Бахшҳо

Тураҷонзода: Итоат аз фармони амир гуноҳ аст, агар...

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, руҳонии маъруфи тоҷик ва қозии пешини мусулмонони Тоҷикистон итоат аз фармонҳои амире, ки хилофи гуфтаҳои Худованданд, аз нигоҳи шариати Ислом гуноҳ хондааст.

Оқои Тураҷонзода гуфтааст, “шариати дини мубини Ислом замоне итоати амири мусулмонро воҷиб медонад, ки мувофиқи Худованд амр кунад”. Ба гуфтаи ӯ, агар амир амре ба гуноҳ кунад, итоаташ гуноҳ аст: “Муҳаммад (с) гуфтаанд, “тоати махлуқ дар баробари маъсияти Холиқ (Офаридгор) ҷоиз нест. Яъне, вақте махлуқ ба маъсияти Худо амр мекунад, итоати ӯ ҷоиз нест”.

Ин ҳарфҳоро собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон дар посух ба суоли корбари торнамои Turajon.org - оқои Муҳаммад, ки пурсидааст, “ҳукми подшоҳ воҷиб аст, пас подшоҳе, ки бар зидди қонуни Худованд қонун қабул мекунад, бо вай чи гуна бояд рафтор кард?”, баён доштааст. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода мегӯяд, дар шариати исломӣ амр ё роҳнамоӣ ба подшоҳе нашудааст ва дар он танҳо ба амирӣ ишора шуда, ки аз ҷониби шӯро ва раъйпурсӣ интихоб мешаваду ӯ бояд ҳангоми содир намудани қароре манофеи мусулмонон ва гуфтаҳои Худованду паёмбарашро ба инобат бигирад: “Итоат аз чунин амир дар шариат воҷиб аст”.
Мӯҳр
Миллат
Дар гузашта итоати Партияи Коммунисти мекарди, бароят нормално буд. Имруз бошад чи ба Партияи фарзандони миллати худ итоат кардан намехохи.

талха
Боракаллох устоди азиз бехтарин сухан кардед .

Илхоми
Дуруст мардум хамаги чанд сол пештар шуморо гуш карданд ба кадом рузхо гирифтор шуданд

Мусофир
Худованд ачратон дихад Хазрати Кози Домулло,афсус ки олимони дини мо куллан маддхали шудаанд ва маъсияти Холикро аз махлук боло медонанд науъзамбиллох

шайхи ванчи
Зинда боши устод

суҳроб
Зинда бошед домулло гапи ростро гуфтед. Ғамгин нашавед мегуянд ҳарчи ҳаркас. Мавзӯъ ин ки ба ҳеҷ ваҷҳ амри ҳеҷ инсоне ки аз фармудаҳои аллоҳ берун аст пазируфтани нест!!

Фируз
Ана ин аст сухан ин аст мантик ин аст далел! Офарин Чаноби Турачонзода. Хеч вакт аьзои Хизби камунист набуданд ва нестанд. Офарин...

Чаноби Хочи Акбар хакка гуфтанд. Окил касе аст, ки хаккро мешунавад пас кабул мекунад. Чангхои соли 90 ро хамаи миллат медонад тахмили буд. Ин афсонахора гуфтан, ки Турачонзода чунину чунон кард кампири аст. Ташаккур.

Ташаккур мухтарам Хочиакбар Турачонзода, чандин бор инро мешунидам, ки амри амир вочиб, вале хайрон будам, ки чаро писарони ботакворо ба мисли фарзанди ман, ки риши каму зебою ба худ зебандаро мегузорад кормандони орган уро барои ин таъкиб мекардаанд, писарам худоро шукр ботакво ва намозу рузаву саховату хайрхохиро, ки аз тарси Аллохам барои худ мекунад, ки дар охират инхо кумакаш бикунанд. Я Вам очень благодарна и мы моя семья очень и глубоко Вас уважают. Я душанбинка и 20 лет назад думала о Вас неправильно, и прошу Вас уважаемый за это простит меня и моего сына за такую глупость. Аллохам нигахбони Шумо бошад.

ИСломиддин
Чангро дар Точикмсто Амрико ва я бенрунахо тархрези карданд аз ин кас чи мехоед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)