Бахшҳо
15 янв 2015 09:26Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Даъвати коммунисти №1 барои баргардонидани олимони тоҷик аз хориҷи кишвар

Шоди Шабдолов, раис ва намояндаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар парлумон илмро нерӯ ва қувваи истеҳсолкунанда хонда, хостори баргардондани олимони тоҷики муқими кишварҳои хориҷ шуд.

Ин дархости Шабдолов дар рафти қабули лоиҳаи қонуни нави Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагони кишвар садо дод. Раиси ҲКТ гуфт, “мо бисёр олимони барҷаста дорем, ки феълан аз камбуди маблағ ва паст будани маош дар Тоҷикистон маҷбур шудаанд рӯ ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Амрико ва Канада биёранд. Миёни онҳо ҳам доктор ва ҳам номзади илм дар тамоми соҳа ҳаст.”

Ба гуфтаи ӯ, имкони баргардонидани ин олимони тоҷик аз хориҷ ба Ватан вуҷуд дорад ва ҳукумати Тоҷикистон метавонад, танҳо бо муайян кардани ҳаҷми маоши кофӣ онҳоро ба кишвар биёрад: “Механизми соҳаи иҷтимоиро ба роҳ монему як маоши ба зиндагияшон басанда муайян кунем, бармегарданд, дар дили ҳамаи онҳо меҳри Ватану меҳанпарастӣ ҳаст.”

Ин вакили парлумони Тоҷикистон аз суханони шоирон ва донишмандони пешин иқтибос оварда, илова кард, фирори мағзҳо аз кишвар дар ҳолест, ки ҳазор сол пеш Рӯдакӣ гуфта буд, “Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст”. Баъди ӯ Фирдавсӣ низ таъкид кард, “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад, Ба дониш дили пир барно бувад.” Ва бори аввал низ дар таърихи илм Карл Маркс тасдиқ кард, ки воқеан илм натанҳо нерӯ, балки қувваи истеҳсолкунанда низ ҳаст.”

Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон суханони раиси ҲКТ-ро тасдиқ карда, дар хитоб ба Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улулми кишвар гуфт, тамоми олимони бақувват имрӯз Ватанро тарк кардаанд.
Мӯҳр
ю
Хайр ана меоянд ба Точикистон, баъд ин чо чи кор мекунанд? Ба ки лозим аст илми онхо дар Точикистон? Ба Точикистон аробакашу, таксирону, мошиншую разнорабочий лозим аст. Чаро онхо ба ШМА рафтаанд? Чунки дар он чо илми онхо ба касе лозим аст. Барои хамин, рафик Шабдолов, аввал андеша, баъд гуфтор. Е бехтараш, дахони пушида, як хам тилло.

Халк
Оре, Илм асоси пешравии чомеаи инсони. Музди МАГЗИ Олими асил ва ихтирокор, ки аз он бокимонда магзхо бахра мебаранд, бо ченаки арзанда пардохт карда шавад.

Ustod
Bale Durust qaid karded, Ammo hukumati TJK mnaoshe ki mo mekhohem pardokhta nametavonad. Chizi digar I resha davonidani fasod dar sohai Maorif va kheshutaborbozi ast. Pas az reshakan namudani in mo metavonem ba Vatan bargardem.

пп
Академияи илмхо пур аз академику профессор шудааст. Чи фоида меорнад онхо ба чумхури? Ба Точикистон на олимони болтун заруранд, балки сармоя ва технологияхо лозим хастанд.

Шокир
Бехтарин икдом ва волотарин падида. Ба наздики дар шохрохи Воронеж- Саратов ба кахвахонае даромадам ва чун ддидам, ки он чой ногуи хурокихои точиксит аз он фармоиш крдаму баъди хурокхури хостам ба ошпаз ташаккур гуям. Масъулин ба ман гуфтанд, ки ошпази мо хамшарии Шумост ва метавонед ба худи ошпаз таманноиётатонро гуд, чун бо ошпаз во хурдам ашк гулугирам кард ва дар руба руи худ он шахсе ки доимо бо телевизиони Точикистон баромад мекарду дар маччаллахо маколахояш мебаромад дидам ва устод ин шумоед гуён ба огуш гирифтамаш. Устод охи чукуре кашиду гуфт"Бале, бародар ман хамонам, ки хамон".Бо устод каме сухбат кардем ва таскинаш додем, тибки гуфтаи он кас дар Россия шумораи зиёди олимони баруманди мо кор мекардаанду гох- гох дар н кахвахона омада бо хам сухбат хам мекардаанд.

Ахрор
Шумораи аники олимони дар хорича будаи мо муайян бошад ё не? Озодагон - хуб мешуд ному насаб ва чои кори онхоро дастраси хамагон мекардед.Шояд мо каме ба онхо кумак намоем барои баргаштанашон

22
Касе барнамегардад рафик Шабдолов гап дар маошам нест гап дар муносибат аст. Холо вакти илму маориф не балки доллару сомон аст пеши чашми мардум ба факат пулу мол аст илм ба кафо шикам ба пешаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)