Бахшҳо

Баҳси фаъолияти Академия дар парлумон ва насиҳатҳои Зуҳуров ба президент

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми кишвар хост, таваҷҷуҳи кормандони ниҳоди зертобеашро ба ҷойи навиштани мақолаҳои камхонанда бештар ба ихтирокорӣ ва кашфиётҳои илмии судовар равона созад.

Оқои Зуҳуров дар ҷараёни қабули лоиҳаи нави қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” рӯзи 14 январ дар парлумон иддаои Академияи улум дар мавриди фоидаи беш аз чаҳормиллиониаш дар як солро айб хонд. Ӯ гуфт, дар ҳоле ки масъулини академия мегӯянд, бо ихтирои 12 патенту пешниҳодҳои дигар ба саноатчиёни кишвар дар давоми соли 2014 беш аз 4 миллион сомонӣ фоида ба даст овардаанд, дар хориҷ аз кишвар 1 патент аз 40 то 400 миллион фоида меорад: “Он чӣ ки шумо дар бораи омӯзишу мақолаҳои илмӣ гуфтед, бояд гӯям, ин чизҳо бояд самара диҳанд. Дар мавриди 4 миллион сомонӣ дарёфт кардаи ғайрибуҷавии академия гуфтаниам, ки ин гапро гуфтан айб аст. 1 патент дар хориҷа амалӣ мешавад, 40 миллион то 400 миллион фоида меорад”.

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз раҳбари Академияи улум хост, дар фикри омода кардани олимоне бошанд, ки дар асоси ихтироъкориҳои онҳо завод бунёд шуда, таҷҳизоти тиббию техникаҳои зарурӣ дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад: “Шумо ҳоло гуфта метавонад, ки аз ҷониби олимони мо чизе ихтироъ шудааст, ки маҳсулот мебарораду ба кишварҳои хориҷ содир мешавад. Агар бошад ҳам ниҳоят кам аст. Он чизҳое ки то имрӯз буданд, кор надоданд. Нуқтаи назарро дигар кунед, он мақолаҳои аз 200 то 500-е, ки шумо мегӯед, рафта дар як ноҳия пурсед, ягон кас онро нахондааст, ба ҷуз онҳое ки дар донишкада ба хотири корҳои худ мехонанд.”

Ин ҳарфҳо аз ҷониби раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҳоле садо доданд, ки президенти Академияи улум дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон дар бораи фаъолияти як солаи ниҳод ва зертобеонаш сухан мегуфт. Фарҳод Раҳимӣ гуфт, дар Академияи улум дар соли гузашта 12 патенти ихтирооти нав ба қайд гирифта шуда, ба саноатчиёни кишвар 30 пешниҳоди мушаххас оид ба ворид кардани тағйирот ва таҳаввулот ба дастгоҳҳои истеҳсолкунанда ироа шудааст. “Дар ин соли 2014 чаҳор миллиону 400 ҳазор сомонӣ академия маблағҳои ғайрибуҷетӣ дарёфт кард. Ин маблағҳое ҳастанд, ки аз ҳисоби корхонаву вазорат ва муассисаҳову тоҷирон мо дарёфт кардаем ва 2,5 миллиони он ба хароҷоти таҷҳизоти муосир сарф шуд. Ҳазору 285 мақолаи илмӣ, яъне ҳар рӯз академия 4 мақола ба табъ мерасонд ва дар се рӯз як моногрофияи илмӣ ба таъ расонидем. Ин ҳама натиҷаи заҳмати мо аст”,-афзуд президенти академия.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон низ хостори ба ихтироъкорӣ машғул шудани кормандони соҳаи илм шуда, аз онҳо даъват кард, нисбат ба фаъолиятҳои сиёсӣ корҳои илмии худро қавитар созанд. Ӯ аз қабули лоиҳаи нави қонун “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”-и Тоҷикистон истиқбол карда, онро мукаммал донист, чун ба гуфтаи ӯ, дар ин лоиҳа асосҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ низ ба назар гирифта шудааст: “Илму ахлоқ, илму фарҳанг, илму маънавиёт бояд паҳлӯи ҳам бошанд, зеро илми бидуни ахлоқу маънавиёт ва фарҳанг метавонад, натиҷаҳои баръакс диҳад. Башарият ҳама шоҳиди он буданд, ки баъзе аз кашфиётҳои илмӣ дар ниҳояти кор бар зарари худи инсонҳо дар ҷаҳон истифода шуд, бахусус аз технология ва илми муосир ва миллионҳо инсон ба ҳалокат расиданд. Илм дар дасти шахси боахлоқу бофарҳанг барои башарият бисёр муҳим аст, вале агар ба дасти афроди бефарҳангу дур аз ахлоқ расад, ба як силоҳи пурқудрати зидди башарӣ табдил хоҳад шуд.”

Раиси ҲНИТ дар идома ибрози таассуф кард, ки вақтҳои охир фаъолияти сиёсии баъзе аз кормандони соҳаи илм нисбат ба корҳои илмияшон қавитар шудааст, ки гӯиё ба гуфтаи ӯ ин бар зарари ваҳдату субот ва сулҳи Тоҷикистон аст: “Бисёр хоҳиш мекунам, дар оянда агар имкон бошад, илмро аз сиёсат ҷудо кунему сиёсатро олимона кунем, яъне сиёсат дар заминаи илм роҳандозӣ шавад, на ин ки илм дар заминаи сиёсат”.
Мӯҳр
Салом хонандагони гироми! Гапа кутох кунем. ОЗОДАГОН ЧОП КУН.
Шукурҷон Зуҳуров Шумо чи кор кардед, бахри ватан? Олимхо аз ухдаи вазифаи худ баромада истодаанд, гарчанде маоши академия аз маоши депутатхои танбал 10-хо маротиба камтар аст.

Муҳиддин Кабирӣ гапхои хак гуфтааст, ман чонибдори у. Бояд илм сиёси набошад.

Шукурҷон Зуҳуров ба Шумо гуфтаниям, ки депутатхои Шумо академик шаванд, пас илм аз кучо пеш меравад. Илм ва олим ин ду вожахоро мухтарам Шукурҷон Зуҳуров шумо мефахмед. Дар академия олимхо хастанд, на ихтирокрон.

Шукурҷон Зуҳуров 500$ маош мегиред, хона ва мошини давлати доред, зиндагиатон тинч. Олимхо аз сахар то бегах медаванд, бо вучуди ин камбудихои зиёде дорад.

сад дар сад дуруст. як маколаро дар 10 чо чоп мекунанду дар нишондод 10 макола менависанд. дигар ин ки кадоме маколаи илми менависад бояд дар мактаби оли кор кунад на дар вазифаи давлати. хушу хаели онхо дар кори давлат нест, факат дар маколахои худро зиёд кардан аст.

Бедакиён
Офарин, Парлумон ана хамин тур бояд кор кунад. Хама ниходхо бояд дар назди намояндагони миллат хисоботи вокеъи диханд, ки онхо Чи навовариро дар истехсолот амали сохтанд ва дар мукоиса ба дигар давлатхо ба чи пешрави ноил гаштанд, Ки аз ин дигарон аз мо омухтан мехоханд.

Миёнчигари
Окои Зухуров, Пешниход: агар рафту боз ваколати депутатиро мардум ба Шумо дар интихоботи навбати бовар кунонанд. Илтимос, овозу симои депутатхо ва вазирону раисонро хангоми додани хисоботхояшон, тавассути ТВ ё аккалан Родио ба мардум муаррифи кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)