Бахшҳо

Даъвати Эшони Нуриддин ба таҳрими таҳқиргарони паёмбар

Дар пайи эълони нашри дубораи карикатураҳои тавҳиномези Муҳаммад (с) аз ҷониби маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo”, сомонаи хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо посухи Эшони Нуриддинро ба таҳқиргарони паёмбар нашр кардааст.

Эшошни Нуриддин дар ин паёми аудиоии 10 дақиқаӣ аз тамоми мусулмонон даъват мекунад, аз харидории маҳсулоти кишварҳое, ки муқаддасоти дини мубини Исломро таҳқир мекунанд, худдорӣ варзанд. “Аз ҷавононе, ки садои маро мешунаванд хоҳиш мекунам, ин либосу ғизои истеҳсолкардаи ин палидҳоро нахаред, чун ёрдаме дар гуноҳ ҳисоб мешавад. Ин фатвои ҷаҳони Ислом аст ва касе инро иҷро намекунад, дар рӯзи қиёмат дар қатори он карикатуристҳо мехезад”,- гуфтааст Эшони Нуриддин.

Ин руҳонии маъруфи тоҷик мегӯяд, имрӯзҳо муқаддасоти динии наздик бу ду миллиард мусулмони ҷаҳон аз сӯи кишварҳое таҳқиру тавҳин мешавад, ки даъвои демократию сулҳхоҳӣ дар ҷаҳонро доранд: “Магар озодии сухан ҳамин аст, ки муқаддасоти як динро таҳқир кунӣ?! Барои як қабри яҳудиро дар Фаронса тахриб кардан тамоми дунё ба пой хест. Барои чӣ онҳо даъвои пиёда кардани сулҳ дар оламро доранду муқаддасоти динии наздик ба ду миллиард мусулмонро таҳқир мекунанд?! Боз онҳо демократ ҳастанду сулҳхоҳ.”

Ҳарчанд масъулини торнамо дар бораи замони сабти ин навор чизе нанавиштаанд, вале он рӯзи 13 январи соли равон, дар пайи эълони ноширони маҷаллаи фаронсавии "Charlie Hebdo" дар мавриди нашри дигарбораи карикатураи Муҳаммад (с) дар шумораи нави худ, ба интернет роҳ ёфтааст. Рӯзи 14 январ шумораи нави ин маҷалла бо тасвири тавҳиномези паёмбари мусалмонон бо теъдоди беш аз 3 миллион рӯйи чоп омада, дар кӯчаву хиёбонҳои Фаронса ба таври ройгон тақсим шуд.

Дафтари “Charlie Hebdo”, ки ҳанӯз 4 соли қабл, моҳи ноябри соли 2011 карикатураҳои Муҳаммад (с)-ро нашр кард, зуҳри 7 январ мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифт. Дар ин ҳамла 12 нафар, аз ҷумла, Стефан Шарбоне, сармуҳаррири маҷалла, Бернар Верлак, Жан Кабу ва Жорж Волински, ки ҳамчун рассом кор мекарданд, кушта шуданд ва аксари расонаҳои ғарбӣ ҳоло далели эҳтимолии ин ҳамлаи хунинро нашри 4 сол қабли ин карикатураҳо эълон доранд.
Мӯҳр
Бобои эшона худо нигах дорад

муҳочир
РАҲМАТИ АЛЛОҲ БА ШУМО УСТОДИ МУҲТАРАМ ЭШОНИ НУРИДДИНЧОН ХУДОВАНДО ШУМОРО ВА ТАМОМИ БАРОДАРОНАТРО АЗ ДАСИСАҲОИ ДУШМАНОНИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ НИГОҲ БОН БОШАД

Muhlisu
Бехтарини бехтаринхои ахли уламои Точикистон ин хазрати Эшони Нуриддинчон мебошанд. Худованди мехрубон нигахбони ахлу байти бобои Эшон бошанд!

Фируз
Мухидин Кабири махкум кард ин мучохидора 2руз пас боз карикатура баромад аз нав бо чи мегуфта бошад????

Хуш ба холтон Бобои Эшон..,
Дифогари исломен шумо...
Хар хучуме ки ба Ислом мешавад аз Точикистон танхо садои хонаводаи исломиву имонии шумоен шунида мешавад...
Бе шак Шумоен пешвои моен....

Манир
Аллах нигохбон вориси паёмбар с.а.с

Билол
Чаро саид мукаррам махкум намекунад?

Хайрон
Ман, амали террористхо ва рафтори карикатуристхоро сахт махкум менамоям. Гизора аз хисоби наску нахуд як бало мекунам, аммо ягон либосхои истехсоли ватани надорам, ман чи кунам.

Мухлис
ХУДОЧОН нигахахат драб Бобочонам! Аз хама хохиш ки ба гуфтахои Бобои Эшончон риоя кунанд

Рахмати Аллох ва шафоати Расулуллох насиби Шумо бод ай дустони Худо

Бобои Эшон, бехтараш аз чавонон даъват мекардед, ки дар баробари кишвархое, ки мукаддасоти дини Исломро тахкир мекунанд, бештару бештар ба илмомузи машгул шаванд ва бо илм, дониши дини ва дунявии худ бартарии худро бар инхо нишон диханд. Афсус, агар имруз нафаре бемори вазнин шавад ва илочи табобаташ дар ин кишвархо бошад, пайвандонаш агар маблаг дошта бошанд уро барои табобат ба он чо мебаранд, барои он ки илми мо то зинаи онхо нарасидааст. Бехтараш мегуфтед, ки бо хар рохи ки бошад чавондухтарон хам хонанд, то фардо фарзанди гулом тарбия накунанд.

мухочир
Худованд нигахбони бобои Эшон бошад.

Коргар
Цитата: Хайрон
Чаро саид мукаррам махкум намекунад?

Барои он ки сардораш ичозат намедихад. У дар хизмати хочагонаш аст на дар хизмати Аллох.

Мусулмон
Хайрон,
бародар либос аз туркияхам мепояд

Хайрони
Мусулмон, бисёр мехостм, ки ТЕХНОЛОГИЯ ва тарики интиколаш махсули ТАФАККУРи Туркхо, хубтараш аз худи Точикон бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)