Бахшҳо

“Шеързадагӣ” омили ақибмондагии тоҷикон аст?

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Меҳрон Мувваҳҳид, як сокини Афғонистон “шеързадагӣ”-ро омили аслии ақибмондагӣ ва шикастҳои пайдарпайи тоҷикон гуфтааст.

Ин муаллиф дар матлабе, ки торнамои jomhornews.com-и Афғонистон нашр кардааст, мегӯяд, “гирифтори зеҳнияти шеързада” будани тоҷикон “яке аз авомили фарҳангии ақибмондагӣ, нотавонӣ ва шикастҳои пайиҳами тоҷикон” дар тули таърих мебошад. Ба гуфтаи Меҳрон Мувваҳҳид, тоҷикон дар гузашта бо “зеҳнияти шеързада” шикастҳои зиёдеро таҷриба кардан ва ҳамакнун низ ин ҷараён тағйир накардаааст: “Дар таърихи фарҳанги мо, касоне ҳамчун Буалӣ Сино ва Хоразмиву Берунӣ ва Закариёи Розӣ хеле камшуморанд, аммо Ҳофизҳову Саъдиҳо ва Ҷомиҳо хеле ба фаровонӣ ёфт мешаванд. Бар асоси сухани бархе аз пажӯҳишгарон, дар ҳудуди сӣ ҳазор шоир ба забони форсӣ шеър сурудаанд. Ҳамин акнун, ки мо дар истгоҳи садаи бисту якум нафас мекашем, низ ҷомеаи тоҷикон ба шиддат аз бемории “шеързадагӣ” ранҷ мебарад”.

Хатгардони ин матлаб аз форсӣ ба срилик ва гузоштани он дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ баҳси гармеро ба вуҷуд овардааст. Гуруҳе аз корбарон ба ақоиди муаллифи мақола назари мусбат додаанд, аммо қисми дигар иддаои муаллифро рад кардаву гуфтаанд, тоҷикон “шеързада” нестанд, зеро фосилаи онҳо бо шеър беш аз андоза аст. Исфандиёри Одина, як тан аз корбарон шабакаи иҷтимоӣ, ки дар ин баҳси фейсбукӣ ширкат кардааст, шеърро ба ҳеч ваҷҳ нишони ақибмондагӣ намедонад. Исфандиёри Одина бо баёни ин ки адабиёти форсӣ дар Эрон побарҷосту тамоми ҷаҳон бо эҳтиром ба он таваҷҷуҳ мекунад, меафзояд: “Дар ҳазор соли гузашта агар шеъри форсӣ набуд, забони форсӣ куҷо зинда боқӣ мемонд? Дар натиҷа куҷо мо имрӯз худро тоҷик ва эронӣ ва порсизабон мехондем? Ҳатман мисли Туркияи имрӯзи турк шуда будем ё мисли Мисру Сурия араб шуда будем! Дарвоқеъ ин шеър ва адабиёти форсӣ буда, ки аз масоф бо таҳоҷумҳои пайдарпайи ваҳшиён ба Эронзамин пирӯз аз об даромадааст! Ҳуввият ва фарҳангу ҳастии миллати Эронро ҳамин шеъри форсӣ нигоҳ доштааст ва боз ҳам нигоҳ хоҳад дошт”.

Бархилофи ин назар Эҳсон Зарвон, як корбари дигари шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо тарафдорӣ аз иддаоҳои муаллифи мақола “шеързадагӣ ва мазҳабзадагӣ”-ро боиси ақибмондагии тоҷикон хондааст: “Ман аз ин мақола хеле хушам омад. Дар тамоми таърих шеързадагӣ ва мазҳабзадагӣ аз заминаҳои ақабмондагии мо будаанд. Ин ҳарду ба густариши схоластик (искулостик) дар дину фарҳанг доман задаанд ва хиради мардумро аз гаравидан ба улуми татбиқӣ, амалгароӣ ва ҷустуҷӯ ва ихтирои васоили пешрафти иқтисод, беҳдошт, саноеъ, меъморӣ ва ҳама васоили дигаре, ки зиндагии рӯзмарраи инсонро осон месозад, ба дур нигаҳ доштаанд. Аммо, банда намехоҳам гуфтаҳоям ба унвони мухолифат бо шеър ё мазҳаб таъбир шавад”.

