Бахшҳо

ВКД: Зани 39-сола ноболиғи тоҷикро дар Маскав ба танфурӯшӣ водор кардааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 39-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки бо ваъдаи ҷои кори хуб одамонро дар Маскав ба танфурӯшӣ ҷалб мекардааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод зимни як амалиёт муайян карда шуд, боздоштшуда аз ҷумла ба ноболиғ Р.У. соли таваллудаш 1997, сокини ш. Хуҷанд вохӯрда, ҷойи кори хуб ваъда карда, ба шаҳри Маскави Русия бурда, ба танфурӯшӣ ҷалб намудааст.

Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Ин якуми ҳолати аз ҷониби ҳамватанон ба танфурӯшӣ ҷалб намудани занони тоҷик набуда, дар гузашта низ чунин ҳодисаҳо дар Русия, Туркия, кишварҳои Араб ва дигар минтақаҳо ошкор шуда буд.

Аз ҷумла ахиран ниҳодҳои интизомии Гурҷистон хабар доданд, ки дар шаҳри Батумии ин кишвар зани 40-солаи тоҷикро бо номи Заррина А. боздошт кардаанд, ки дар тиҷорати одамон бо роҳи маҷбурӣ муттаҳам мешавад. Дар иттилоияи Вазорати умури дохилии Гурҷистон гуфта шудааст, ки Заррина 7 декабри соли 2012 аз Тоҷикистон Баргигул Р. (соли таваллудаш 1988)-ро оварда, дар шаҳри Батуми ба танфурӯшӣ водор намудааст. “Тафтишот муайян кард, ки Заррина аз Баргигул шиносномаашро гирифта, маҷбур мекардааст, танфурӯшӣ кунад ва даромадашро аз худ менамудааст”,-омадааст дар иттилоияи ВКД-и Гурҷистон.
Мӯҳр
салом бародарон дустон.дар Точикистон агар як мулора капан зино карданша то тамоми авлоду ачдодша менависанд барои чи фохишахора мекапан К Н Г Ш Ш Щ менависанд?дуюм ин ки дар Точикистон чои кор нест

Гргали
Дар инчо айби хукумат аст. Шахрвандонро бо кор ва маоши баланд таъмин кун, касе фохишаги намекунад.

Дар Точикистон зиндагии арзанда вучуд надорад..

Мехроби Х, Барои маоши хуб гирифтан акли расо маданияти баланд савод доштан даркор, аксарияти шахрвандони мо хонда чи мешай гуфта ба дигар корхо машгуланд, давлат гуспандбон нест ку.

Барои чи ному фамилияи ин далаю фохишахо навишта намешавад, барои?Мулло мешуд то хатто солу рузу соати таваллудша бо расмаш нашр мекарден

Ба хамааш вазирои миллиардер гунахкоран. Дар и дунё ки нашуд дар у дунё ай шикамтон кашида мегиран у пулои нозак коркардаатонро. Мебинем...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)