Бахшҳо

Тураҷонзода дар бораи “кризис”: Ин ғазаби Худо нест, кори бандагони саркашу золим аст

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо ва қозии пешини мусалмонони Тоҷикистон сабаби аслии ба миён омадани буҳрони ахири иқтисодиро шарҳ дода, хостааст, инро азоби Худованд болои бандагонаш наҳисобанд.

Ба назари руҳонии маъруфи тоҷик, буҳрони иқтисодие, ки ҳоло болои мардум омадааст, кори дасти баъзе аз бандагони саркаш ва золими мебошад: “Имрӯз, ки буҳрон болои мардум омада аст, қаҳтӣ ва азоби илоҳӣ нест. Балки ин зулми золимон ва мутакаббирон (Масонҳо ва навкаронашон) аст, ки мардуми бечораро зулм мекунанд.”

Тураҷонзода ин ҳарфҳоро дар посух ба суоли корбари торнамои Turajon.org баён доштааст. Ин корбар пурсидааст, “имрӯзҳо қариб тамоми мамолики дунёро буҳрони иқтисодӣ фаро гирифта, бисёртар ба давлати Руссия таъсири манфии худро расонид, ки ба Тоҷикистон низ бетаъсир намонд ва омадани чунин ҳолатҳо, яъне буҳрони иқтисодӣ бо хости Худованд амалӣ мешавад?” Қозии пешини мусулмонони Тоҷикистон дар шарҳи гуфтаҳояш афзудааст, буҳрони ахири иқтисодӣ болои мардум замоне қомат афрохта, ҳукумфармо шудааст, ки осомон аз боридан ва замин аз рӯйидан боз намондааст: “Аз замин оташ набаромада ва аз осмон санг партоб нашуда аст, ки мову шумо гӯем Худо бар мо ғазаб карда ин буҳронро оварда бошад.”

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода аз ин корбари торнамои хонаводагияшон хостааст, ин гуна буҳронҳоро азоби Худованд надонанд ва кори дасти бандагоне ҳисобанд, ки зиндагиро барои бандагони дигар танг мекунанд: “Албатта, ин золимон ва ин мустакбирон, ки мардумро зулм доранд ва зиндагии мардумро танг кардаанд, пеши Худо ҷавоб хоҳанд гуфт. Вале набояд фаромуш кард, ки оммаи мардум низ (бо сукут кардан ва ҳақҳояшонро талаб накардан) сабабгори мустакбир шудани онҳо шудаанд.”

Ба қавли ӯ, Худованд бо фиристодани охирин пайғамбари худ - Муҳаммад (с) азоби умумие, ки ба қавму пайравони пайғамбарони пешин раво медид, бардоштааст ва “то замоне дар дунё ҳаёт доранд, амал кунанд. Ҳисобу китобро ба охират монда аст.”
Мӯҳр
сафар
Рахмати Худо бар Шумо, ки нотарсида хакикатро гуфтед!

Бале ин гуфтахо рост аст. Аз дасти ин масонхо холи одамони пок хароб аст.

Мушовир
Ачабо, шарху тавзехоти бухрони иктисодии чахонро аз нигохи мулло бори аввал мешунавам.

ЧИНДИ
Хакко кучои
Надонам кадомаша бовар кунам 1400 сол боз хамаизулму золими бар сари мусулмони бечора меборидаст да дар Урупо зиндагиро сохтанд СПИД даркучо бисёр дар байни мо мусулмонхо хунрези дар кучо дар байни мо ифроту тафрит дар кучо боз мо акабмондагии чи арабхо чахолат дар Арабистону Сомали вахшат дар байни мусулмоннони Нигерияву Суриява Ирок чабру азобу дарду дог дар Фаластин ин чи бало буд хамин масалахоя фикр карда гап зада истодаанд охир хамин рухонихои мо ё факат касофативу хори дар Урупо гнуфта хануз хам мегарданд

Инро мо бояд бидонем ки ХУДОВАНД газабашро бар сари хамон зулм кунанда мебиёрад ИНШААЛЛОХ инро мо дер ё зуд мебинем.

Худованд бузург аст ва хамаро бо мурури замон чобачо мекунад. Дар мавриди хакашро талаб накардани омма 100% фикри домулло дуруст аст

ислом.70mail.ru
Худованд мегуяд ки чи бадие ки дидед аз кирдори худи шумо хаст, Чи хубие ки дидед аз тарафи Ман аст. Ахсан ба ин бузурги Худо

Али кулоб
Хой бесавод турачонзода мулло нест ин шанс Олим сиесатмадор мутафакир мавлави мучохид АСТ

Манучер
Ахсан шери нарсафар,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)