Вокуниши Акбари Саттор ва мақомот ба таҳдиди Абухолиди Кӯлобӣ ба рӯзноманигорон

Мақомоти амниятии Тоҷикистон гуфтаанд, таҳдиди Абухолиди Кулобӣ, ҷангҷӯи “Давлати исломӣ”-ро ба рӯзноманигорони тоҷик таҳқиқ мекунанд.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Аҳмад Иброҳим, сардабири ҳафтаноми “Пайк” хабар дода, афзуд, ки рӯзи 6-уми январ Нусрат Назаров, ки бо лақаби Абухолиди Кӯлобӣ дар Ироқ барои “Давлати Исломӣ” меҷангад, ба ӯ таҳдиди куштор кардааст. Ӯ худро Махсум Нусрат муаррифӣ карда, таъкид намудааст, ки дар сурати даст накашидан аз интиқоди муҷоҳидон рӯзномагорони тоҷикро мекушад ва идораи онҳоро оташ мезанад. Ӯ дар пайи ин қазия ба мақомот муроҷиат кардааст ва мақомоти амният изҳор доштаанд, ки ба таҳқиқи қазия машғул хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол Акбари Сатттор, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон ин таҳдидро маҳкум карда, гуфт, хабарнигор вазифааш ҷамъ кардани ахбор аст ва касе ҳақ надорад ӯро таҳдид кунад: “Дар кадом ҳолате набошад- чӣ ҷангҷӯи ироқӣ бошаду чӣ ҷангҷӯи тоҷик дар Ироқ- мо таҳдид нисбати хабарнигори тоҷикро маҳкум мекунем ва ин таҳдидҳо бояд набошанд. Ҷамъу пахши ахбор вазифаи муқаддаси хабарнигор мебошад.”
Раиси иттифоқи рузноманигорон аз мақомот таҳқиқ ва назорати чунин зуҳуротро дархост намуд.
Абухолиди Кӯлобӣ, лақаби нави Нусрат Назаров, сокини 43-солаи Кӯлоб аст, ки худро дар шабакаи интернет раҳбари ҷангҷӯёни тоҷики муқими Ироқу Сурия муаррифӣ карда, барои ҷанг аз номи давлати исломӣ даъватҳо кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |