Бахшҳо

Бознашри карикатураҳои пайғомбари Ислом бо нишони “ҳамраъйӣ” дар нашрияҳои Ғарб

Баъзе аз расонаҳои кишварҳои Ғарб тасвирҳои тавҳиномези Муҳаммад (с), паёмбари беш аз 1,5 миллиард пайравони дини мубини Исломро омили эҳтимолии ҳамла ба дафтари маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo” дониста, онҳоро бознашр кардаанд. Ин аксҳои тавҳиномези Муҳаммад (с) дар расонаҳои амрикоии “Business Insider” ва “Huffington Post” бознашр шуда, нашрияи “Daily Beast” низ беш аз 16 карикатураи басҳбарангези паёмбари Исломро чоп кардааст, ки моҳи ноябри соли 2011 маҷаллаи “Charlie Hebdo” нашр карда буд.

Ной Шахтман, сармуҳаррири “Daily Beast” омили бознашр шудани карикатураҳои Муҳаммад (с) дар нашрияи худро рамзи ҳамраъйӣ бо ҳамтоёни фаронсавиаш аз маҷаллаи “Charlie Hebdo” дониста, мегӯяд, “дар мавриди бознашри ин тасвирҳои тавҳиномез ҳатто дудила нашудам.” Инчунин карикатураҳои мазкур дар баъзе нашрияҳои олмонӣ, аз ҷумла рӯзномаи “B.Z.”-и Берлин ба табъ расидааст. Нашрияи “Berlingske” низ ин карикатураҳоро нашр карда, аммо муҳарриронаш гуфтаанд, ин нишонаи ҳамраъйӣ нест, балки ҳадаф аз бознашри ин тасвирҳои тавҳиномез, ки миёнашон акси Муҳаммад (с), ҳазрати Исо ва Адолф Гитлеру Франсуа Олланд низ ҳаст, намоиши чигунаии маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo” мебошад. Дар ҳамин ҳол баъзе аз шабакаҳои телевизионию расона ва нашрияҳои дигар, аз ҷумла NBC, CNN, ABC , CBS ва New York Daily News аз нашри ин карикатураҳо худдорӣ кардаанд. Масъулини New York Daily News мегӯянд, онҳо ин тасмимро ба хотири таҳқир нашудани эътиқоди динии пайравони Ислом гирифтаанд.

Дафтари кории маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo”, ки ҳанӯз 4 соли қабл, моҳи ноябри соли 2011 карикатураҳои Муҳаммад (с)-ро нашр карда буд, зуҳри 7 январ мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифт. Дар ин ҳамла 12 нафар, аз ҷумла, Стефан Шарбоне, сармуҳаррири маҷалла ва Бернар Верлак, Жан Кабу ва Жорж Волински, ки ҳамчун рассом кор мекарданд, кушта шуданд ва аксари расонаҳои ғарбӣ ҳоло далели эҳтимолии ин ҳамлаи хунинро нашри 4 сол қабли ин карикатураҳо эълон доранд. Аз сӯи дигар, “ҳамраъйӣ” расонаҳои ғарбӣ ва бознашри бесобиқаи карикатураҳои паёмбари беш аз 1,5 миллиард мусулмони ҷаҳон дар ҳолест, ки ахиран дар як қатор аз шаҳрҳои Олмон, аз ҷумла Дрезден, Берлин, Мюнстер, Гамбург ва Штутгарт сокинон ҳаводори ҷиноҳи ростгаро бо нишони эътироз аз “Исломишавии Ғарб” ба кӯчаҳо баромаданд.

Онҳо бо сар додани шиорҳои зидди исломишавии Ғарб, хостори шадидтар кардани қавонини марбут ба муҳоҷират ва паноҳандагӣ шудаанд. Ба иттилои манбаъ, бо чунин дархост дар шаҳри низ сокинон роҳпаймоӣ кардаанд. Дар пайи ин тазоҳуротҳои зидди исломӣ Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия кишварҳои аврупоиро ба мубориза алайҳи исломҳаросӣ даъват карда, аз онҳо хост, ба тазоҳуроти зидди исломӣ дар қаламравҳои худ хотима бахшанд. Эрдуғон гуфт, “кишварҳои аврупоӣ бояд ба ҷои дарси демократӣ гуфтан ба Туркия ба мушкили ҷиддии худ расидагӣ кунанд, ки ҳоло бо он рӯбарӯянд”. Ба гуфтаи раисҷумҳури Туркия, исломмофобия таҳдиди ҷиддӣ ва бузурге барои кишварҳои Аврупо хоҳад буд: “Агар ин мушкил ҳалли худро наёфт, агар раҳбарони популизми аврупоӣ ба гарав гирифта шуданд, он замон ҳатман дар руйхати арзишҳои аврупоӣ таҷдиди назар хоҳад шуд”.


Дар акс: сардабири маҷаллаи Charlie Hebdo дар сомонаи The Telegraph
Мӯҳр
Бандаи Худо
Худованд аввал ин, ки ингуна шахсонро хидоят кунад, то аз ин амалхои зишти худ даст кашанд

Муслим
Аллох чазои шуморо низ медихад!

Худованд чазои онхоро дод.Дар он дуньё низ интизораст.

асад
Бародарон инаст Гарбе, ки ба ном гирифтанаш академикхои мо коми худро ширин мекнан. Оё инаст демократия?! Инаст озодии динхо?! Бехтрин демократия дар таьрихи башарият дини мубини ислом барои мардум мухаё карда буд.

Ба ин дарси ибрат нашуд. дигар ин тахкирро ба мусалмон нарасонанд. Мо оилави ин ходисаро аз ахбори Русия дидем ва хеле хашмгин шудем, ки чаро мо мусалмонон пайгамбарони яхудону насронихоро тахкир намекунему онхо бошанд ба дили мо туф мекунанд.Худо занад ин аблахонро.

Озод
Ин аст демократияи гарби!Хамзамон хуб мешавад олами исломро бо чунин хифозаташ нисбати мукаддасоташ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)