Дар ҳамин ҳол Муҳриддин Низомов, адабиётшиноси тоҷик ва устоди Донигоҳи миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин андеша, ки шеър боиси ақибмондагии тоҷикон ё умуман форсизабонон шуда бошад, пояи мустаҳкаме надорад: “Басо кашфиёти илмӣ, андешаҳои ҳикамию ирфонӣ ва адабӣ, ки дар шеъри форсизабонон баён шудааст, далели пешрафти ин миллат аст. Фалсафаи Хайёму Сино, ирфони Саноиву Аттору Мавлоно ва дигарон дар шеър баён ёфтаву ҷаҳонгир шудаанд. Ин масъала мавзӯи баҳси муфассал аст ва он чӣ навиштам, қатрае аз баҳр аст”.

Ризо Баҳромзод, аспиранти риштаи физикаи ҳастаии Донишгоҳи давлатии Маскав ба ном Ломоносов иллати дар ҷодаи техника ва фанҳои дақиқ ақибмондагии тоҷиконро ба “тафаккури гуманитарӣ ва фантазияи шоирӣ” доштани онҳо вобаста дониста таъкид мекунад, ин шакли тафаккур ба “колаби аксарияти намояндаҳои миллати тоҷик хос мебошад”. Бо таъкиди ӯ, “мувозинати байни изҳори эҳсосоту тафаккури ақлиро нигоҳ дошта натавонистем. Яъне, шеър зиёдтар ба эҳсосот ва ҳолати равонии инсон вобаста аст, аз ин сабаб таъсираш ба мардум осонтар ва самараноктар аст. Илм бошад, маҳсули ақлу таҷрибаи амалист ва барои қабул кардан ва ё эҷод сохтан қувваи ақлонии зиёд ва воситаҳои моддӣ (асбобу дастгоҳҳо, маводҳои таҷрибавӣ ва ғайра) зарур аст. Ва мақолаи муаллифи афғон асос дорад, банда дар аксар маворид тарафдораш ҳастам”.

Бо ин ҳол, бархе андешамандон баҳси “шеързадагӣ”-и тоҷикон ва сабаби ақибмондагӣ хондани онро як мавзуи муҳим шумурда мегӯянд, ин баҳс метавонад барои решаҷӯйии омилҳои ақибмондагӣ ва шикастҳои таърихии тоҷикон кӯмак кунад. Зеро ба бовари онҳо суоли асосии ҷомешиносони тоҷик ва андешамандон ин кашф кардани авомиле аст, ки боиси шикаст ва ақибмондагии тоҷикон дар тули таърих будааст.
Мӯҳр
беном
Ин макола се мохи пеш дар "Миллат" аз сахифаи чомхур бознашр шуда буд ва ахиран устоди донишгохи милли Максудов ба он чавоб навишт. И точико боз нишон додед, ки вохимаро дуст медоред ва вокеъан хаячонзада ва шерпарастед. Нав акуъ гуё хабар шиден ва вохимара сар карден.

Ховари
Шеър бехтарин тарзи афшурдаи андеша аст.Он эхсоси зоти буда ба пешрафти вокеъият хеч вобастаги надорад.Омили окибмондаги?Харзаи бехуда..шеър олами махсус дорад ва онро ба хаводиси таърих наолоед!Боз рухи бузургон назанад!

Яъкуб. Душанбешахр.
Хамеша мардуми Точик хоса Хукуматдорон мардумро тарс аз чангхои Афгонистон медиханд.Аммо бо вучуди 35 соли чанг афгонхо аз мо пеш рафтаанду моро насихат мекунанд. Варна овардани шоире, ки Миллатро хамеша тахкир мекунаду тамоми бузургони халки Точикро ба як шабкаи Ленин баробар намедонад чи маъни дорад. (Бозор Собир).Болотар аз хама 95% мардуми мусалмонро тахкиру танкид хам кард.

