷиатон пулро гирифта дини мардyмро масхара мекунедy мехоҳед байни мардyм фитна андозед. Мо мардyми мyсалмон барои фитнаангезиатон шyморо ба сyд хоҳем кашид чyн шyмо дини моро ҳамеша таҳқир мекунед. Шyмо ва шyмо баринҳо бояд ба зудтарин фурсат аз тарафи пyлиси кишвар дастгир шyда алайҳатон барои ихтилоф андохтан байни мардyм чораҷyи шавад

Исфара
Мухтарам призидент оё шумо боре фикр кардаед, ки ки хастеду барои миллат чи кардаед? Шумо аввал кабири шуда тавонеду сипас дагдага кунед!

Дипломати точик
Ба фикри ман накши Кабири дар сиесати Точикистон монанди накши Жириновский дар Россия

Кабири
Худи Кабири кист ва чи коре ба нафъи мардум кардааст. Бе хамин хизбу КАбири мардум мусулмон буданд ва мемонанд. Хизб барои Кабири ифодаи маком ва манфиат аст.

.
Исфара,

Рост гуфти, Рахимов ягон сахм дар илм надорад. Лекин Кабири хам гайр аз демагогия, суханхои хушку холи, дигра ягон коре накардааст.

Далер
"Худи Кабири кист ва чи коре ба нафъи мардум кардааст. Бе хамин хизбу КАбири мардум мусулмон буданд ва мемонанд. Хизб барои Кабири ифодаи маком ва манфиат аст." Бовар кунед, айб аст чунин навиштан. аввал чун Кабири бошу баъд харза навис.

МУХТАРАМ Ф.РАХИМИ КАСОНЕ, КИ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРИИ ШУМО БОХАБАР БОШАД, ПАЙ МЕБАРАД КИ ШУМО НА ДАР РОХИ ИЛМ БАЛКИ БА ИСТИЛЛО ЯК "БИЗНЕСМЕН" АСТЕД ВА ИСТИФОДА АЗ МАНСАБ ВА ДАР БАРОБАРИ ИН ИЛМРО БА БОЗОР ЯКЧО КАРДА ИМРУЗ ДАР БАЪЗЕ МАКОНХОИ АКАДЕМИЯ НУКТАИ ФУРУШИ БАЪЗЕ ЧИЗХОРО КУШОДАЕД, ХАРЧАНД БА НАЗАР КАМРАСИДА БОШАД ХАМ, БА МИСОЛИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКА, КИ ОНЧО ГАЗУ ДИГАР ЧИЗХОРО ДАР ФУРУШ МОНДЕД... ВА ДИГАР ИН КИ ОЁ ШАРМ НАМЕКУНАНД ИМРУЗА АШХОСОНИ БОЛОМАКОМЕ, КИ ДАР МАКОМХОИ БОЛОИ ФАЪОЛИЯТ ДОРАНДУ ХАТТО ДАЪВОИ МУСУЛМОНИ МЕКУНАНД ВА ДАР ЗАМИНИ ХУДО ЗИНДАГИ ВА АЗ НЕЪМАТХОИ ОН ИСТИФОДА БУРДА, ШАРМ НАКАРДА БО ХУДО ВА ДИНИ ХУДОИ РАХМОН МУКОБИЛИЯТ ВА ХАРЗАГУИХОЮ ДАЪВОХО МЕКНАНД... НАМЕДОНАМ ИН МАРДУМ ДИНИ ХУДОРО БАРХАМ ДОДАНИ БОШАНД???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)