Бахшҳо

Нишасти гумрук: Мошини Рустами Эмомалӣ буду худаш не

Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар аҳди роҳбари нав Рустами Эмомалӣ дар соли 2014 санҷиш ё аттестатсияи кормандонро роҳандозӣ карда, муайян намудааст, ки беш аз 11 дарсади мансабдорони ин ниҳод ба мансабҳояшон сазовор нестанд.

Ба иттилои манбаъ зимни санҷиши 672 масъули гумрук муайян шуд, ки 74 нафарашон нопурра ва 3 нафарашон пурра ба мансабҳои ишғолкарда ҷавобгӯй нестанд: “Ба онҳое, ки нопурра ҷавобгӯянд, муҳлат дода шуд, то малакаашонро такмил диҳанд, вале се нафаре, ки пурра номувофиқ буданд, аз кор озод шуданд.”

Неъматбой Раҳматов, муовини аввали Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, дар соли сипаришуда 151 корманди гумрук ба ҷазои интизомӣ кашида шуда, 15 нафарашон аз кор озод шуданд: “Дар маҷмуъ бо хоҳиши худ ва сабабҳои дигар 112 нафар аз кор дар Хадамоти гумрук рафтанд.”

Раҳматов аз навоварии Рустами Эмомалӣ, ки қабул ба кор дар Хадамоти гумрукро тариқи озмун роҳандозӣ кард, истиқбол намуд: “Озмунҳо дар ду давра гузашта, дар даври аввал аз 550 довталаб 77 нафар ба вазифаҳо дар Хадамоти гумрук таъин шуданд. Дар даври дуюм низ аз 55 довталаб 24 нафар ба кор қабул шуданд, ки бисёрашон як ё ду забони хориҷиро медонанд.”

Раҳматов гуфт, бо мақсади ҷилавгирӣ аз фасод ҷойивазкунии кадрҳо дар Хадамоти гумрук роҳандозӣ шудааст: “Нафаре, ки зиёда аз се сол дар як вазифа аст, ба ҷои дигар гузаронда мешавад. Дар соли 2014 тамоми кормандони майдонҳои ҳавоӣ иваз шуданд ва феълан ҳар гумрукчии майдонҳои ҳавоӣ ҳадди ақал як ё ду забони хориҷиро медонад. Дар маҷмуъ 784 нафар мавриди ҷойивазкунӣ қарор гирифтанд.”

Ноиби аввали раиси Хадамоти гумрук дар посух ба суоли “Озодагон” ба фаъолияти яксолаи Рустами Эмомалӣ дар Хадамоти гумрук баҳои хуб дод: “Натиҷаҳое, ки Хадамоти гумрук ба даст овард, фикр мекунам, меъёри баҳодиҳӣ ба кори сардори Хадамот мебошанд. Дар шароити буҳронҳо, таҳримҳо ва низоъҳои Украина, ки ба вазъи тиҷорати хориҷӣ таъсири манфӣ доштанд, Хадамоти гумрук тавонист ба буҷаи кишвар 4 миллиарду 3,7 миллион сомонӣ ворид кунад, ки ин аз нақша 203,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.”

Аммо қисмати дуюми суоли “Озодагон”-ро, ки чаро шахсан раиси Хадамот барои муаррифии дастовардҳо назди хабарнигорон ҳозир нашуд, чун мошинҳояш дар назди бино ба назар мерасиданд, Раҳматов посух надод ва онро сарфи назар кард.

Дар маҷмуъ тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳаҷми умумии савдои хориҷии кишвар дар соли 2014 - 5 миллиарду 319 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки аз он 4 миллиарду 340 миллион доллар воридот ва 979 миллион долларро содирот ташкил медиҳад.
Мӯҳр
Хусейн
Бибиам кисса мекард, ки Шапкаи Раис дар идора, аллакаи гувохи хузури сиёсати Раис. Асос результат, кора ташкил карда метавонистааст.

чинди
Чи хели мошин дорад-а?? smile

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)