Сад дар сад муаллиф Мехрон Мувваххидро тарафдор хастам. Шеър хам хуб аст, лекин андозааш кати, ки мутаасифона аз чониби мо точикон риоя намешавад. Дар мо чунин акидаи нодуруст чой дорад, ки гуё одами шеърдону шеъргу аз хама доною окил бошад. Бехтараш агар дар илмхои дакику тиб окил мебудем ва ба чои хазорхо мисраъи шеър ягон технология ё акалан тахчизоту механизми ракобатирро истехсол мекардем.

860. 'Абу Хурайра поведал, что Посланник Аллаха cалаллоху алайхи ва салам сказал: «Лучше
наполнить внутренность человека сочащимся гноем, чем наполнять его
поэзией». Ал адаб ал муфрад эмом Бухори

Кухдомани
Бале,Форсзабонон ба шеър чахонгир буданд, факат ба он сабаб, ки 1000 сол пеш ифодагари меъёрхои он вактаи ТАФАККУРИ тамаддун тавассути назм ва фалсафа шинохта мешуд. Ва ба ин анъана давраи Эхёи тамаддуни гарб хотима гузошт. Инсоният аз орзую хаёл ба амал, бо истифода аз ИНТЕЛЛЕКТ- ба вокейят кадам гузошт.
Барои чи мо мелангем. Чунки мо, дар тули хазор сол бе ДАРБОР - бе Маркази Кабули Карор, дар сарзамини худ ,дар ба дар ва саргардон шудем. Пош хурдем, яке Форсу дигаре Точик бокимонда Дари, ва то имруз чоми чам мекобем. Бояд аз шеър бахра бурд, ва ШЕЪР ШЕРЕ бошад, ки дар тафаккур илхоми чустучуи, тадкикоти ва ихтироотиро зинда кунад.

Рустам
Шеързадагй ва мазхабзадагй то андозае дуруст аст. Як дустам бо шухй мегуяд, ки точик ду чизро медонад: яке шеър менависаду дигаре чойнакпушак месозад. Дар Аврупо дигар ба шеъру шоирй эътибор намедиханд. Онхо физика химия кайхон мегуянд. Яъне аз Замин берун рафтан доранд. Дар мо бошад аз Турачонзодахо мепурсем, ки тахоратро бо кадом даст кардан чоиз аст ё ки дар ташноб кулух истифода кунем ё когаз... Мана сатхи точики бадбахти имруза.

Тайиб Атои
Сабаби акибмондаги на аз шеър ва на аз дину оин аст.
Ашхосе сабаби акибмондагии давлатхои исломиву насрони ё дигарро дар дин ва оини онхо медонанд. Ва сабаби пешравии дигар давлатхоро дар дуняви будани онхо. Дар холе ки давлати сахюнистии Исроил яке аз пешрафтатарин аст. Дар Катар ки гуё вахобихо ашадиянд 99% шахрнишин хаст. Ин акидахои ба дину оин вобатста аз кунд будани зехни онхо ва фиреб хурдани онхо аз сабаби таърихро хуб надонистанашон дарак медихад, ки чунин ашхос кам нестанд.
Барои чизеро сабабгори акибмони гуфтан бояд асбоби пешравиро донист...:
1) шароити муносиб 2) мубодилаи афкор 3) тачриба.
(Мутафаккире ки дар факр аст, танхо барои зинда монданаш фикр мекунад. СО Windows-ро хазорон барноманавис навиштаанд, компютерро садхо ширкати чудогона сохтанд)
Ин се аз минтака ва вазъи сиёсиаш бастаги доранд. Танхо касе ё шахсоне ин шароитхоро мухайё карда метавонанд, ки хукмат дошта бошанд.
Замоне ки давлатхои исломи дар дарбор олимонро чамъ мекарданд, пеш мерафтанд. Аммо баъдтар баъзехо ба сари кудрат омаданд ва барои расвоихояшонро пушондан ва ба чашми мирдум хуб тофтан шоиронро дар гирди худ чамъ карданд. Хокимони дигар дар аврупо барои ба максадхои хубу бадашон расидан ба олимон шароит мухайё карданд. Точикон асосан дар зери султаи султонхои золиму ситамгар ва шикампарвар карор доштанд ва мутафаккиронашон дар кунчи зиндон ё хонаи вайрон ки чуз шеър гуфтан дигар коре надоштанд.

Юсуф Камол
Ман 70 фоиз бо гуфтаҳои Меҳрон Муваҳид мувофиқам. Шеър илҳом асту эҳсос ва дар ҷои худ хуб аст аммо на ба ҳадди ифрот. Шеър натиҷаи таҳқиқу пажуҳиш нест. Аммо агар миллати мо аз эҳсосгароӣ каме ба воқеъгароӣ ва "текнократгароӣ" руй оварад тавозун барқарор хоҳад шуд.

Тайиб Атои,Ба акидаи ман, шеъру шоири дар ягон давр боиси акибмонии мардум нагаштааст. Баракс олимони зиедеро медонем, ки хам кашфиетхои арзандае дар сохахои гуногуни илмхои дакик намудаанду хам дар сохаи адабиет ба пешравихои назаррас сохиб гаштаанд. Олими хакики шеърдуст набуда наметавонад.
Тайиб Атои,
Тайиб Атои,
Юсуф Камол,

ф
Хатто худи пайгамбар Мухаммад (сас) шоиронро дуст намедошт, ки ин бесабаб набуд. Шеър шеър аст на чизе зиедтар. Онро ба хадди ифрот бардоштан лозим нест. Онро асоси зиндаги кардан набоад, чуноне ки точикон кардаанд. Хайрият, ки хозир шоирон хам камтар шудаанду дустдорони шеър хам.

Фарханги ориеи бо Авасто падид омада, ки шеър аст...Ва хамчунин даврони пешин одат буд, ки агар олими дигар соха нахуст шоир набошад,уро касе намепазируфт.Зиндагии ориеена дар пардаи охагнхои кайхони мутахаррик будааст ва на хар каси дигар тавони дарки ин охангхоро доштааст.Аз ин ру зиндагии мо бидуни шеър будан наметавонад.Хар кучо шеър аст,оханг аст,хар кучо оханг аст,шур асту тараб ва ишк асту мухаббат,вале дуне лахзае бидуни ишку мухаббат будан наметавонад.Таърихи миллат ба мо дар колаби шеър мерос мондааст.ончи дар наср буда аз байн рафт.Шеър аз дилхо ба дилхр гузашта забон ба забон парвози шуда фарханги моро то ин авкот овард.касе ки гуфта шеързадагии точикон онхоро кафо мебарад иштибох мекунад.Кафомонии мо дар бехурматии мо дар нисбати шеър аст.Шеър чуди худованди аст ва харки дар нисбати ин саовати яздони номехрубони кунад,гунох мекунад.Шеърро аз решаи таърихиаш кандем.Имруз шеър на хикмат дораду на фалсафа ва на дар худ илме гунчонда метавонад.Сухан бисер аст,вале иктифо мекунам.
Акибмонии мо на дар шеъргарои аст,балки хурофотпарсатии мо аст.То вакте аз чахорчубаи хурофот,чудоиандози,мазхабгарои бурун наоем хеч гох пешрафт нахоем кард.Агар имруз мо ба Ислом аз нигохи дини хакикат,дини вакт ва дини замон нигох накунем мо пешрафт нахохем кард.Агар исломи имрузро чун Исломи асри 21 кабул карда натавонему то хануз дар хурофот гафлат занем,хамчун бародарони афгони худ асрхо боз дар хоби гарон хохем буд.Бисер бахс аст вале вакт кам.Ба хамаи точикон вахдату сулх хохонам.

Бардарони хамкалам.Моро аз сайти худатон дилшикаста накунед.Барои чи махалбози мекунедАнна хамин махалбозии мост,ки Точикистон пеш намеравад.Чаро чавоби маро ба ин матолиб руи чоп наовардед.Бас будагист махалбози.Ё чавоби дигаре хаст,ирсоламон созед

ваыва
асурия,

Ту аз хад зиед ба махалгарои. хамчун сабаби акмбмондагии мо, таваччух дори. Лекин ин танхо яке аз сабабхо аст. Сабабхо бисер аст. Дело в том, что мы традиционное общество со всеми вытекающими отсюда последствиями. Мы не модернизировались и никогда не модернизируемся. Хулоса, чи хеле ки будем, хастем, хамин хел хохем монд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)